Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тоҷикистон ҳайвонҳои нодирро саршуморӣ кардааст

Тоҷикистон ҳайвонҳои нодирро саршуморӣ кардааст

23-07-2021, 10:54
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ҳайвонҳои нодирро саршуморӣ кардааст
Дар Тоҷикистон ҳайвонҳои нодир ба ҳисоб гирифта шуданд, - гуфт дар нишасте бо рўзноманигорон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода.
Тибқи маълумоти ин кумита, ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 811 сар бузи пармашох, 434 гўсфанди бухорӣ ё холдор, 414 гўсфанди кўҳӣ, 156 паланги барфӣ ё шоҳпаланг, 560 хирси қаҳваранг ва қариб 2,1 ҳазор гурбаҳои зарди сурхранг (рысь), машҳур ба гурбаҳои туркистонӣ мавҷуданд.
Шерализода афзуд, ки барои шикори ҳайвоноти ваҳшӣ квотаҳо ҷудо шудаанд. Ҳамин тавр, 13 квота - барои бузи пармашох, 12 - барои гўсфанди бухороӣ, 105 - барои гўсфанди Марко Поло ва 10 - барои хирсҳои қаҳваранг.
Ҳамзамон, ў шарҳ дод, ки бинобар пандемияи коронавирус дар соли гузашта, ин квотаҳо пурра истифода нашудаанд.
Точикистон ҳамасола нархи шикори ҳайвоноти нодирро мувофиқи қурби пули миллӣ индексатсия мекунад. Аз ҷумла, шикори гўсфанди2 Марко Поло 55 ҳазор сомонӣ, бузи пармашох - 337,8 ҳазор сомонӣ, гўсфанди бухороӣ - 28,1 ҳазор сомонӣ, хирси қаҳваранг - 10,8 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Шерализода илова кард, ки дар нимаи аввали соли 2021 дар минтақаи Мурғоб як ҳолати шикори ғайриқонунии хирси қаҳваранг ба қайд гирифта шуда, нисбати шикорчиён чораҳои дахлдор андешида шуданд.
С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: