Парки миллии Вахон, паногоҳи паланги барфӣ2-10-2020, 15:06
Хабарро хонданд: 186 нафар
Назарҳо: 0
Дар яке аз минтақаҳои хушманзари Афғонистон барномаи ҳифозати паланги барфӣ роҳандозӣ намуданд, ки ин ҷонварро аз сарошеби маҳвшавӣ наҷот дод. Қаламрави ин палангҳои кӯҳҳои барфӣ чандин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро дар бар мегирад, аммо кушторашон тавассути шикорчиёне, ки дунболи пӯсти хол холи онҳо будаанд ва домдороне, ки мехостанд ҳайвоноти хонагии худро аз онҳо ҳифозат кунанд боис шуда буд то теъдоди ин ҳайвони беназар даҳсолааҳои охир коҳиш пайдо кунад. Аммо имрӯз чунин ба назар мерасад, ки иҷрои як барномаи ҳафтсола ва эҷоди як парки миллии ҷадид равнақи дубора ба зиндагии онҳо мебахшад. Шикорчиён бештар ба пусти хол холи ин палангон таваҷҷуҳ доранд. Дар гузорише, ки Асошейтед Пресс таҳия карда омадааст, ки ба тахмини донишмандоне, ки вазъи ин ҳайвонро пайгирӣ мекунанд, дар Парки миллии Вахон, ки чанд сол пеш дар майдони дар паҳное ба вусъати як миллион гектор бунёд шудааст, беш аз 140 паланги барфӣ зиндагӣ мекунад. Стефан Островский, мутахассиси Анҷумани ҳифозат аз ҳайвоноти ваҳшии Ню Йорк мегӯяд ин теъдоди паланг нишонаи вазъи муносиб ва пойдори онҳоҳост ва ишора мекунад, ки вазъи гунаҳои ҷонвари дигар мисли бузҳои кӯҳӣ ва мормути тиллоӣ, ғизои аслии палангҳои барфӣ ҳам хеле хуб аст. Таҳқиқоти олимон нишон медиҳад, ки теъдоди ин гурбасонҳо мумкин аст дар танҳо 44% қаламрави шинохташудаи ин ҳайвон беш аз 8000 сар бошад. Ба ҳамин хотир ин анҷуман ҳоло бар ин ақида аст, ки теъдоди палангҳои барфӣ дар кулли дунё эҳтимолан бештар аз 8500 сар тахмин зада шавад. Бунёди ҷаҳонии табиат ин ҳайвонро дар зумраи гунаҳои “дар маърази хатар” қарор додааст. “Дараи Вахон” дар нуқоти муртафеи силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш воқеъ шуда, бештари сол ба хотири бориши шадиди барф қобили дастрасӣ нест. Ин минтақа танҳо 30 километр то майдони ҷанги толибон, ки 15 сол инҷониб ғасб кардаанд фосила дорад ва марзҳояш бо Тоҷикистон, Покистон ва Чин маъмулан баста аст. Таъмини буҷа ва назарот ба тамоми фаъолиятҳои Анҷумани ҳифозат аз ҳайвоноти ваҳшии Ню Йорк дар Вахон ба уҳдаи Барномаи рушди СММ аст. Қарор аст дар ду соли оянда 3 милион доллар ба пуружаи палангҳои барфӣ ихтисос дода шавад. Одатан теъдоди палангони барфӣ аз тариқи аксбардорӣ ва ба навор гирифтан муайян карда мешаванд, ки ин таҷриба дар Тоҷикистон низ истифода мешавад. Муҳақиқони табиатшинос ба гардани палангҳои барфии боздоштшуда инчунин ҶПС насб мекунанд, ки масири рафтуомади онҳоро таҳти назорат қарор диҳанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳамчунин барномаи густурдае, ки ба ҳифзи ҳайвоноти нодир нигаронида шудааст, бояд дар Тоҷикистон низ иҷро шавад. Алҳол ҳифзи палангҳои барфӣ аз тариқи Барномаҳои лоиҳаҳои хурди Хазинаи Глобалии Экологии СММ (ГЭФ) роҳандозӣ мешавад, ки ҷиҳати ҳифз ва афзоиши ин ҳайвоноти нодир кофӣ нест. Майсара Қурбонова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.