Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУҲИТИ ЗИСТИ ОЗОДАПАЛАНГ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТ

МУҲИТИ ЗИСТИ ОЗОДАПАЛАНГ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТ

20-06-2020, 14:36
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
МУҲИТИ ЗИСТИ ОЗОДАПАЛАНГ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТ
Солҳои охир масъалаи ҳифзи озодапаланг дар Тоҷикистон, пайваста мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи табиати кишвар қарор мегирад. Тоҷикистон дар ин замина ташаббускори қабули баёнияи Бишкек оид ба ҳифзи озодапаланг (с.2012) ва узви Барномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи он аст.
Дар кишвари мо масъалаи ҳифзи ин ҳайвони нодир ба таври хеле фаъол дар сатҳи байналмилалӣ ҳаллу фасл мешавад. Дар ҷумҳурӣ барномаи «Ҳифозат ва истифодаи пойдор аз экосистемаи Помиру Олой ва Тян-Шон ҷиҳати нигаҳдории паланги барфӣ ва маишати пойдори ин ҷомеа» татбиқ мешавад, ки мустақиман амалишавии тадбирҳои муассирро дар доираи ҳифз ва афзоиши ин ҳайвоноти нодир, дастгирӣ менамояд.
Ташкилоту созмонҳои зиёд дар роҳандозии Барномаи глобалии ҳифз ва афзоиши озодапаланг фаъолона ширкат меварзанд, вале барои ноил шудан ба нишондодҳои назаррас дар ҳифзи ин ҳайвони нодир, иштироки ҳар як шаҳрванд муҳим аст.
Мутаассифона, тӯли бист соли охир, дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон таъсиррасонии афзоишёбандаи инсоншиносӣ (антропогенӣ) ба экосистемаи табиӣ ва гуногунии биологӣ ба назар мерасад. Ба чарогоҳи ҳайвоноти хонагӣ табдил додани муҳити табиӣ, истифодаи замини доманакӯҳҳо барои кишт ва таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар онҳо, бунёди маҳаллаҳои аҳолинишин, кушодани роҳҳо ва хатти барқ, низоми табиатро халалдор месозад ва муҳити зисти ҳайвоноти нодирро танг мекунад.
Принсипҳои рушди инноватсионӣ тақозо менамояд, ки роҳандозии усулҳои илмии ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҳайвоноти нодир ба таври васеъ истифода бурда шавад. Дар ин замина, дар доираи лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонаӣ» бо унвони «Ташаккули афкори умум дар бахши ВАО оид ба мушкилоти ҳифзи паланги барфӣ, ҳамчун сарвати табиии кишвар» бо дастгирии Барномаи грантҳои хурди Хазинаи Ҷаҳонии (глобалии) Экологии назди СММ, дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ба хотири таҳқиқи муносибати аҳолии маҳаллӣ бо озодапаланг, низои байни инсон ва ин ҳайвони нодир, инчунин, шикори ѓайриқонунии он тадқиқоти иҷтимоии журналистӣ анҷом дод. Ҳангоми ҷамъоварии маълумот оид ба афзоиш ва ҳифзи озодапаланг назару андешаи мардуми маҳал- пирони рӯзгордида, шикорчиён, хонандагони мактабҳо, нозирон, ки бо муҳити зисти озодапаланг дар мамнуъгоҳи Дашти-Ҷум алоқамандӣ доранд, ба инобат гирифта шуд.
Майсара Қурбонова


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: