Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОКИНОН ПАЛАНГИ БАРФИРО «АВФ» МЕКУНАНД, АММО…

СОКИНОН ПАЛАНГИ БАРФИРО «АВФ» МЕКУНАНД, АММО…

6-12-2019, 16:19
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
СОКИНОН ПАЛАНГИ БАРФИРО «АВФ» МЕКУНАНД, АММО…
Водии Бартанг яке аз водиҳои дар зимистон хунук ва сербарфи ВМКБ ба шумор меравад. Деҳаҳое, ки дар болооби дарёи Бартанг қарор доранд, ба маротиб хунуктар аз деҳаҳои поёнӣ мебошанд, ки ҳатто фаро расидани баҳор дар онҳо дер ба мушоҳида мерасад. Тӯлонӣ будани фасли зимистон дар ин митақа сокинонро та танҳо ба мушкилиҳои сӯзишвориву гармидиҳӣ рӯ ба рӯ мекунад, балки ҳуҷуми ҳайвоноти ваҳши ба оғилҳову ҳайвоноти хонагии гирду атрофашон монанди гург, паланг, шағол, рӯбоҳ ва ҳатто паланги Барфӣ, ки дар байни мардум бештар ба номи «Снежный Барс» маълум аст, зиёд мегардад.
Чуноне ки маълум аст паланги Барфӣ ё Озодпаланг аз ҳайвоноти ваҳшие ба шумор меравад, ки ҳамеша дар минтақаҳои хунук, хосатан ҷойҳои сербарф зиндагӣ мекунад. Ин аст, ки дар деҳаҳои води Бартанг ҳам чанд тан аз онҳо ба сар мебаранд ва ҳангоми фаро расидани сармо ва боридани барф аз кӯҳҳо ба деҳаҳо фаромада, ба оғилҳо ва ҳайвоноти хонагии гирду атроф ҳуҷум мекунанд. Ҳуҷуми паланги Барфӣ ба ҳайвоноти хонагӣ дар деҳаҳо гоҳ-гоҳ бошад ҳам, аммо ба сокинон хисороти зиёди молӣ меорад.
Ба гуфтаи сокинони водӣ паланги Барфӣ одатан ҳангоми фаромадани туман пайдо мешавад. Онҳо мегӯянд, ки солҳои пеш теъдоди ин љонвар хеле зиёд буд ва дар зимистон қариб ҳар рӯз ҳайвоноти хонагиро шикор мекард, ҳоло бошад ба назар чунин мерасад, ки шумораи онҳо хеле кам шудааст.
Чанде беш сокинони деҳаи Разуҷи води Бартанг аз ҳуҷуми паланги Барфӣ ба оғилҳояшон хабар доданд. Дар натиҷа қариб 12 сар ҳайвони хонагии майда талаф ёфтааст. Сокинон аз ҳуҷуми ногаҳонии паланги Барфӣ ба таҳалука афтида бошанд ҳам, аммо чолокиро аз даст надода, онро дастгир карда, дар симтур меандозанд. Ҳарчанд дар натиҷаи ин ҳамла ба буҷаи мардуми деҳа зарарӣ моддӣ расид, вале сокинон озодпалангро ба истилоҳ «авф» намуда, озод мекунанд. Аммо ин «авф» сокинони Бартанг паланги Барфиро аз ҳуҷум ба оғилҳо боз надошт. Чунин ба назар мерасад, ки он аз хӯрдану талаф додани ҳайвоноти хонагӣ дастбардор нест. Баъд аз ҳодисаи дар деҳаи Разуҷ рухдода, паланги барфи чанд вақт ғайб мезананд, аммо чуноне ки омӯзгори деҳаи Даржомч Анвар Пӯлодов дар тамос бо мо гуфт: «Баъд аз ҳуҷум ба оғилхонаҳои деҳаи Разуҷ Озодпаланг чанд муддате нопадид гашт. Лекин ин нопадидгаштани ӯ нақшаҳое дар пай доштааст. Ба наздикӣ он боз ба оғилҳои сокинони деҳаи Даржомч ҳуҷум овард ва тақрибан 30-35- сар молро хӯрд. Мо ба хотири он ки ҳайвони нодир асту кам мондааст онро «мебахшем» ва боз ба дарраҳо бурда сар медиҳем» -мегӯяд ин омӯзгор. Ду сол пеш ҳодисаи ба ин монанд дар деҳаи Рошорви водии Бартанг низ рух дода буд. Соҳибхоназан ҳангоми ворид шудан ба оғилхонааш озодпалангро мебинад ва аз тарс беҳуш шуда меғалтад. Истиқоматкунандагони деҳаи мазкур он замон низ ба озодпаланг зарраре нарасонда, онро ба ҳоли худаш гузоштанд, то ба манзилаш баргардад. Аммо ҳуҷуми озодпаланг ба деҳаҳо ва талаф додани бузу гусфандҳои сокинон дар зимистони тӯлонӣ ҳатман идома хоҳад ёфт. Гарчанде ки то ҳанӯз заррари расондани паланги Барфӣ ба худи одамон дар води Бартанг ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо он тавассути ҳуҷум ва хӯрдани ҳайвони хонагӣ ба сокинон хисороти молӣ расондааст.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки палангҳои Барфӣ аз нарасидани ғизои кофӣ маҷбур мешаванд, ки ба деҳаҳо ҳуҷум оваранд. Зеро коршиносон сабаби асасии фаромадани он ба митақаи аҳолинишин дар пайдо накардани ѓизо дар олами вуњуш медонанд, чун дар асл ин навъи ҳайвон дар баландии тақрибан 1500 то 5000 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ карда, ҷойҳои гармро намеписандад. Мувофиқи маълумоти «Барномаи ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи паланги Барфӣ ва экосистемаи он» дар кӯҳҳои Помир тақрибан 240 то 280 сар паланги Барфӣ мавҷуд аст.
Дар Тоҷикистон конфронсҳо, фестивалҳо ва нишастҳои зиёде бахшида ба омӯзиши мавҷудияти мушкилоти палангҳои Барфӣ ва ҳаллу фасли онҳо ташкил мешаванд. Вале чуноне ки ба мушоҳида мерасад, ҳанӯз тасмими ҷиддие дар ин бора гирифта нашудааст. Гарчанде ки мардум ба хотири нодир будани ҳайвони мазкур онҳоро чандин бор аст, «авф» мекунанд, вале тоқати онҳо ҳам ҳатман рӯзе ба поён хоҳад расид. Бархӯрд на танҳо миёни паланги Барфӣ ва инсонҳо оғоз гаштааст, балки дар ин раванд дигар ҳайвонҳои шохдор, ба мисли хушгов (қутос) низ, ки бо ин ҳайвон душмании сахт дорад, идома меёбад. Ҳарчанд инсонҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар чунин бархӯрдҳо оқилона амал кунанд, аммо ќутосњо дарки ин маъниро надоранд ва барои нест кардани паланги Барфї то охир мубориза мебаранд
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: