Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЛАНГИ БАРФӢ - ҲАЙВОНИ НОДИРИ КУРАИ ЗАМИН

ПАЛАНГИ БАРФӢ - ҲАЙВОНИ НОДИРИ КУРАИ ЗАМИН

19-11-2019, 13:48
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
ПАЛАНГИ БАРФӢ - ҲАЙВОНИ НОДИРИ КУРАИ ЗАМИНТабиати инсон чунин будааст, ки ба олами набототу ҳайвонот сахт дилбастагӣ дорад. Онҳо ҷузъи муҳити зиндаи мо ҳастанд ва бидуни онҳо инсон зиндагии хешро тасаввур карда наметавонад. Беҳуда нест, ки ҳар нафар мекушад, на танҳо дар бораи ҳайвоноти ромшудаи хонагӣ, балки дар бораи ҳайвоноти ваҳшӣ низ маълумот дошта бошад.
Дар қаламрави Тоҷикистон қариб бо ҳамаи ҳайвоноти нодир, ки дар Китоби Сурх ворид шудаанд, дучор омадан мумкин аст. Аз ҷумла паланги барфиро, ки шумораи он дар манотиқи баландкӯҳи мамлакат 350-400 сар тахмин зада мешавад. Албатта, сарнавишти ин ҳайвон бо вуҷуди ваҳшӣ буданаш, масъулияти масъулини соҳаро бетараф гузошта наметавонад. Ва дар навбати худ ҳар кадоми мо низ дар ҳифзу ҳимояи ҳамин гуна ҳайвону паррандаҳои нодир дар ҳолатҳои зарурӣ уҳдадор ҳастем.
Чунин буд муҳтавои семинар - тренинге, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд, дар толори бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонаӣ» бо сарпарастии Фонди глобалии экологии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва бо дастгирии иттилоотии нашрияи «Минбари халқ» таҳти унвони «Паланги барфӣ-сарвати миллии Тоҷикистон» баргузор намуд. Дар ҷамъомад намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят, аз ҷумла нашрияи «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ», Радиоҳои «Тироз», «Шаҳри ман», телевизионҳои «Азия», «Ҳафт ситора», телевизиони вилояти Суғд намояндагони марказҳои матбуотии кумитаи экологияи вилоят, Иттифоқҳои касаба, намоядагони ИҶ «Созандагони Ватан» ва дигарон ҳузур доштанд.
Номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов ҳангоми ифтитоҳи ҷамъомад, аз ҷумла зикр намуд, ки аъзои ҲХДТ дар баробари анҷоми бисёр амалҳои нек, аз қабили ободу зебо гардонидани мавзеъҳои гуногуни диёр, дастгирии камбизоатону ҳамдард шудан ба бечорагон, инчунин, бо баргузории чорабиниҳо аз мардум даъват мекунанд, ки дар ҳифзи олами набототу ҳайвонот низ бетараф набошанд. Мавсуф, ҳадафи ҷамъомадро шарҳ дода афзуд, ки мо бояд дар тарғиби ҳифзи ҳайвоноти нодир, аз ҷумла паланги барфӣ саҳм гузорем ва роҳ надиҳем, ки дар ин ё он минтақа камондоре онро нишон гирад.
Сипас, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ», номзади илмҳои филология Бахтиёр Ҳамдамов аз махсусиятҳои паланги барфӣ ёдовар шуда, гуфт, ки палангони барфӣ на танҳо як ҷузъи хеле нодири экосистемаи зиндаи кишваранд, балки яке аз ҳайвоноти нодири курраи Замин низ маҳсуб мешаванд. Ба таври комил тасаввур кардани зиндагии инсон бидуни ин гуна ҳайвоноте, ки теъдодашон хеле кам мондааст, ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз мансубият ба ташкилоту созмон ва ё идораҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи ин ҳайвони нодир, ки сарвати табиии Тоҷикистон маҳсуб мегардад, кӯшиш намоем. Мо бояд аз мафкураи худ андешаҳои шахшудаеро мисли ин, ки гӯё ҳайвонот танҳо барои шикор, ғизо, боркашӣ, посбонӣ ё дилхушӣ заруранд, дур андозем. Барои тафаккурсозии ҷомеъа дар ин замина, саҳми журналистон хеле бориз аст ва бояд аз ин нерӯ ҳадафмандона истифода бурд.
Аҳли нишаст дар ҷараёни машварат огоҳ шуданд, ки палангҳои барфӣ дар минтақаҳои сард ва кӯҳсори Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Русия, Ҳиндустону Хитой паҳн шудаанд. Дар Тоҷикистон бошад, дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, академияи илмҳо, Пётри Як, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшат, Музкӯл, Сарикӯл, Аличӯри ҷанубӣ, Вахон ва Олой ба назар мерасанд.
Палангҳои барфӣ одатан дар мавзеъҳои сард, хушк ва дар минтақаҳои сангӣ, монанди кӯҳ ва дараҳо зиндагӣ мекунанд. Ин гуна муҳит барои онҳо фурсати бештари пинҳоншавиро ҳангоми шикор фароҳам меорад. Ин гурбасонҳо ҳангоми тулӯъ ва ғуруби хуршед дар фаъолият ҳастанд ва ба ҳамин далел дидани онҳо кори чандон осон нахоҳад буд. Бар хилофи одати дигар гурбасонҳои бузург, мисли бабр ва паланг, палангҳои барфӣ ғуррос намезанад. Ин ҷонварони нодир одатан танҳо зиндагӣ ва шикор ва танҳо ҳангоми ҷуфтшавӣ якдигарро ҳамроҳӣ мекунанд.
Паланги барфии мода дар як сол ду то се насл ба дунё меоварад. Бачаҳои паланги барфӣ ҳангоми таваллуд пашми ғафс ва маҳин доранд. Палангбачаҳои барфӣ то се моҳ дар канори модар мемонанд ва усули шикор карданро меомӯзанд. Модапаланги барфӣ зимистони нахустинро низ бо бачаҳояш мегузаронад ва сипас, палангбачаҳо мустақилона зиндагӣ мекунанд.
Ҳозирини ҷамъомад пас аз тамошои ду филм дар бораи зиндагии паланги барфӣ, ки яке дар қаторкӯҳҳои Помир ва дигаре дар минтақаҳои сукунати ин ҷонвар дар мавзеи сарду куҳсори Федератсияи Русия ба навор гирифта шудааст, таассуроти нек бардошта, оид ба ин ҷонвари нодир маълумоти бештар гирифтанд.
Ҳангоми суҳбат масъулини чорабинӣ аз амали хуби мардуми як рустои водии Бартанги Бадахшон ёдовар шуданд. Мардум ин шоҳпалангро дастгир карданд ва бо вуҷуди он ки паланги барфӣ ба манзили онҳо ҳамла намуда, зиёда аз 40 сар молашонро нобуд кардааст, бе ягон дудилагӣ бо сабаби нодир буданаш онро дубора аз банд раҳо карданд.
Таъкид шуд, ки дигар аз хислати паланги барфӣ «шармгинӣ» аст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, вақте одамон онро дида фарёд мекунанд, «шармида» ва бо сари хам ба пасаш нигоҳ мекунад ва пас аз чанд лаҳза дубора сарашро бардошта, аз нав ба ҳаракат медарояд. Бо вуҷуди ҳайвони ваҳшӣ ва чусту чолок буданаш мушоҳида накардаанд, ки боре бесабаб ба инсон ҳамла карда бошад.
Дар охири чорабинӣ таъкид шуд, ки имрӯз паланги барфӣ бо шумори кам ҳам бошад, дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, идораҳои масъулро зарур аст, ки бо мақсади ҳифзи ин ҳайвони нодир, чораҳои зарурӣ андешанд. Муҳити зисти онро бо фаъолиятҳои инсонӣ танг насозанд. Вагарна бар асари беаҳамиятӣ паланги барфиро, мисли бабри тоҷикӣ, ки бебозгашт аз даст додем, танҳо аз қиссаву афсонаҳо меҷӯем. Яъне буд набуд як паланги барфӣ буд, ки дар минтақаҳои сарду баландкӯҳи Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва аз ҷабри одамизод наслаш ба нестӣ рафт…
Алӣ ҶӮРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: