Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вафодор, аммо бадном

Вафодор, аммо бадном

21-07-2021, 10:25
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
Вафодор, аммо бадном
Пешнависи ин мақола кайҳо омода буд. Пас аз он ки дар ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, ҷазо барои озору азияти ҳайвонот, аз ҷумла ҷонварони бесоҳибро сахт кард, онро бознигарӣ кардам. Ҳарчанд медонам, зиёд кардани ҷарима чораи ҳалкунанда нест, барои таѓйири муносибат ба ҷонварон мафкураи ҷомеаро мебояд дигар сохт.
Пеши бачаҳои ҳамсоя сагбачаи навзодеро дидам. Зебо, содаву беозор. Онро дўстдорӣ мекарданд. Гўё дунёи ҳамранге доштанд – беолоишу беѓубор.
Пас аз чанд рўз боз ҳамон ҷонварро дидам, бо гўшу думи бурида. Аммо ин бор маҳзуну тарсу. Бачаҳо ҳам дигар ба ў таваҷҷуҳе надоштанд.
Хун ба сарам зад. Бо нафрат ба оне, ки ин амалро нисбат ба саг кардааст, аз бачаҳо пурсидам: - Кӣ бурид? Бачаҳо ба писаре, ки калонсолтар буд, ишора карда, номашро ба забон оварданд. Аз он бача, ки боѓурур меистод, пурсидам: Барои чӣ?
Ва ҷавоб шунидам:
- Барои ҷангӣ ва гиранда шуданаш.
Аз ин ҷавоб нафратам зиёдтар шуд. На ба он сабаб, ки дар канори шаҳр ҳеҷ зарурате ба саги гиранда нест, балки аз он ки касе аз калонсолон дар ҳамон лаҳза натавонист, ин амалро маҳкум кунад ва пеши роҳашро бигирад.
Одати баъзеҳост, ки ба ҷонварону ҳайвонот нигоҳи бад доранд. Аз бечорагиву ноилоҷиашон истифода карда, зарарашонро мерасонанд. Саг ҳам бо вуҷуди бо мурури вақт ба дўсту хидматгори одам табдил ёфтан, боз ҳам ба назари аксар як ҳайвони бечораву нопок аст.
Дўст доштани ҷонварон нишонаи ахлоқ аст
«Бузургии ҳар миллат ва пешрафти ахлоқии онро метавон аз тарзи муносибаташ бо ҳайвонот қазоват кард, - гуфтааст Маҳатма Ганди (1869 - 1948), ки аз пешвоён ва идеологҳои ҳаракати истиқлолхоҳии Ҳинд аз Британияи Кабир буд. Гўё дар такмили ин суханон буд, ки Ҷон Брайт (1908 – 1995) журналист ва ходими сиёсии амрикоӣ гуфт: «Ман итминон дорам, бунёди бузургии доимии ҳар миллат танҳо ахлоқ буда метавонад». Аммо ахлоқи хуб фақат он нест, ки дар муносибат бо якдигар некбину некбаён бошем, балки муносибати мо бо ҷонварону ҳайвонот ҳам нишонаи баланди хушрафтории мост. Зеро он ҳам ҳар кадоме нақшу вазифаи худро дар табиат доранд, онҳоянд, ки зиндагии моро ба ранги дигар ҷилва медиҳанд.
Бисёриҳо дар бораи вафодории саг қиссаҳоеро шунидаанд ва ё худ шоҳиди рафтори омўзандаи ин ҳайвон барои инсонҳо ҳастанд. Ман яке аз тозатарин хабарҳоро ёдовар мешавам.
Саге бо номи Бончук шаш рўз назди беморхонае дар шаҳри Трабзони Туркия интизорӣ кашид, то соҳибаш берун ояд. Ҷамол Сентурк, як сокини ин шаҳрро дар яке аз рўзҳои сарди зимистони гузашта, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд. Сагаш аз паси мошин давида, то бемористон омад, аммо дарбон ба дарун роҳаш надод. Кормандони тиб чун диданд, ки саг интизори соҳибаш аст ва ба ҷое намеравад, аз аҳли оилаи Сентурк хостанд омада, онро бибаранд. Аммо каме баъдтар вай боз гурехта омада, назди беморхона қариб як ҳафта интизори соҳибаш монд. Тамоми ин муддат табибон ўро хўрок медоданд ва Сентурк ҳам бо вай аз тиреза муошират мекард.
Вале мардуми мо аз рўи одат ва анъанаҳое, ки дорем, нисбат ба саг назари паст доранд. Муносибати боэҳтиёту назарногирона ба ин ҳайвон на аз зеҳну фаҳми исломиамон, ки баъзеҳо гумон мекунанд, балки аз маърифати паст ва дуруст дарк накардани фармудаҳои ин дин бармеояд. Ба эътиқоди аксар, саг як ҳайвони палид аст. Аксарияти мутлақи мусалмонон бар ин ақидаанд, ки саг ҳайвони нопок буда, на танҳо оби даҳон, балки ҳатто мўяш ҳам бадтарин наҷас аст.
Ҳарчанд доир ба ин мавзўъ таҳлилҳое аз сўи исломшиносон шудааст, аммо муҳтавою хулосаи онҳо аз назари ом дур мемонад.
Дар Қуръон мафҳуми саг танҳо се бор зикр шудаааст, вале ба назари мо, чизи муҳим ин аст, ки дар ду маврид ба саг ҳамчун ҳамсафари бовафо ва фоидаовар баҳо дода мешваад.
Дар сураи Аъроф худованд мегўяд, шахсе, ки ҳақиқати илоҳӣ ва каломи паёмбарро қабул надорад, асири моли заминӣ мешавад ва "мисли саг" аст, ки ба ҳама хоҳишҳои ибтидоӣ ва пуче пайравӣ мекунад.
Ин ягона зикри манфӣ нисбат ба ин ҳайвон аст, аммо аз тарафи дигар, ин сухан нисбат на ба ҳамаи сагҳост ва танҳо як муқоисаи нисбӣ мебошад. Дуруст аст, ки ҳатто аз содиқтарин саг ҳам мо ҳеҷ гоҳ сатҳи огоҳӣ ва шуури шабеҳи инсонро наметавонем интизор бошем.
Дар бораи манфиатҳои амалии саг барои одамон Қуръон посухи қатъӣ медиҳад: сагҳоро омўзонидан ҷоиз буда, ҳатто истеъмоли сайди онҳо иҷозат дода мешавад.
Ин маъно бевосита дар сураи «Ал-Моида» (5: 4) омадааст – «даррандаҳоеро, ба намунаи сагҳо аз он чизе, ки Худо ба шумо омўхтааст, таълим диҳед, то барои шумо сайд кунанд, бихўред ва номи Худоро бар он ёд кунед». Яъне ба инсони баимон иҷозат шудааст, ки аз маҳсули шикори ин ҳайвони нопок бихўрад.
Саввумин ёдоварии қуръонии номи саг дар сураи маъруфи "Асҳаб- ал-Каҳаф" (сокинони ѓорҳо) аст. Он дар бораи ҷавононе, ки ҳангоми зулми динӣ аз зодгоҳашон гурехта, дар ѓор пинҳон шуда, дар давоми 309 сол дар хоби Худованд ѓарқ шудаанд, нақл мекунад. Якҷоя бо онҳо саге буд, ки хоби онҳоро муҳофизат мекард ва канори даромадгоҳи ѓор мехобид.
Бисёре аз тафсиргарон бар ин андешаанд, ки пояи бардошту муносибати манфӣ нисбат ба саг, на аз Қуръон бармеояд, балки эҳтимолан ба тафсири ҳадисҳое аз суннат ва ривоятҳо дар бораи зиндагии паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад рабт мегирад.
Дар ҳақиқат, чанд ҳадиси боэътимод вуҷуд дорад, ки дар онҳо куштани саг ва махсусан сагҳои сиёҳранг амр шудааст.
Дар "Саҳеҳи Муслим", дуввумин маҷмўаи боэътимоди ҳадисҳо, вақте пурсида шуд, ки чаро танҳо саги сиёҳ сазовори марг аст ва гўем, на сурх, чунин тавзеҳ аст: "Ман аз Расули Худо (с) дар ин бора пурсидам ва ў ҷавоб дод: саги сиёҳ шайтон аст." Аммо ба ин савол, ки «чаро шайтон шакли сиёҳро ба худ мегирад, на ранги баъзе сагҳои дигарро, ҳадисҳо ҷавоби дақиқ надодаанд.
Дар таҳлилҳое, ки дар ин маврид коршиносон доранд, андешаҳои саҳеҳтар, фаҳмотар ва бештар амалӣ ҳастанд. Аз ҷумла, куштани саг танҳо дар сурате пешбинӣ шудааст, ки агар он ба мардум таҳдид кунад. Маъруфтарин намунаи ин тафсир ҳадисест аз маҷмўаи донишманди ислом Муҳаммад ал-Бухорӣ: "Панҷ (зараррасонҳо) мавҷуданд, ки куштан (ҳатто), агар шахс дар эҳром бошад, иҷозат дода мешавад: мор, каждум, каргас (боша), каламуш ва саги бераҳм (газанда, девона)".
Дар мавриди ифлосии сагҳо, тарафдорон одатан ба ақидаи се олими машҳур - Абўдовуд, ан-Насоӣ ва Ибни Ҳиббон, ки ҳар кадоме ба нақл аз пайѓамбар ёдовар шуданд, ки фариштагон ба хонае дар он тасвире вуҷуд дорад ё саге бошад, ворид намешаванд. Ва аъмоли неки шахсе, ки дар хонааш саг нигоҳ медорад, ба ҷуз чўпонӣ ва шикорӣ ду карат кам мешавад.

Ислом сагро маҳкум намекунад

Маъруфтарин ҳадиси Муҳаммад ал-Бухорӣ аст, ки дар он ба нақл аз саҳоба Абуҳурайра омадааст: «Марде дар роҳи биёбон ҳамерафт ва ташна шуд, чоҳи обе пеш омад ва чун чизе ба даст надошт ба он даромад то об хўрад. Вақте ки берун омад, назди чоҳ сагеро дид, ки забонашро бароварда, аз ташнагӣ хоки тарро мелесид. Дарк кард, ки сагро ҳам ташнагӣ азоб медиҳад, чуноне ки ўро азоб медод. Дубора ба чоҳ рафт кафши худро аз об пур карда, онро бо дандонҳояш гирифта, боло баромад ва ба саг нўшонид ва Худо барои чунин меҳрубонӣ арҷ гузошт ва гуноҳҳояшро бахшид».
Шунавандагони ин қисса аз паёмбар пурсиданд: "Эй Расули Худо (с) магар мо барои (нигоҳубини) ҳайвонот подоше дорем?" Вай ба онҳо ҷавоб дод: "Ба ҳар амал нисбати мавҷудоти зинда мукофоте ҳаст".
Баъзе аз андешамандон дар навиштаҳои худ ба китоби донишманди машҳури асримиёнагӣ Ан-Нававӣ "Равзат ат-толибин" ишора мекунанд, ки дар он омадааст: агар шахс саги гурусна (агар девона ва хатарнок набошад) ва гўсфанде дошта бошад, пас ў ин масъулиятро дорад, ки онро бо мақсади сер кардани саг забҳ кунад.
Ҳамин манбаъ хабар медиҳад, пайѓамбар куштори ҳар махлуқи зиндаро низ бесабаб манъ кардааст: «Касе, ки ҳатто як гунҷишк ё ҳар ҷонзоди дигарро, ки ҳақи куштанашро надорад, агар мекушад, албатта дар рўзи қиёмат аз ҷониби Худо дар мавриди ин амалаш пурсида мешавад».
Яъне, дилсўзӣ ба ҳайвонот, ҳатто нисбат ба ҳамонҳое, ки гўё "нопок" ҳисобида мешаванд, вазифаи ҳар одам, аз ҷумла мусалмони парҳезгор аст. Албатта, нукоти зиёде дар мавриди назофату тозагӣ низ ҳаст, ки дар давраи эпидемияи коронавирус риояаашро бисёре аз намояндагони қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун бар зарураташ таъкид карданд. Масалан, дар ҳадисе омадааст, ки агар саг аз косаи одамон об бинўшад, он зарфро бояд ҳафт бор шуст. Аммо, азбаски дар низоми арзишҳои исломӣ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, бешубҳа, афзалтар аз ҳаёти як саг дониста мешавад, назарҳо ҳам дар ин маврид аз он чӣ ки дар миёни пайравони динҳои дигар паҳн шудааст,фарқ мекунад.
Ҳамин мисоли ҳафт бор шустани зарфе, ки аз он саг об хўрда бошад, шояд ба рўзгори гузаштагони тоисломии мо рабт мегирад ва як меъёри паҳншудаи санитарӣ ё беҳдоштӣ будааст, ки баъдҳо тобиши эътиқодӣ гирифтааст (зеро он саг мумкин бемории ҳор (девонагӣ) дошта бошад ва дар сурати бепарвоӣ чандин касро метавонад сироят кунад). Дастур ё амри куштани саги сиёҳ ҳам мумкин аст, пеш аз ислом ё ба замонҳои аввали ислом вобаста аст ва нисбат ба зоти сагҳои хашмгину хафгир, ба намунаи шаѓолу ҳайвоноти дигари ваҳшӣ, ки аз хешовандони хатарноки қабилаи сагҳоянд, алоқаманд бошад.
Таъкиди пешвоҳои исломӣ ба парҳез аз нигоҳдории саг дар хона ва дар муҳити зиндагӣ ва наҳй аз наздик шудан ба он, бешак ба он далел ҳам ҳаст, ки он метавонад омили оварандаи микроб, вирусу дигар бадиҳо бошад. Риояи тозагӣ ва беҳдошти худ, покии муҳити зиндагӣ ва бадану либос ва зарфҳое, ки истифода мекунем, асбоб ва воситаҳои хўрду хўрок дар фарҳангу одоби инсонӣ ва ҳамчунин, таълимоти динӣ ҷойгоҳи хос дорад. Дар баъзе аз фармудаҳои динӣ ва гуфтаҳои донишмандон бар ин нукта ишора мешавад, ки доштани саги омўзишдида, ки аз он мақсаднок, ба монанди нигаҳбонии ҳавлӣ, боѓу майдонҳои кишоварзӣ, корхонаҳо, манзил, галаи гўсфанду асп, барои шикор истифода мешавад, ҷоиз аст. Ба ин амалҳо солҳои ахир ҷустуҷўи маводи мухаддир, моддаҳои тарканда, силоҳ, амалиётҳои кофтукови инсонҳо аз зери вайронаҳо пас аз заминҷунбиҳо ва ҳангоми офатҳои табииро низ афзудаанд. Ба шарте, ки се нукта: тозагӣ, дурӣ аз маҳали хўрду хўрок ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя гардад. Баъзе аз пешвоёни исломӣ бо такя ба аҳкоми динӣ ва бо такя ба фармудаҳои Китоби осмонӣ истифодаи саг дар шикорро дуруст, хўрдани ҳайвоноте, ки тавассути саг сайд шудааст, ҳатто агар шароити одии забҳи шаръӣ дар он риоя нашуда бошад ҳам, мумкин дониста, нигаҳдории саг фақат барои саргармиву дилхушиҳоро манъ кардаанд.

Аммо таъкиди ислом ба худдорӣ аз нигоҳубини саг дар манзил, ҳазар аз бархурди меҳрубононаи инсон бо ин ҳайвон ҳамчун мавҷуди зинда ва бахше аз табиат, ба маънои манъи меҳру муҳаббат доштан ба он намебошад.
Ба ҳар сурат, бо гузашти ҳазорсолаҳо инсон фақат бо саг дўстӣ дорад ва боқӣ ҳайвоноти хешованди он ҳамеша барояш хатарзо ва душман будааст. То имрўз гургу шаѓол, ки низ аз ҳамин оилаи ваҳшиёнанд, ба одам зарар мерасонанд ва бо мурури замон ҳам дўсти одам нашудаанд.

Ҷои гурба болост

Баръакси саг ва бисёре аз ҳайвонҳои дигар, гурба дар ислом ҷойгоҳи боло ва бинобар ин, дар байни мусалмонон ҳам мақоми махсус дорад ва муносибат ба он гарм аст. .
Назди мардуми мусалмон гурба як ҳайвони азизу ноздона аст, ки ба бовари ман, албатта, ин ба вазифаву «рисолат»-е, ки ҷиҳати мубориза бо мўшҳоро дорад, вобаста мебошад. Ба ин далел, масалан, гурба ягона ҳайвонест, ки «иҷозатнома»-и вориди саҳни масҷид шуданро дорад.
Барои фаҳмидани он, ки далели чунин муносибати гарм чист, шояд донистани ин қиссаҳо мадад кунад.
Бинобар ривояте, ки дар осори ривоятӣ машҳур аст, пайѓамбар гурбаи маҳбубе дошт бо номи Муиза. Боре он бари доманаш дароз кашида, хобаш бурд. Чун паёмбар мехост аз ҷой бархезад, он гўшаи либосашро, ки Муиза хобида буд, бурид, то гурба нороҳат нашавад.
Маънои номи яке аз саҳобагони машҳур, ки пештар ҳам зикр кардем—Абуҳурайра "падари гурбаҳо" аст. Ба ў ҳангоми таваллуд номи миёни бутпарастон маъмул Абд-аш- Шамс - «ѓуломи офтоб»-ро дода буданд. Рўзе дар кўча гурбачае дар китфаш мерафт, пайѓамбар ўро дида, аз меҳрубониҳояш нисбат ба ин ҳайвон хушаш омад ва бо хушҳолӣ нидо баровард: «Ў падари гурбаҳост». Бино ба ривоят, ба Абуҳурайра ин ном аз ҳамон лаҳза мутааллиқ ва машҳур шуд.
Хулосаи мо ин аст, ки бо вуҷуди муносибати бадбинона ва ҳатто бонафрат ба сагҳо, дар ҷаҳони ислом мардум онро ҳамчун рафиқи вафодор мешиносанд ва дўст медоранд. Вале, он дўстест вафодор, вале бадномшуда.

Солеҳ ЮСУФОВ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: