БОҒ ҶОЙИ ТАФРЕҲУ ФАРОҒАТ АСТ НА ИШҚВАРЗИВУ ИБОДАТ27-09-2016, 16:06
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Инсонҳо бо фарҳанг, расму оин ва этиқоди худ аз ҳамдигар тафовут доранд. Пайравӣ ба дину оин ва иҷрои рукнҳои он низ барои ҳар дину мазҳаб фарз аст. Аслан, бар ҳеҷ як дин ё мазҳаб бояд бартарият дода нашавад, то василаи хушунату бадбинӣ ва ҷангу куштор нагардад. Ҳар як инсон дар зинаҳои маърифати илоҳӣ роҳеро ба худ интихоб ва ба ин роҳ ба парвардигори худ ибодат мекунад. Агар пайравӣ ба дину оини муайян ва ё ҳатто афкору андешаҳои атеистӣ барои ҷомеа ва давлат хатарнок набошад, бояд созмонҳои байналмилалӣ ва давлат аз ҳуқуқи эшон дифоъ кунад. Дини Ислом низ яке аз динҳоест, ки пайравони он дар тамоми ақсои олам ба таври густурда паҳн шудаанд. Дини мазкур низ аз рукнҳои махсус иборат буда, иҷрои онҳо барои пайравонаш фарз ва суннат мебошад. Намоз гузоштан низ яке аз фаризаҳои муҳим дар дини Ислом буда, беҳтарин воситаи тақвияти камолоти рӯҳии инсон ба шумор меравад. Мувофиқи гуфтор ва рафтори бузургони дин намоз бояд дар ҷое гузошта шавад, ки инсон тавонад ҳангоми хондани он хешро дар ҳоли наздик шудан бо Худо эҳсос намояд. Аммо… Боғи фарҳангӣ-фароғатии Рӯдакӣ бо зебоӣ ва ҷаззобияташ диққати на танҳо сокинони шаҳр, балки меҳмонони зиёди аз дуру наздик омадаро ба худ ҷалб кардааст. Ғайр аз ин боғ дар маркази шаҳр воқеъ аст ва ин боиси он гардидааст, ки мардум дар он ҷо аз субҳ то шом гаштугузор намоянд. Албатта, ин хусусияти шаҳр аст ва ҷойҳои тафреҳ ва дилхушии сокинон ва меҳмони он чунин боғҳо ба ҳисоб мераванд. Бо чанд тан аз дӯстон, ки дар хона нишаста, дилтанг шуда будем, тасмим гирифтем, ки ба сайругашти ин боғ равем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Мо дар мусофиркаши хатсайри 13 нишаста, тарафи боғ раҳсипор шудем. Соат тақрибан 4-и баъд аз чошт буд. Мо суҳбаткунон даруни боғ аз ҳавои тоза ва бӯи гулҳои рангоранги гирду атроф лаззат мебурдем. Дар тарафи дигари боғ, кӯдакон бо ҳам шӯхиву бозӣ карда бо садои баланд қиқиррос зада механдиданд. Чунин зебоии атроф, шӯхиву бозии кӯдакон, бо табассум қадам задании калонсолон касро ба ваҷд меовард. Дар ҳақиқат эҳсос мекунӣ, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳастӣ. Вале мутаассифона баъзе амалҳои «хуб»-у «бад»-е, ки анҷом додани онҳо дар чунин муҳит қобили қабул нест, низ ба мушоҳида мерасид. Мо шоҳиди як тазоди аҷибе шудем: гурӯҳе аз ҷавонон дар харакҳои боғ нишаста ишқварзӣ мекарданду теъдоди дигар дар васати онҳо намоз мегузоштанд… Дуруст аст, ки чашми ошиқ кӯр аст, вале «обидони намозгузор»-ро чӣ ҷин задааст, ки боғи истироҳату фароғатро, ки аслан ҷои дилхушӣ аст ҷои ибодат қарор додаанд? Наздикии намози аср буд. Дар як гӯшаи боғ,ки нафарони зиёде дар он ҷо гаштугузор доштанду машғули дамгирӣ буданд, як зане шурӯъ ба намоз хондан кард. Чанд қадам онсӯтар гузоштем, ки боз як нафари дигаре низ намози аср мехонд. Ҳамин тавр чанд касро ҳангоми намоз хондан дар боғи фарҳангӣ-фароғатии пойтахт дидем. Вале аҷибаш ин буд, ки ҳеҷ маълум нашуд, ки кадоме аз онҳо рӯ ба қибла намоз мехонданд. Ятояш тарафи шимол, дигараш ҷануб ҳеҷ кадоме аз онҳо тарафи офтобшинам сар ба замин фуруд наоварданд. Гӯё супориши махсусе гирифта буданду як амали рекломиеро анҷом медоданд, муҳимаш ин, ки дар маърази ом сар ба саҷда фуруд оранд… Қибла дар куҷост барои онҳо он қадар ҳам тафовут надошт. Аҷибаш ин ки мутобиқи фармудаи худи рӯҳониён, зани намозхон дар хона дур аз назари номаҳрамон бояд танҳо дар паси мард истода намоз хонад, на дар ҷои ҷамъиятие, ки пур аз мардони бегона ва ҳатто хориҷён аст. Бо нишон додани тамоми узви бадан хеставу нишаста, дар ҳоле, ки ҳама нигоҳ ба сӯи онҳо дӯхта буданд, намоз гузоштан чӣ маънӣ дорад? Ин амал на ба фарҳанги намозхонӣ дуруст меомад ва ин макон на он ҷойи тозаву хилват буд, ки дар он намоз бигузоранд. Бо чунин мушоҳидаҳо чанд лаҳзаро паси сар намудем, ки намози шом низ фаро расид. Иттифоқан, боз чашмам ба он зане, ки намози асрро дар боғ хонда буд, афтод. Ӯ рӯ ба тарафи Китобхонаи миллӣ карда, намоз хондан гирифт. Баъд аз тамом кардани намоз ба пешаш рафтам. Зан намехост ба саволҳоям ҷавоб гардонад танҳо ба саволи «Чаро дар чунин ҷойи серодам ва сермағал, ки ҳатто аз саросемагӣ нафаҳмидед қибла дар куҷост, намоз хондед?» чунин посух дод: « Замин замини худост, дар куҷое, ки мефорам намоз мехонам» ва дигар лаб фурӯ баст. Аҷабо, тамаркуз доштан ҳангоми намоз, рӯ ба қибла овардан ва барои занҳо аз ҳама муҳим дар ҷои поку хилват намоз гузоштан аз қисматҳои муҳими намозхонӣ аст. Пас чаро барои баъзеҳо муҳим набудааст? Ростӣ, нафаҳмидам ин намозхонӣ чӣ ҳадаферо пайгирӣ мекард? ШАҲР ПУР АЗ МАСҶИД АСТ, ВАЛЕ.. Дар шаҳри Душанбе чунон ки маълум аст, масҷидҳо дар ҳоли хидмат ба мардум ҳастанд. Чаро намозгузорон ба масҷид нарафта, дар чунин ҷойҳои фарҳангӣ- фароғатӣ намоз мехонанд. Ҳол он ки боғи фарҳангӣ-фароғатии пойтахт танҳо ба хотири дамгирӣ ва сайру гашти шаҳрвандон сохта шудааст. Агар шаҳрвандон дар чунин ҷойҳо машғул ба ибодат шаванд, дигар муҳтавои фароғатӣ будани чунин боғҳо коста хоҳад гашт. Дуруст аст, ки намоз хондан барои ҳар як фарди мусалмон ҷоиз аст, вале на дар даруни боғ. Агар чунин бошад, пас масҷидҳо ба чӣ кор меоянд? БУЗУРГОН ДАР СУКУТ ИБОДАТ МЕКАРДАНД Агар ба таърихи дини Ислом назар андозем ва рӯзгори бузургони онро варақ бизанем, намунаи нотакрор ва чеҳраи барҷастаи онҳо Пайғамбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) буд, ки ба хотири ибодати саҳеҳу комил ва розу ниёз бо худо шаҳри пурғавғои Мадинаро тарк мекард ва ба гӯшаи узлат, ғори Ҳиро мерафт, то тавонад дар он оромӣ ин фарзи муқаддасро ба анҷом расонад. Пайғамбар бо он ҳама рӯҳи қавӣ ва зеҳни мутамарказшуда дар роҳи Худо ҳамоно шаҳрро тарк мегуфт ва ҳеҷ гоҳ намехост дар вақти намоз ҳатто садои пашшае ӯро ноором созад. Ё ин ки машҳуртарин дӯстдорони Худо ва ҷӯяндагони Ҳақ аҳли тасаввуф буданд, ки ҳамвора бо ёди Худо рӯз мегузаронданд. Вале бо ин ҳамаи оне, ки ҳар як лаҳзаи онҳо бидуни ёд аз Ҳақ намегузашт онҳо барои дур нашудан аз он Хонақоҳҳо месохтанд, ҳатто либоси махсус доштанд, ки дар таърих бо номи «хирқа» машҳур аст. Ин либос аз пашми дурушти махсус тайёр карда мешуд ва сӯфиён онро дар бар мекарданд. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ гӯё ҳар боре, ки аз ин либос ба ҷисми онҳо ранҷ мерасонид, онҳо ба ёди Худо меафтоданд. Манзур аз ин далоил он аст, ки ҳеҷ гоҳ инсон, гарчанде ки зеҳни тамаркузшуда дошта бошад ҳам, наметавонад дар ҷое, ки пур аз шӯру ғавғо ва садоҳои гуногун бошад ба намозхонӣ пардозад. ИБОДАТ ДАР БОҒ ИБОДАТИ КОМИЛ НЕСТ Олимони равоншинос муайян кардаанд, ки инсонҳое, ки тамаркузияташон қавӣ аст наметавонад, тамоми диққаташонро ба як чиз зиёда аз як дақиқа равона созанд. Чи расад ба оне, ки дар байни ҷойҳои фарҳангӣ-фароғатӣ намоз хонанд. Ҳамин тавр намоз хондан низ ҷойе махсус ва фарҳанги махсуси худро дорад. Бахусус, барои занҳо дар чунин ҷойҳо дар ҳоле, ки чашми ҳамагон ба тарафи онҳо назора мекунад, намоз хондан боиси костагии фарҳанги на танҳо намозхонӣ, балки боиси тааҷҷуби ҳамаи онҳое, ки дар чунин ҷойҳои фароғатӣ машғул ба сайругашт ва дамгирӣ ҳастанд. Охир боғи Рӯдакӣ боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳаст, на боғи диниву мазҳабӣ. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.