Мақоми тавозуъ дар ислом9-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 507 нафар
Назарҳо: 0
Тавозуъ аз нуқтаи назари ислом, зинати одоб ва таровати инсонгарист. Ва ба ин мақом сазовор шудан бояд майлу хоҳиши ҳар як мусулмон ва инсон бошад. Тавозуъ ҳушунат ва таассубро аз байн мебарад. Ва ислом, ки аслан ба терроризм муносибати манфӣ дорад, таъкид мекунад, ки тавозуъ доруи муолиҷаи ҷамъият аз ҳамагуна хушунат аст. Терроризм, ки дар муқобили тавозуъ қарор мегирад, чунон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирнишон мекунад: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир мешавад.
Агар мақсади тавозуъ ба воситаи меҳру шафқат мустаҳкам кардани равобити байни мардум бошад, мақсади террорист ба воситаи эҷод кардани хавфу хатар ба мақсади нопок ноил шудан аст. Ислом аз ибтидои пайдо шуданаш ба воситаи тавозуъ мустаҳкам кардани риштаҳои ваҳдат ва ягонагӣ аст. Аввалин эъломияи дар Мадина қабулкардаи Ислом низ даъват мекард, ки бояд мусулмонон, яҳудиҳо ва дигар қавму қабилаҳои Мадина бо якдигар додугирифт карда, худашонро аз таҳдиди қувваҳои беруна якҷоя ҳимоя кунанд. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба низову нифоқи мазҳабӣ роҳ надиҳанд. Дар Қуръони азимушшанъ низ омадааст: «Ла икраҳа фиддин». Яъне динро ба зӯрӣ ба зиммаи касе бор кардан лозим нест. Аввалин иқдоми Пайғомбар дар Мадинаи мунаввара аз оштӣ додани ду қабила Аусу Хазраҷ шуруъ шуд. Ин ду қабила муддати тӯлонӣ бо якдигар хушунат доштанд ва агар бо ибораи имрӯза ифода кунем якдигарро террор мекарданд. Аз нуқтаи назари Мавлоно рисолати инсон ҳамчун халифаи Худо дар рӯи замин ин аст: Мо барои васл кардан омадем, Не барои фасл кардан омадем. Васл кардани башарият чунон, ки дар боло гуфтем, дар доираи тавозуъ сурат мегирад. Ва дар Қуръони азимушшанъ омадааст, ки: «Мо Пайғомбаронро аз байни худатон фиристодем». Ин чунин маъно дорад, ки мо Пайғомбаронро на аз малоик ва дигар махлуқ, балки аз байни худатон фиристодем, то бо шеваи шумо ва румузи шумо рафтор кунанд, ки ин як навъ тавозуъ ва меҳрубоние барои шумост. Пайғомбари мусулмонон Ҳазрати Муҳаммад (с) низ Пайғомбаре буд аз байни одамон ва зиндагии ӯ аз зиндагии дигар аъзои қабила фарқе надошт. Ислом ба тақсимшавии ҷамъият аз рӯи принсипи ғаниву фақир, ирқӣ, динӣ хотима дод. Пайғомбари акрам (с) дар муносибати ҳаррӯза бо мардум фурутан ва шикастанафс буд ва худашро аз дигарон боло намегузошт, зеро, дар Қуръони азимушшаън омадааст, ки: «Худои Таъоло худписандон ва худситоёнро дӯст намедорад». Пайғомбар Муҳаммад (с) ҳам бо Билоли ҳабаш ва ҳам ба сафедпӯстони араб якхела тавозуъ дошт ва эҳтиром мегузошт. Дар муносибати ӯ бо одамон тобиши маъмурӣ ва нахвати сарварӣ дида намешуд. Ба фикри мо ҳамин рӯҳия то андозае сабаби ғалабаи ислом шуд. Зеро, қувваи руҳониро бо шамшер мағлуб кардан мумкин нест. Ва бадиро бояд бо некӣ мағлуб кунӣ. Ҳамчунон, ки Ҳофиз мегӯяд: Дилро ба дил раҳест дар ин гумбади сипеҳр, Аз рӯи кина кинаву, аз рӯи меҳр меҳр. Дар ҳадисе омадааст, ки: «Боре сарварони қабилаи Хуррам назди Пайғомбар омаданд ва диданд, ки ӯ дар халқаи мискину бечорагон нишаста суҳбат дорад. Ин сарварон ба Пайғомбар муроҷиат карданд ва гуфтанд: «муттасил дар атрофат ин муфлисону бенавоён нузул фармуда барои мо имконият намедиҳанд, ки бо шумо суҳбат кунем. Бинобар ин ҳангоме, ки мо назди шумо меоем, бояд инҳоро аз назди худ дур кунед ва ё барои бо мо муошират кардан вақти дигареро муайян кунед. Лекин Пайғомбар ба ин эътирозҳо нигоҳ накарда, меҳрубонияшро бо бечорагон, мискинон ва дарвешон қатъ намекунад ва идома медиҳад. Дар бораи Ҳазрати Исо (а.с.) низ гуфта шудааст, ки ӯ низ ба ҳамин минвол дар халқаи муфлисон буд. Гердер дар асараш «Идеи к философии истории человечество» менависад, ки аввалин маҷлиси насрониҳоро душманони онҳо маҷлиси бенавоён номиданд. Муносибати озодонаи Исои Масеҳ ва Пайғомбари акрам Муҳаммад (с) як навъ ангезаи дар роҳи худшиносии инсонҳо ва эҳтиром гузоштани шарафи онҳо буд. Муносибати озодона ва хайрхоҳонаи Пайғомбари насрониҳо Исои масеҳ ва Пайғомбари мусулмонон Муҳаммад (с) шеваи озодманишие буд, ки шаъну шарафи инсонро барқарор карда, рӯҳияи ғуломиро аз байн мебурд. Шояд ҳамин рӯҳияи озодманишӣ дар таълимоти ислом ва рафтори Пайғомбари он мақбули атрофиён шуда бошад. Аз нуқтаи назари ислом ҳар касе, ки зиёну зарар ба шарафи инсон мерасонад худ ба эҳтиром сазовор нест. Аз нуқтаи назари ислом ҳар касе, ки зиёну зараре ба шарафи инсон меорад, сазовори маҳкум кардан ва маҳкум шудан аст. Масъалан боре саҳобаи маъруфе бо номи Абу Зарр ба Ҳазрати Билол чунин муроҷиат кард «Эй ҳабашзода». Барои Пайғомбар дар ин шакл муроҷиат кардани Абу Зарр маъкул наомад ва гуфт: «Эй Абу Зарр, ҳанӯз аз боқимондаҳои ҷоҳилия раҳо наёфтаӣ!» Муҳаммад (с) ба ҳама шаклҳои дискриминатсия ё иҷтимоӣ бошанд, ё конфессионалӣ, ё ахлоқӣ, ё сиёсӣ муқобил буданд. Дар зиндагии рӯзмарра ҳам, зиндагии Пайғомбар аз зиндагии дигар аъзоёни қабила тафовуте надошт. Агар аъзоёни қабила гурусна бошанд у ҳам гурусна буд. Агар аз сардӣ азият кашанд ӯ низ дар ин азият шарик буд. Бо иттилои яке аз Саҳобаҳои маъруф боре дид, ки Пайғомбари Худо нишаста намоз мегузорад. Ҳангоме, ки Пайғомбар (с) намозро ба поён расонд аз ӯ пурсид: «ё Расули Худо магар маризӣ?» гуфт «на, аз гуруснагӣ мадор надорам». Тамоми ҳаёти Пайғомбар (с) намунаи итоат ба гуфтаи Худо ва идеалҳои ислом буд. Ӯ аз пешвозгирии бодабдаба ваё гуселкунии бодабдаба, ки хоси подшоҳон, султонон ва сарварону императорон буд, дурӣ меҷуст ва ҳар боре, ки саҳобаҳо ба пешвози ӯ бармехостанд, худашро нороҳат ҳис карда мегуфт: «нахезед, ки ин одати аҷамиҳост». (Абу Довуд. Адаб, 152.) Фақат ба тавассути чунин хислатҳои инсонӣ ба монанди ҳимматбаландӣ, хоксорӣ, саховатмандӣ, таҳаммулпазирӣ ва монанди ин хислатҳо Пайғомбар (с) тавонист на танҳо қабилаҳои нимҷазираи араб, балки дигар қавму қабилаҳоро низ дар зери ливои ислом муттаҳид кунад. Муъҷизаи аз ҳама бузургтари Пайғомбар (с) ахлоқи ҳамидаи ӯ буд. Ва исломро тамоми мусулмонон ба воситаи идеалҳои неки ӯ, худ таҷассуми онҳо буд, қабул карданд. Ин хулосаро низ ҳарифони сиёсиаш ӯ ҳануз дар қайди ҳаёт будани Пайғомбар (с) эътироф карда буданд. Масалан Ираклий дар суҳбаташ бо Абу Суфён суоле дода, симои маънавии Пайғомбар (с) – ро муайян карданӣ мешавад. Ӯ аз Абу Суфён пурсид, ки тарафдорони Пайғомбар (с) ва пайравони ӯ киҳоянд? Сармоядорон ё бебизоатон? Абу Суфён дар ҷавоб гуфт: «аксарияти пайравони ӯ бебизоат ва мискину бечораанд». Саволи дигари Ираклий ба Абу Суфён ин буд, ки оё аз байни пайравони у то ҳол касе аз ӯ рӯй гардонидааст ё не? Абу Суфён дар ҷавоб гуфт: «алҳол на». Саволи дигари Ираклий ба Абу Суфён ин буд, ки оё сафи онҳо зиёд шуда истодааст ваё рӯ ба таназзул дорад? Абу Суфён дар ҷавоб гуфт: «рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд». Ираклий пурсид, ки оё Муҳаммад боре дурӯғ гуфтааст ё не? Абу Суфён дар ҷавоб гуфт: «касе аз мо онро ёд надорад». Яъне ӯ дурӯғ нагуфтааст. Баъд аз ин Ираклий ба хулосае меояд, ки ҳаракати мусулмонон дар зери роҳбарии Пайғомбар (с), ки дар тамоми умр дурӯғ нагуфтааст, мағлубнашавандааст. Пайғомбар (с) дар ҳар ҳарбу зарб низ ба риоя кардани одоб даъват мекард: 1. Лашкари ислом бояд ба талаву тороҷ машғул нашаванд. 2. Нисбат ба асирон ҷабру ситам ва шиканҷаро роҳ надиҳанд. 3. Занону атфолу солхӯрдагонро озор надиҳанд. 4. Боғҳо ва зироатҳоро ба харобот табдил надиҳанд. 5. Ҳайвонотро ба яғмо набарад ва накушанд. 6. Мардуме, ки дар ибодатхонаҳо ба ибодат машғуланд халал нарасонанд. Ислом оддитарин шиканҷа ва ҷабрро дар ҳаққи касе равобин нест. Ва ҳар кас, ки хуни як одамро резад, ҳамчунон аст, ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Ва агар як касро аз куштан наҷот дода бошад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошад. Дар ин маврид ҳадисеро дар баробари гуфтаи Қуръон далел меорем, ки аз муносибати Пайғомбар ба террор шаҳодат медиҳад. Боре лашкари ислом ба самте раҳсипар шуд ва шахсе аз пеш баромад ва ба лашкари ислом салом дод. Лекин сарлашкари ислом Ҷассома ба саломи ӯ ҷавоб надод ва он мискинро ба қатл расонид. Ин хабар ба гӯши Пайғомбари акрам расид. Ҷассомаро назди худ хонд ва гуфт: «Ё Ҷассом Худои таъоло барои ин гуноҳат туро намебахшад». Бо қавли Пайғомбари акрам ва хости Худо Ҷассом дар байни як хафта аз ин дунё даргузашт. Ҳангоме, ки ӯро ба хок супориданд, хок ӯро қабул накард ва берун андохт. Боз супориданд, қабул накард. Ва сеюмбора супориданд ба ҳамин минвол берун андохт. Ӯро дар ҳамин аҳвол гузоштанд ва назди Пайғомбари акрам баргаштанд ва гуфтанд: «Ё Расули Худо, ин чӣ ҳикмат аст, ки хок ҷисми Ҷассомро қабул намекунад? Пайғомбари акрам гуфт: «ин ҳикматест барои шумо, ки мабодо хуни касеро ба ноҳақ нарезед. Ин аз он гуноҳҳои кабирест, ки бахшидани нест ва на Худо ва на банда онро намебахшад»». Аз нуқтаи назари ислом ҳам дар байни шаҳрвандон нисбат ба якдигар ва ҳам дар байни ва давлатдорон муносибатҳо бояд дар асоси боварӣ сурат гиранд. Аз нуқтаи назари ислом шаҳрвандони ин ё он давлат набояд бе зарурият фақат аз рӯи мафкураи сиёсӣ аз қафои унсурҳои довталаб раванд. Пайғомбар (с), дар ин маврид даъват ба харҷ дода мегӯяд: «ман шуморо даъват мекунам аз Худо тарсед ва ҳатто агар Сарвари шумо ҳабаш бошад ҳам итоат ба ҷо оред». Дар аёми Пайғомбар (с) ва дигар Халифаҳои рошидин, Халифа интихоб мегардид ва ӯ иродаи ҳама аъзоёни қабиларо ифода мекард. Барои ҳамин ҳаргуна эътироз бар зидди халифа ҳамчун муқобилият ба афкори умум шуморида мешуд. Дар ислом 3 ҳуқуқ вуҷуд дорад. Ҳуқуқи мусулмонон ва Сарварони давлати исломӣ, интихобкунандагон ва интихобшавандагон риоя кардани принсипҳои давлатдориест, ки ба ҳамагуна балво хестан мамоният мерасонанд. Дар назди қонун ҳама қишрҳои ҷамъиятӣ баробар буда, ба вайрон кардани он бояд роҳ дода нашавад. Дар ин маврид ҳадисеро метавон далел овард: Зайд ибни Санон ҳикоя мекунад: «Пайғомбари Худо боре аз ман қарз гирифт. Дар он давра ман ҳанӯз ислом наоварда будам. Пеш аз муҳлат назди ӯ омадам ва баргардонидани қарзро талаб кардам. Ва бо ин қаноат накарда, суханҳои шикваомез гуфтам. Дар ҷавоби ситеза кардани ман Умар (р) ҷӯшид ва гуфт: «эй душмани Худо агар мо бо қабилаи шумо, яҳудиҳо созишнома намедоштем, ҳоло ҷазоятро медодам. Ҳангоме, ки бо Пайғомбари Худо сухан мекунӣ бояд одобро риоя кунӣ». Пайғомбари Худо ҷониби ман нигариста табассуми гарме кард ва ба Умар (р) гуфт: «Эй Умар баргардон он чиро ки ҳаққи ӯст ва барои бо ситеза роҳ додан бо ӯ 20 са илова кун». Аз ин ҳадис бармеояд, ки Пайғомбар (с) бо таҳқири нисбати ӯ мадороро пеша мекардааст. Пайғомбар (с) иҷозат намедод, ки касе шарафи касе дигарро сарфи назар аз ирқу оину мансубият ба дигар дин ва халқ поймол кунад. Аҳамияти чунин рафтор дар мустаҳкамшавии муносибати дигарон ва ислом аҳамияти хосае дошт. Дар ояти дигаре гуфта шудааст: «Албатта Оллоҳ ба ҳеҷ кас ва ба ҳеҷ чиз амалеро, ки анҷомаш барои ӯ мушкил аст бор намекунад». Боре саҳобае ба Пайғомбари Акрам муроҷиат карда эътироз мекунад, ки имом бисёр дуру дароз амру наҳӣ мекунад ва намозро тӯлонӣ анҷом медиҳад: «эй Пайғомбари Худо ман барои ин амали ӯ қариб аз ислом рӯйгардонданиям. Ин эътирозро Пайғомбари ба инобат гирифта ҳангоме, ки ба минбар баромад ба мусулмонон муроҷиат карда гуфт: «эй мардум, шумо муносибати диндоронро нисбат ба дин хунук накунед. Онҳое, ки аз шумо дар намоз имоми мекунанд аз мураккаб кардани намоз иҷтиноб кунед ва онро мураккаб насозед. Зеро дар байни намозгузорон маризон, солхӯрдагон ва дигар эҳтиёҷмандон вуҷуд доранд, ки бояд эҳтиёҷашонро саривақт анҷом диҳанд». Шахсияти Пайғомбар (с) на танҳо худро, балки атрофиёнашро низ дар рӯҳияи озодманишӣ тарбия мекард. Боре ба Алӣ (р) муроҷиат карда гуфт: «дар байни мардум бош ва яке аз мардум бош». Алӣ (р) ва дигар хулафои рошидин дар ин самту сӯй ба Пайғомбари акрам (с) пайравӣ мекарданд. Масалан ҳангоме, ки Алӣ (р) ба назди қозӣ ҳозир шуд, қозӣ аз ҷой бархоста ӯро ба нишастан даъват кард. Лекин Алӣ (р) ин таклифро қабул накард ва гуфт: «чаро ман нишинам ва мудаӣ рост истад?» Тавозуъ ва терроризм ҳамчун ду самти мухталиф яке барои сӯхтан ва дигаре барои сохтан хизмат мекунад. Яке хайр аст ва дигаре шарт аст. Аз нуқтаи назари ислом: «беҳтарин инсонҳо онҳое ҳастанд, ки ба мардум манфиат меоранд ва бадтарини онҳо касоне ҳастанд, ки барои мардум зарар меоранд». Нодир Одилов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.