Зард ранги Шайтон нест12-03-2019, 04:45
Хабарро хонданд: 411 нафар
Назарҳо: 0
Кулбаҳои манзиламонро пас аз андаке таъмир ранг бояд мезадем. Дар ҳамон рўзҳо буд, ки писарамро яке аз шиносҳояш кофта омад. Вале чун Хусрав дар сафар буд, майли нишастан накард ва аз рўйи ҳавлӣ хост баргашта биравад. Чун устобачаҳо машғули кор буданд, пурсид: - «Ремонт» доранд? Гуфтам: «Ҳа, корашон қариб тамом шуд, фақат ранг кардан монд. Ҷавон бо қираи чашм ба кори устоҳо нигаристу бо сароҳат афзуд: - Нағз. Фақат зард назананд, шуд. Дар Ислом дуруст нест, зард ранги шайтон аст. Ин сухан маро мабҳут кард, чунки бо маслиҳати аҳли байт дар андешаи интихоби ранги муносиб будему ҳамсарам мехост, ки яке аз хонаҳо зард бошад, аммо пешниҳоди ман ранги дигар буд. Он рўз ба сухани воқеан ғайриинтизори ҷавони 25-26 –сола, ки бори якумаш медидам, посух доданро лоиқ надонистам. Агарчӣ он ҳиси кунҷковиамро боло бурд. Мавзўи рангҳо яке аз фармудаҳои шигифтбарангезе аст, ки дар Қуръон матраҳ шудааст. Дар Китоби осмонӣ илова ба корбурди вожаҳои умумии марбут ба рангҳо аз қабили «лавн, алвон ва сабға» номи бархе рангҳо, монанди зард, сабз, обӣ, сурх( қирмиз) сафед ва сиёҳ низ зикр гардида, сафед ва берангӣ беҳтарин намо дониста шудааст. Аммо ҷойи ҳайрат ин буд, ки чаро идае бо истифода аз номи Ислом ба ин ё он ранг бартарӣ медиҳанд ва гоҳе донаму надонам якеро паст мезананд? Дар мавриди ранги зард ҳам ончи шунидам ба чунин як ҳолат вобаста мешуд ва баробари тааҷуб ман бовар доштам, ки ин иддао кадом ангезае дорад. Бо таваҷҷуҳ ба мавзўъ ва руҷўъ ба сарчашмаҳо воқеияти омўзандае бароям маълум шуд. Аз даврони Яҳудият ва пеш аз Ислом дар миёни масеҳиён ин одат маъмул буда, ки навзодро ғусли таъмид («крещение») мекарданд, оббозӣ медароварданд ва ҳини саршўйӣ адвиёти махсуе, ки ранги зард дошт, ба он об меандохтанд ва мегуфтанд: ин ғусл ба вижа бо ин ранги хос боиси покӣ (татҳир) – и навзод аз гуноҳи зотиаш мешавад, ки аз ҳазрати Одам ба ирс бурдааст». Агарчи гуфта намешавад, ки шояд ин адвияи бо ранги зард заъфарон ё чизе монанд ба зардчўба бошад, ки хосиятҳои табобатӣ доранд ва аз ҷумла устухонҳои баданро қувват мебахшанд ва мағзи сарро қавӣ месозанд. Он гуна, ки имрўз ҳам дар тибби мардумӣ аз маҳлули ин ду модда ҳангоми зарб хўрдани бадану мағзи сар ба тарзи омезиш додан бо зардии тухми мурғ ва қиёми зирк истифода мешавад ва маҳлули тайёршударо ба ҷойҳои дардманди бадан ва ё сар мемоланд (пургўйӣ нашавад, мо ҳам борҳо ин тарзи табобатро аз сўи калонсолони оила дар ҳолатҳои ногувор дида ва ба таъсири мусбаташ бовар ҳосил кардаем). Аммо одати бо мақсади табобат истифода аз адвиёт ва ба хусус гиёҳҳое бо ранги зард, ба шумули заъфарон (шафран) - у зардчўба (куркума), ки хосияти баланди табобатӣ доранд, нафақат дар миёни яҳудиён, балки дар зиндагии ҳиндуҳо, мисриён,чиниҳо ва мардуми ориёинажод ҳам дар гузашта як чизи маъмулӣ буд, ки намунаҳояшро на танҳо дар навиштаҳои таърихнигорону бостоншиносон, балки нишонаҳоеро дар рўзгори имрўзаи мо ва ин мардумон метавон пайдо кард. То ба имрўз Ҳинду Эрон дар баробари Чин аз кишварҳои асосии истеҳсолкунанда заъфарон – гаронтарин гиёҳи истеъмолӣ ва табобатӣ ҳастанд. Шояд бинобар донистани хосиятҳои заъфарону зардчўба буд, ки ин гиёҳҳо аз ибтидо дар миёни бисёре аз қавмҳо, аз ҷумла яҳудиён эътибор ва ҷойгоҳи махсус дошт. Агарчи бо гузашти замон ангезаи табиӣ ва табобатии онҳо хира гардид ва мардум фақат зардиашро медиданд, зеро акнун ин ранг дар қатори боварҳои диниву имонӣ ҷой гирифта буд. Бо пайдоиши Ислом ва нозил шудани Қуръон нигоҳи тозае ба Яҳудият шуд ва фармудаҳои қуръонӣ ба баъзе аз амалҳояшон, аз ҷумла иддаои фоидаҳои ғусли таъмид хати бутлон кашид. Ислом мефармояд : танҳо ранги Худойиро бипазиред, ки ҳамон ранги имон, тавҳиди холис ва Ислом аст. Манзур аз ранги Худованд, берангӣ буда, ки ранги тавҳид ва ихлос мебошад ва дар партави он ҳама рангҳои нажодӣ, хурофот, нифоқ ва ширк гум мешавад. Бо мурури замон ва шояд ба сабаби боло гирифтани хурофот нисбати рангҳо ҳам назарҳо гуногун шуд ва дониши арзишҳои табииву табобатии рангҳо ҳам маҳдуд гардид. Ҳол он ки инсон ночор аст, дар зиндагӣ рангеро бипазирад ва рўзгору атрофи худу наздиконашро рангин кунад. Ҳамон гуна ки Худованд ҳама чизро бо ранге офаридааст. Дар асл ҳамаи рангҳои табиат хубанд ва хосиятҳое доранд, одамро дам медиҳанд, осоишу фараҳ мебахшанд. Аммо муҳаққиқони мавзўъ бар ин ақидаанд, ки беҳтарин ранг он аст, ки арзон, чашмнавоз, босафо, бодавом ва зудёб бошад, Яъне дар ҳар макон ва ҳар замон ёфт шавад. Инсон ва рангҳо Ин бародар албатта намедонад, ки арзёбии тозаи рангҳо дар Донишгоҳҳои Луизианнаи Америка ва Бордаи Франсия нишон медиҳанд, ки ранги зард ҳолати хурсандӣ ва сурурро бозгў мекунад ва ин ҳамон матлабе аст, ки Қуръон понздаҳ аср пеш баён фармуд: «Зарди андаки моил ба пуррангӣ бинандаро ба нишот ва шодӣ мерасонад». Пажўҳишҳо собит кардаанд, ки ранги зард таҳриккунандаи фикр аст. Барои ислоҳи камбуди фикрӣ ва тарбияи рўҳӣ муассир буда, бархе ҳолатҳои асабониятро ором мекунад. Бо дарназардошти ин хосияташ он барои толорҳои хониш пешниҳод шудааст. Медонед, чаро занон (ва баъзе аз мардон ҳам) ба зару зевар бисёр майлу рағбат доранд? Чунки маҳсулоти тилоӣ, ки зард аст, дар баробари сарвату назаррас будан, инчунин гармкунандаи нигоҳҳо аст. Озмоишҳои равоншиносӣ исбот карда, ки зари зиёд доштан дар бадан хушҳолибахш аст. Чун дар гузашта подшоҳону амирон камарбанди тилоӣ бо худ доштанд, он ҳамзамон бо дар назди ом пурҳайбату солор ҷилва додананашон ба онҳо қувват мебахшид. Занҷираҳо ва ангуштариҳои тилоӣ, ки солҳои ахир барои мардон ҳам мўд шудааст, агар аз як сў барои намоиши дороиву сарваташон бошад, аз сўи дигар ба мақсади нерў гирифтанашон аст. Зард боиси афзоиши сўхту сози бадан ҳам ҳаст ва ба далели нури зиёде, ки мунъакис мекунад, чун аз бақияи рангҳо зудтар дида мешавад, барои ҷалби таваҷҷуҳ истифода мекунанд. Ранг ҳам табобат мекунад Чанде аз рангҳо, аз ҷумла зард хосияти дармонбахшӣ дорад. Дар китоби «Ал-қонун фи тиб»- и Буалӣ Сино омада, ки ранги зард илтиҳоб (ҳаяҷон) ва дардро коҳиш медиҳад. Дар рисолаҳои ҷиҳати таъсири рангҳо ба рафторҳои инсонҳо навишташуда, ба дармонӣ будани рангҳо, махсусан ба хосиятҳои зард таъкид гардидааст. Дар тиб аз нури зард барои таҳрики зеҳн истифода мешавад. Зард тавре пештар ҳам баён шуд, фазояндаи нерў аст. Зиндагӣ дар фазои зард инсонро фаъол мекунад. (Мисоли одӣ, ҳамзамон бо тулўи шуои зарди офтоб одамон бардам ва барои фаъолият дубора омода мешаванд). Дар беморхонаҳои равонӣ беморони аз ҳаракатмондаро таҳти нури зард қарор медиҳанд ва табобат мекунанд. Дар рафти пажўҳишҳои илмӣ ташхис шуда, ки зардии аз ҳад баланд озордиҳанда ва агар тағйирёбанда бошад, шодиофар аст. Аз сўйи дигар зард сабаби бехобӣ, ҳаяҷон ва изтироб ҳам ҳаст, чунки талотуми фикриро ба вуҷуд меорад. Зард гармтарин ранг дар тиф (спектр)- и офтоб дониста мешавад. Ранги тилоӣ омехтаи рангҳои норинҷӣ ва зард аст. Гармӣ ва дурахши зар бо ирфон, вуҷуди илоҳӣ ва қудсият пайванд дода мешавад. Дар гузашта қабои зард ва зарбофт пўшидани аъёну ашроф ва амиру ҳокимон ҳам беҳикмат набуд. Ҳамон гуна, ки тибқи анъана гунбадҳои ҳарам, масҷиду оромгоҳҳо ҳама зард, зарандуд ва тилокорӣ шуда, то ба имрўз ин анъана давом меёбад. Ин нафақат нишонаи ҳурмат ва эътибори хос доштан ин биноҳо барои мардум, балки нишонае аз пойбанд будани мо ба одат ва фарҳангу зеҳнияти таърихии миллат аст. Имрўз дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру деҳоти кишвар даҳҳо, балки садҳо биноҳои навбунёд ранги зарду зардваш ва ранги лимуӣ доранд, ки дар ҳақиқат ҷолиб ва назаррабост. Ин ҳама агар аз як сў нишонаи бастагии тарроҳону сохтмончиён ба мўди имрўза бошад, аз сўи дигар баёнгари эътирофи ҳамон нақши таърихии ин ранг аст, ки ба тарзи замонавӣ барои ҷаззоб кардани намуди шаҳру маҳаллаҳо ба кор мебаранд. Тавре зикр шуд, рангҳо ҳама хосияти дармонӣ доранд. Зард барои дармони афсурдагӣ ба кор меравад. Баъзе аз пажўҳишгарон бар ин боваранд, ки ранги тилойӣ гардиши хунро равонтар мекунад ва гармои баданро афзоиш медиҳад. Баста ё «сомона»-и асабиро фаъолтар месозад. Бештари рангшиносон муътақиданд, зард ранги шодиву фараҳ аст. Бино ба пажўҳишҳои анҷомшуда, мафҳуми «ранги зард» дар оятҳои Қуръон бо вожаҳои «сафар, сафра, масфаран» панҷ бор омада, аммо ҳолате, ки ба тамом манфӣ ва рад шуда бошад, нест. Ба таври куллӣ ранги зард дар Қуръон гоҳе шодиофарин ва мояи сурур ва ҳаётбахш ва гоҳи дигар ғамангез ва гўёи марг ва нобудӣ ҳам зикр мешавад. Ин дурангӣ вобаста ба авзо ва мавридҳои гуногуни корбурди рангҳост. Ранги зарди баланд ё пурранг, тилоӣ, зарди камранг, моил ба қаҳваӣ ва ғайра ҳар кадом таъсири фарқкунанда аз дигаре доранд. Ҳангоме ки зардӣ ба қаҳваӣ табдил мешавад, монанди баргҳои тирамоҳӣ, ҳолату таъсири хурсандибахши худро кам мекунад. Ин ҳам ба таври истисно ва дар ҳолатҳои ҷудогона аст. Чунки кас дар тирамоҳ аз дидани боғи гелосу зардолузорҳои васеъ, ки ранги заъфаронӣ мегиранд, боз ҳам ҳаловат мебарад. Дар ояе аз Қуръони карим низ бо таваҷҷуҳ ба таъсири равонии ранги зард ишора мешавад. Аз ҷумла дар он Худованд дар бораи гови Бани Исроил мустақим ба таъсири шодибахш будани ранги зарди он фармудааст. «Мўсо дар ҷавоб мегўяд: «Он гов дар ҳақиқат зарди баланд аст, ки бинанда аз диданаш шод мешавад». Дар байни мардуми чорвопарвар то имрўз ин ақида вуҷуд дорад, ки шири гови зард ҳаким ва табобатӣ аст. Қариб дар ҳамаи манбаъҳои хаттӣ таъкид гардида, ки зард ранги шодиву сурур, сиёҳ боиси ғам ва андуҳ аст. То Қуръон ва пас аз он донишмандони илми равоншиносӣ ҳама ба хубӣ ба ин хосияти ранги зард ва рангҳои дигар пай бурда буда, ҳар ҷо ишораҳо кардаанд. Дар ривоятҳо низ ба таъсири шодибахш будани ранги зард таъкид мешавад. Аз ҷумла дар китобҳои донишмандони илми тиб ва осори гузаштагон, онҳое, ки ба равоншиносӣ машғул буданд, баён гардида, ки ҳар касе кашфи зард бипўшад то замоне, ки он дар пояш бошад дар хушҳолӣ ба сар мебарад. Забона ё алангаи оташ ҳам зарди тобиш ба сурхӣ дорад, ҷисми инсон ва мавҷудоти дигарро гармӣ мебахшад, ғизоҳоро мепазонад, сардӣ ва дардҳоро аз бадан меронад, аммо ҳамзамон дорои қудрати сўзонидани ҳама чиз аст. Дар рўзгори инсон ин ду ранг дар баробари дигар рангҳо аз ҷойгоҳи хос бархурдор мебошад. Беҳуда нест, ки дар адабиёти бадеӣ, аз ҷумла дар осори фолклорӣ баъзе аз қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ ҳам бо кафшҳои сурху зард тасвир мешуданд. Дар Қуръон ба зардӣ ва пажмурдагии гиёҳон низ ишора мешавад. Ҳамзамон бо ранги сиёҳ, ки маъмулан намунаи нодонӣ ва гумроҳӣ, нишонаи зулмат, гуноҳ ва хушунат медонем (хати сафеди уфуқ дар муқобили хати сиёҳ торикии шабро аз байн мебарад), ранги сафед зикр гардидааст. Таъкид мешавад, ки бо дамидани субҳ ва тулўи нурҳои зарди хуршед ба замин ва мавҷудоти он гармӣ, умед, рўҳ ва нерўи тоза мебахшад. Агар инсонҳо, китобҳои осмонӣ ва мубалиғону пайравони динҳо дар мавриди баъзе аз рангҳо назари манфӣ медоштанд, албатта чунин мавзеъгирӣ пеш аз ҳама нисбати ранги сиёҳ мебуд. Зеро тавре медонем, дар Қуръон чеҳраи дузахиён ва нерўҳои бад ба ранги сиёҳ баён мешавад. Аммо дар мавриди на ранги зард, на сиёҳ ва на кадом як ранги дигар дар фармудаҳои исломӣ ягон сухани мамнўъ ва манфӣ гуфта нашудааст, сиёҳ ҳам дар баробари ҳамаи рангҳо ҷойгоҳи худро дорад ва пайравони динҳо, ба шумули Ислом ба он ҳам арҷ мегузоранд ва беҳтару болотар аз рангҳои дигар медонанд. Эътироф бояд кард, ки дар осори хаттӣ, аз ҷумла фармудаҳои донишмандони соҳаи тиб ранги зард дар чеҳраи инсон (бар хилофи ҳайвонот) баёнгари сустӣ ва бемории ҷисм унвон шудааст, ки ин на ба боварҳои динӣ ва эътиқодот, балки ба ҳолати физиологии инсон ва сатҳи саломатии ў рабт мегирад, ки дар илми тиб як чизи таърихан исботшуда мебошад. Шояд донистан мехоҳед, ки дар интихоби ранг мо чи кор кардем? Бо ҳусни тафоҳум як хонаро ранги зарди норинҷӣ задем. Дар ҳақиқат зебо. Он чи аҳли хонавода ва устоҳо мехостанду ман ҳамфикрашон шудам. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.