Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Баҳси либос: нигоҳ аз Бишкек

Баҳси либос: нигоҳ аз Бишкек

21-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 597 нафар
Назарҳо: 0
Баҳси либос: нигоҳ аз БишкекБоло гузоштани либоси бегона зарба ба сунатҳои миллӣ аст
Маро барои чунин андешаҳоям солҳост танқид мекунанд. Мутаассифона, изҳори назарҳоямро ҳар кӣ ба таври худ шарҳу тафсир менамояд. Гапҳоямро дар бораи пӯшоки исломӣ чаппаву роста карда, маро мухолифи ислом медонанд. Зарурати худсафедкунӣ нест. Худо шоҳид ва беҳтарин ҳомӣ мебошад. Аммо чанд нуктаро бори дигар мехоҳам тавзеҳ диҳам.


Ҳамаро сиёҳ ва сафедпӯш кардан аз талаботи Ислом нест
Ин сухани ман ба ҳама дахл дорад – чаро мардони мо бештар ба пӯшидани либоси покистонӣ майл мекунанд ва аз ин фахр ҳам доранд? Чаро занҳои мо маҳз абайаи (чодар) - арабии сиёҳро мепӯшанд? Ба пиндорашон либоси исломӣ маҳз ҳаминҳост. Мафҳуми либоси исломӣ ба пиндори ман вуҷуд надорад, аммо мафҳуми пӯшоки миллӣ ҳаст. Пас чаро мо либоси миллии Покистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва дигар кишварҳоро мепӯшем ва аз ин ифтихор мекунем? Чаро либоси миллии худро намепӯшем? Кӣ тасмим гирифта бошад, ки либоси мусалмонӣ маҳз ҳамоне аст, ки дар он кишварҳо мепӯшанд ва ҳар он чӣ аз онҳо набошад, исломӣ нест? Магар тафсири дигари худи мафҳуми «либоси исломӣ» вуҷуд дорад?

Паёмбарамон Муҳаммад (с) аз мусалмонон даъват кардааст, ки барои либоси оддӣ пӯшидан талош кунанд. Либос танг, тунук (шаффоф) ва ҳаяҷоновар (даъваткунанда) набошад.

Он ҳатман аврат – қисматҳои махсуси баданро пӯшонад. Аврати занон тамоми бадан, ба истиснои рӯй, дастон ва пошнаи пой аст. Мард ҳадди ақал аз ноф то зону бояд пӯшида бошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин мардон метавонанд ҳатто шорт – шалворҳои кӯтоҳ пӯшанд. Агарчӣ дар шароити мо пойҳои пур аз мӯйи мардинаро ба намоиш гузоштан ва он ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз рӯи одоб нест. Ба либоси мардона ҳамин шимҳои васеи маъмулии мо, ҷинсҳое, ки танг набошад, курта, ва свитерҳо, костюмҳое, ки тарҳи пешинаро доранду мепӯшем, мувофиқ аст.

Яъне ҳар чизе, ки дар Қирғизистон, ё дар ҳар кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ҳар мард мепӯшад, ба ислом мувофиқ аст.

Ба либоси мусалмонӣ ҳамаи пӯшокҳои миллии бештари халқҳои ҷаҳон, ба истиснои қабилаҳои ҷамъияти ибтидоӣ, ки дар минтақаҳои тропикӣ зиндагӣ мекунанд, мувофиқ аст. Ҳамин либосҳои миллии қирғизҳо ва миллатҳои дигаре, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ доранд, низ мутобиқи пӯшиши исломӣ ҳастанд.

Магар ҳамин либоси миллии мо – шалворҳои кушод ва пероҳанҳои занона ғайри исломианд? Ё рӯсариҳои (сафеди гулҳои сурхдор) -и занонаи истеҳсоли Оренбурги Русия, ки замоне дар байни бонувон дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буду модарони бисёре аз мо бо оғоз аз даврони арӯсӣ ба сар мекарданд, кадом чизи барои ислом бегонаро дорад?

Ва дар Аврупои масеҳӣ ҳам то асри 20 занон либоси дароз мепӯшиданд ва ба рӯй парда мекашиданд. Танҳо баъдҳо инқилоби ҷинсӣ шуду занону духтарони ин гӯшаи дунё ба ороишу пӯшишҳои даъваткунанда – пероҳанҳо ва доманҳои кӯтоҳ одат карданд…

Ислом аз пайравонаш чизе ба ҷуз содда ва оддӣ пӯшидан талаб намекунад. Намегӯяд ҳар чӣ, ки дар Шарқи Наздик, Покистон, Афғонистон, Эрон… мепӯшанд, шумо ҳам ба тан кунед. Чунин дастурамале нест. Баъзе аз муъминон фикр мекунанд, ки онҳо ҳатман ба ҳазрати Муҳаммад (с) бо либосу риш бояд монанд бошанд. Аммо он ҳазрат тавре мепӯшид, ки дар ҳамон давра расм буд. Яъне ӯ замонавӣ карда гӯем, аз технологияи либоспӯшии замони худ истифода мекард. Ӯ эҳтимолан, бо худ фарз кардаем, шамшер ҳам дошт. Аммо ин ба маъное нест, ки муъминон имрӯз ҳама шамшер дошта бошанд. Лозим нест ба ҷаҳони муосир тамоми нишонаҳои он замон кӯчонида шавад. Вақт дар як ҷо намеистад. Он тағйир меёбад, хусусиятҳои ҳар давр хоси ҳамон замон аст. Танҳо моҳияти одату суннатҳо боқӣ мемонад - пинҳон кардани ҷойҳои номаҳрами бадан. Инсон ба зоҳир набояд мавриди таваҷҷуҳи дигарон шаваду боиси ғайбат бошад.

Вале чӣ гуна бадани худро мепӯшонед, ин кори шумост, тарҳи баданатон натобад, шуд. Либос набояд нишонаи ба таври шубҳаовар бартарият пайдо кардану ифтихор ва такаббури шумо шавад. Он набояд аз ҳад зиёд бо каруфар, аммо пок, тозаву озода ва бароҳат бояд бошад.

Пероҳанҳои васеъ ва шалворҳои сафеди монанд ба таҳпӯшҳо, ки ҳоло ҳар чӣ бештар мардон мепӯшидагӣ шудаанд… дар ҳақиқат либоси миллии Покистон аст. Мутаассифона, ҳамин либосҳо ҳам гоҳе чунон шаффофанд, ки аз зери он тарҳи бадан ва таҳпӯшҳо менамояд. Куртаҳои мардонаи дарози то ба ангушти по (ки акнун нафароне аз мо барои худнамоӣ ба тан мекунанд) моли араб аст. Абайа – либоси занонаи сиёҳи то замин низ аз Ховари Миёна ба мо омадааст.

Дар он ҷо ва ҳам дар Эрон занҳо ҳиҷобе мепӯшанд, ки ранги сиёҳ дорад. Аммо дар Малайзия, ки 53 дарсади аҳолии зиёда аз 30 миллион нафарии он мусалмон ва аз аҳли суннат ҳастанд, занон дар пӯшиши либос ба ранги сафед ва равшан бартарӣ медиҳанд.

Ҳама чиз ба хусусиятҳои миллӣ – иқлим, одат ва фарҳанг вобаста аст. Ислом аз занон талаб намекунад, ки ҳатман саропо сиёҳ пӯшед! Рангҳои гуногун иҷозат аст. Танҳо ранги зард тавсия намешавад. Ва пӯшидани либоси сурхро ҳам дар баъзе мавридҳо номуносиб медонанд. Аммо дар либоспӯшии мардумони Осиёи Марказӣ ин ду ранг дар омехтагӣ бо рангҳои дигар аз сӯи тарроҳони либос ба кор бурда мешавад.

Ба ҳар сурат, барои занон муҳим ин аст, ки пӯшок мӯйи сар, гардан ва дастонро то ангуштон пӯшонад, даъваткунанда набошад, боқӣ ҳама чиз ба салиқаи либоспӯшии кас вобаста аст.

Ҷои тааҷҷуб ва таваҷҷуҳ аст, ки чаро бисёре аз муъминони мо ба пӯшидани либосҳои барои миллатамон бегона ин қадар мекӯшанд?

Ба назари ман, ин танҳо як омили сирф равонӣ (психологӣ) аст. Инсонҳо мусалмон будани худро мехоҳанд нишон диҳанд. Дар тафаккури онҳо ба василаи пӯшиши либоси фарқкунанда таҳаввули мағзӣ ҷиҳати баҳогузорӣ ба арзишҳо, ба олами атроф ба вуҷуд меояд.

Ин гуна одамон аксар вақт номи худро ҳам иваз мекунанд (ҳарчанд дар фармудаҳои ислом чунин тақозое нест). Инҳо бо тағйири либосу гузоштани риш зоҳири худро тағйир медиҳанд. Аммо ин ҳама ба чӣ шакле сурат мегирад, ба кишвар ва сатҳи дарёфти иттилооти асосӣ дар бораи ислом вобаста аст. Бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар психологияи инсон иттилооти аввалия нақши асосиро мебозад. Ва он стержен - милаест, ки тасаввуроти бештари баъдӣ ба он мепайвандад.

Муборизаи шадид барои ақлу ҳуши мардум!
Ба ҳеҷ кас ин ҳақ дода нашудааст, ки ба дигаре тарзи пӯшидани либосро таҳмил кунад. Мегӯянд: одаму либос – хонаю палос. Ба ин далел, ба пиндори ман пӯшиши кас набояд ҷомеаро нороҳат созад. Ислом аз мусалмонҳо тақозо мекунад, ки бо ҷомеа зиндагии ҳамсон дошта бошанд. Ҳамаи муъминон ва шахсони пойбанди ормонҳои дунявӣ худро танҳо ҷузъе аз ҷамоат, гурӯҳ ва фарҳанги башарӣ бояд донанд. Албатта, ҳар инсон боз ҷаҳони худро дорад. Дар инсон тафаккури ҷудоипарастӣ ҳосил мешавад, агар чунин пиндорад, ки ин ҷаҳони мо, аммо он ҷаҳони бегона, ҷаҳони мухолифон ва душманон аст. Дар чунин ҳолат барои таҷзия шудани тамоми ҷомеаи маданӣ хатар пеш хоҳад омад.

Гузашта аз ин ҳар либос дар худ рамзе дорад. Барои намуна, дар ҳар давру замон занони қирғиз бо озодихоҳии худ шуҳрат доштанд. Зани қирғиз ёвари ҳамсари худ дар корҳои зиндагӣ буд ва мутобиқ ба ин либосаш ҳам муносиби ин ҷойгоҳаш интихоб мешуд. Дар кишварҳои халиҷи Форс занон дар корҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ замоне мутлақо камфаъол буданд. Ин ҳам як одат аст. Дар Фаластин, Урдун, Лубнон – баръакс: занон бештар фаъоланд, ҷунбиш ва созмонҳо таъсис медиҳанд. Дар интихобот ва намоишҳо иштирок мекунанд. Онҳо аксар араб ҳастанд, ҳиҷоб мепӯшанд, менталитети дигар доранд.

Дар Қирғизистон имрӯз ҷамоатҳои занона аз ҳад зиёд дар сиёсат ва соҳаи иҷтимоӣ фаъоланд. Дар баробари ин занҳое низ ҳастанд, ки дар худ гирифтор ва аз ҳуқуқҳояшон ҳимоят карда наметавонанд ва зуд ба доми таблиғи бегона меафтанд.

Ба ин тартиб, мусалмонӣ фақат ба либос вобаста нест… Муҳим боз он аст, ки инсонҳо дар муносибат ба таҳсилот, фарҳанг, ҷаҳони маънавӣ, дар муошират бо дигарон ва корҳои рӯзмарра чӣ гунаанд.

Ҳоло қирғиздухтарони муъмин бештар барои худ либоси миллӣ, аз ҷумла ҷомачаҳои бо нақшу нигори миллӣ фармоиш медиҳанду мепӯшанд. Ин чиз ба тадриҷ ба як мӯд табдил мешавад. Медонам, ки барои густариши ин раванд вақт лозим аст. Бисёре аз раҳбарони динии Қирғизистон ҳам ҳоло калпак- кулоҳи қирғизӣ мепӯшидагӣ шудаанд. Ба ин васила онҳо кӯшиш мекунанд, ки нишон диҳанд: мо бегона нестем ва пӯшоки покистонию арабиро таблиғ намекунем. Бо ин кишварҳо мо фақат бо тарзи ибодат ҳамсӯ ҳастем, аммо дар заминаи пӯшиши либос қирғиз мондаем».

Аз ҳар тараф ҳоло таҷовузи сахти фарҳангӣ, идеологӣ ва иттилоотӣ барои соҳибият ба ақлу ҳуши мо давом дорад. Инро ман як раванди табиӣ медонам. Ҳар давлат кӯшиш мекунад, арзишҳои миллии худро, аз ҷумла таҳти пӯшиши арзишҳои динӣ паҳн кунад. Мубориза барои зеҳну ҳуши мардумон шадид ва ҷиддитар аз ҳар чизи дигар аст. Ҳатто дар қиёс бо ҷангҳои иқтисодӣ ҳам сахттар аст.

Мубориза бо истифода аз нерӯҳои сабук ва «мулоим» - мусиқӣ, филм ҳам ҷараён дорад. Бубинед, ки ҳоло то чӣ дараҷа дар байни ҷавонон тамошои филмҳои сохти Кореяи Чанубӣ ва Туркия ривоҷ ёфтааст.

Ҷавонони мо, ба хусус духтарон дар зиндагӣ дар рафтори худ ба қаҳрамонони ин филмҳо, аз ҷумла дар тарзи пӯшидани либос, ороиши мӯй, рафтор тақлид мекунанд. Барои намуна мӯди ҷавононро, ки дар Ғарб хеле боэҳтиёт ва аз нигоҳи сиёсӣ гӯё боодобона «унисекс» меноманд, мепӯшидагӣ шудаанд.

Хусусияти ашёи ин сабки пушидан он аст, ки кадом як нишонаи марбут ба ҷинсияти соҳиби он вуҷуд надорад. Бутик - фурӯшгоҳҳои Бишкекро давр занед, пур аз либосҳои «бенишона»-и ҷинсият аст.

Аксари чунин либосҳо ба шакли танг дӯхта шуда ва баданро нимурён маълум мекунад.

Либоси муқаррариро акнун дар шаҳри мо пайдо кардан мушкил шудааст – гӯё дар ин шаҳр дигар ҳама нармодаҳо – ҳамҷинсгароҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳоло ман дар ин андешаам, ки чунин либосҳоро касоне махсус ба мӯди ҷавонони мо табдил дода истодаанд… Бисёре аз политтехнологҳо кайҳо фаҳмидаанд, ки мӯд ҳам василаи паҳн кардани идеология аст. Ва касе, ки «мусиқиро фармоиш медиҳад», онҳое, ки қонунгузори мӯди замонавӣ ҳастанд, таъсиргузории он ба зеҳну ҳуш ва ахлоқи мардумро медонанд. Либос, татуировка – холкӯбӣ, ороиши мӯй, бижутерия… – ҳама рамзи чизе ҳастанд, ки кодҳои муайянеро ба ахлоқи инсон ворид мекунанд.

Шахсан ман бар ин боварам, ки мӯд кардани «унисекс» ба мақсади муайян паҳн мешавад- дастандаркорон бо истифода аз он мехоҳанд марзи байни зан ва мардро аз байн баранд. Ҷинси саввум, «оно» – «муаннас»-ро ба вуҷуд оваранд.

Ба мард таровати занонро диҳанд. Ва занҳоро бо нерӯи мардӣ ба саҳна оранд. Пушти пардаи ин сиёсат дастандаркорони сиёсатҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Аммо ҳадафи ниҳоии онҳо чист? Тахмин мекунам, ки мақсад аз ин барҳам задани низоми дар муддати садсолаҳо ташаккулёфтаи ҷомеа аст.

Ҳадафи ниҳоӣ чист? Аз байн бурдани ҷомеаҳои бо фарҳанг анъанаҳои миллӣ ва эҷоди як низоми тобеъ ба дастури онҳо. Аз ин ҳам даҳшатноктар – зарба ба арзишҳои анъанавӣ ё суннатии хонаводаҳост. Яъне, дар як вақт ҳам ба зидди ҷомеаҳои анъанавӣ ва муқобили арзишҳои маҷмӯӣ, аз сӯи дигар зидди динҳои суннатӣ ҷанг эълон шуда ва он ба шиддат ҷараён дорад. Ин ҷанг нафақат зидди ислом, балки ҳамзамон зидди масеҳият ва яҳудият бурда мешавад.

Воқеият ин аст, ки дар ин се дин, ки аз як реша об мехӯранд, ҳар гуна фаҳш ва расвоӣ, издивоҷи ҳамҷинсон маҳкум мешавад. Мақсади ин сиёсат дар маҷмӯъ ҷомеаро ба тӯдаи мутеъ табдил додан аст. Дастандаркорони сиёсатҳои ҷаҳонӣ таҷриба карда дидаанд, ки ҷомеаи одамони беҷинсияти муайянро идора кардан осон аст.
Кодир МАЛИКОВ, (Бишкек) Аз русӣ тарҷумаи Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: