Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар меҳмонии аскарбачаҳо

Дар меҳмонии аскарбачаҳо

19-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 174 нафар
Назарҳо: 0
Дар меҳмонии аскарбачаҳоДар арафаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амали некро пиёда намуданд. Бо ташаббусу роҳнамоии онҳо як гуруҳ занону модарони сарбозон, дар ҳайати сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулчеҳра Наимова, сардори Раёсати Агентии давлатии шуғли меҳнат ва муҳоҷирати вилоят Аслбӣ Денбегиева, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқадори меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова ва дигар занони номдори ноҳия меҳмони сарбозони қисми ҳарбии дар ноҳиябуда гардиданд. Сараввал меҳмонон бо шароити буду боши аскарбачаҳо шинос шуда, барои фароҳам овардани шароитҳои зарурии хизмат ба роҳбарияти қисми низомӣ изҳори сипос намуданд.

Баъдан дар ҳавлии қисми низомӣ вохӯрии меҳмонон бо аскарбачаҳо доир гардид, ки зимни он аз ҳаёту корномаи падарону бобоён нисбати ватандорию ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ифтихори миллӣ, дӯстию рафоқат ва ваҳдати миллӣ ибрози назар карда шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ дастаи ҳунарии идораи фарҳанги ноҳия хотири меҳмонону сарбозонро бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ шод намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: