Ҳамоҳангӣ28-05-2020, 09:35
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ба идораи ҳафтаногмаи «Минбари халқ» Силсилаи мақолаҳои Ҷумъахони Темурзодаро дар саҳифаҳои «Минбари халқ» пайваста мутолиа менамоям. Чанд гоҳест ин журналисти донишманд ва дилсӯз дар бораи шахсиятҳои хизматкардаи халқу миллат, ки дар даврони гуногуни Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии кишвар кору пайкор карда, вале номи қисмате аз онҳо ба чоҳи фаромӯшӣ фиканда шудааст, силсилаи мақолаҳо ба нашр мерасонад. Хеле ҷои сипосу ихлос аст, ки нашрияи мардумии «Минбари халқ,» ин иқдоми наҷибро роҳандозӣ ва дастгирӣ намудааст. Чунин мақолаҳо дар бораи ходимони давлативу ҳизбӣ, арбоби илму ҳунар ва санъат Абдулаҳад Қаҳҳоров, Маҳмадулло Холов, Усмон Ҳасанов, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон нашр гардиданд, ки зиндагиномаи қисман фаромӯшшудаи онҳоро аз нав пеши назари хонанда ҷилвагар мегардонад. Дар ин силсила мақола дар бораи устод Асомиддин Насриддинов хотираҳои маро тагӯ рӯ кард, маро ба айёми ҷавониву донишҷӯиям, ки дар шумори омӯзгорони гиромиқадрам ин устоди донишманд низ қарор дошт, баргардонд. ӯ бо чеҳраи нуронӣ, нимтабассуми зебанда, ба синфхона, ки се гурӯҳи 30 нафарӣ иштирок доштанд, ворид шуда, ба донишҷӯён бо ишораи сар салом медоду бо ишораи даст мефаҳмонд, ки шинед. Мо шогирдон ду нафар устоди худро яке Асомиддин Насриддинов ва дигаре Носирҷон Маъсумиро бештар эҳтиром мекардем, балки дӯст медоштем. Дарсҳои ин устодон ҷолибу муассир буданд, аммо бештар шахсияти онҳо моро тасхир карда буд. Ёд дорам, устод Асомиддин Насриддинов ҳангоми хондани дарс гоҳе маънии байтеро аз бузургони адабиёт аз шогирдон суол мекард. Ҳама хомӯш менишастем. Он гоҳ устод мегуфт: «Як кас медонаду хап аст. Ку, бихез, Ҳотамов, маънии байтро бигӯ. Баъд бо табассуми зебанда мегуфт: «Ина, медонаду боз сарашро хам мегирад». Баъди чанд вақти хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ фаҳмидем, ӯро аҳриманкешоне бо туҳмат ҳабс карданд. Бовариамон аз зиндагӣ монд. Охир ӯ мисли фаришта пок буд… Баъд фаҳмидем, ки аз маҳбас озод шудааст. Дар дил хурсанд будам. Баъд як китобчаи таҳиякардаи устодро бо номи «Чи бояд кард», ки аз гулчини панду ҳикмати ниёкон иборат буд, аз тариқи нашриёти «Ориёно» нашр кардем. Вале, мутаассифона, дигар ба дидораш нарасидам. Устод Асомиддин Насриддинов намунаи барҷаста ва як сутуни қавии ҳувияту асолати миллӣ, симои инсони комилу фозил, таҷассуми фарҳанги баланди омӯзгори поквиҷдон, донишманди фарҳехта буд, ки сарфи назар аз беадолатии зимомдорони давр ин хислатҳоро шарофатмандона ҳифз намуд. Равонаш шоду ёдаш ҷовидон бод! Муҳтарам Ҳотам,
шоир, барандаи ҷоизаи ба номи М. Турсунзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.