
Шӯрои олии Калисои православҳои Молдова бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз мақомоти ин кишвар талаб кардааст, ки гирифтани воксинаи коронавирус баъд аз ихтирои он бояд ихтиёрӣ бошад.
Ба иттилои бахши молдавагии Радиои Озодӣ, дар хитобаи шӯро ҳамчунин омадааст, ки "тавассути воксинаи коронавирус ё COVID-19 эҳтимол аст ба бадани инсон микрочипҳоро ворид созанд".
"Ҷомеаҳои бештари кишварҳои аврупоӣ зидди ҳатмӣ будани гирифтани воксина, аз ҷумла воксинаи COVID-19 ҳастанд. Зеро ба назари онҳо, тавассути воксина ба бадани мардум микрочипҳоро ворид месозанд, то бо технологияи 5G онҳоро назорат кунанд", - зикр шудааст дар хитоба.
Муаллифони хитоба номи миллиардери амрикоӣ ва бунёдгузори ширкати Microsoft Билл Гейтсро низ овардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ шахси асосии масъули ихтирои технологияи микрочипҳо тавассути воксина аст.
Хабарҳо дар бораи Гейтс, микрочипҳо ва 5G яке аз назарияҳои тавтиае мебошад, ки вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда паҳн карда мешаванд.