Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ковид-19: Ҷаҳон дигар мешавад

Ковид-19: Ҷаҳон дигар мешавад

24-04-2020, 10:49
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Ковид-19: Ҷаҳон дигар мешавад
Вирусшиносон пешгӯӣ мекунанд, ки пандемияи коронавирус тобистон ба поён мерасад, аммо ман, ба монанди бисёрии шумо интизори онам, ки ин офат ҳар чи зуд доманашро ҷамъ кунад. Ба ин чиз таҷрибаи Чин моро умеди бештар мебахшад. Агарчӣ, дар ҳар ду ҳолат ҳам сарфи назар аз хушбин буданамон оқибатҳои бадеро аз худ мегузорад ва яке он хоҳад буд, ки кишварҳои ба он гирифтор (ваҳатто кишварҳои дар амонбуда), дар маҷмӯъ, ҷаҳон ба буҳрони сахттар аз гузашта рӯба рӯ мешаванд. Гуфта мешавад, ин буҳрон бар иловаи бахши сиёсӣ иқтисоди ҷаҳониро ҳам фаро мегирад.
Исти шашмоҳаи иқтисодиаксар кишварҳо дигар боиси он мегардад, ки тавонотаринашон ҳам,ки то ин дам иддаои пешрафта буданро доштанд, онҳоро ба ҷойгоҳ ва ҳолати пешин наметавонад барқарор кунад. Чунин андеша имрӯз, инҷову онҷо садо медиҳад ва ҳамзамон,ишора ба он ҳам мешавад, ки дар баъзе кишварҳои хурд ва нисбатан камбизоат,уфти вазъи иқтисодӣба ноустувории иҷтимоӣ, бесуботиҳои дохилӣ бурда мерасонад.
Аз тирамоҳ сар карда, иқтисоди давлатҳоро сахтиҳои бештар пеш омада,фоҷиаҳои бузурге дар сатҳи ҷаҳонӣ пешгӯӣ мегардад, фоҷеаҳое, ки камтар ба пайомадҳои коронавирус ва зиёдтар ба муносибатҳои дунёхоҳон рабт мегирад. Баъзе аз сиёсатмадорон инро аллакай пайомади пандемияи иттилоотӣ (инфопандемия) унвон кардаанд, ки ба таназзули иқтисоди ҷаҳонӣсозгор ва ҳамроҳаст.
Пешгӯиҳои аз ин бадтар он аст, ки пандемия дар оянда ба шакли мавсимӣ хуруҷ мекунад ва бинобар он ки ин вирус ба мизоҷи одам мутобиқ мешавад,инсонҳо низ ба он одат мекунанд ва ин ҳам боиси дигаргуниҳо дар ҷомеа мегардад.
Сарварони давлатҳо ҳам аз тағйирот гап мезананд
Дар пайи паҳншавии коронавирус ва ҳар чи бештар мубтало шудани сокинони сайёра ба он, роҳбарони баъзе аз кишварҳо ҳам ошкор ва бепарда дар бораи тағйироти куллии низоми ҷаҳонӣ дар марҳалаи мубориза ва пас аз пандемия сухан мегӯянд.
Президенти Туркия интизори он аст, ки кишварҳо пас аз ин офат дар мавриди бунёди системаҳои нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣвориди гуфтугӯ мешаванд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар изҳороте дар ин бора гуфт, ки пас аз ба охир расидани пандемияи COVӣD-19, интизор аст, ки як ислоҳоти ҷиддӣ дар сатҳи ҷаҳонӣсурат мегирад. ӯ зарур медонад, ки системаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ эҷод шаванд.
Ин сиёсатмадор мутмаин аст, ки «Пас аз ин эпидемия ҳама чиз дигар хоҳад шуд». Вай дар як суханрониаш, аз шабакаи давлатии ТРТ-и Туркия изҳор кард: «Системаи тамоман нави ҷаҳонии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сохта хоҳад шуд».
Александр Лукашенко,президенти Белорус низ дар мусоҳибааш бо хабарнигори телевизиони «Мир-24» айни суханонро баён дошт ва таъкид намуд, ки мо ҳоло дар андешаи он хоҳем буд,ки ҷойгоҳи кишварро дар низоми нав ҳифз кунем ва нагузорем, ки боз ҳам кишвархое бо сӯистифода аз фурсат ва сахтиҳое, ки ба сари давлатҳои хурд меояд, моро ба коми худ фурӯ баранд.
Русия ба Италия ёрӣ доду дар бало монд
Пас аз он ки Русия тавассути Вазорати мудофиаи худ ба Италия, ки сахттарин ҳолати гирифторӣ ба ин вирусро дорад, ёрӣ расонд, дар баробари таҳсин шунидан, ба андешаҳои бадбинона низ рӯбарӯ шуд. Баъзе аз кишварҳо аз роҳи нашри иттилооте ғаразнок, дар саҳифаҳои интернетӣ ва гурӯҳе бо нашри матолиби хасмона дар матбуоти худи Италия ва инчунин дар ВАО-и дигар кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, Русия бо ин баҳона ба қаламрави таҳти нуфуз ва назари НАТО сар халонд. Аммо оташи ин ғазаби бепояро баёнияи саривақтии як мақоми НАТО андаке поён бурд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар ин маврид гуфт: «Кишварҳо дар шароити ин буҳрони эпидемиологии ҷаҳонӣ ба ҳамдигар бояд кумак кунанд».
Столтенберг ин андешаро дар як нишасти видеоӣ дар Брюссел дар посух ба суоле дар бораи муносибати НАТО ба фиристодани табибони низомии Русия ба Италия зикр кард.
«Дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ, кишварҳо бояд ба ҳамдигар кумак кунанд… Ҳар як кишвари узви ин созмон ҳақ дорад мустақилона тасмим гирад, ки чӣ гуна ёрӣ барояш зарур аст ва онро аз чӣ кишваре пазирад», - илова намуд ӯ.
Дар ин нишаст, ки ба шакли видеоконференсия ва ба ҷои ҷаласаи Шӯрои НАТО, дар дастгоҳи марказии созмон барпо гардид, муқовимат бо коронавирус мавзӯи асосӣ буд.
«НАТО намегузорад, ки буҳрони эпидемиологии ҷаҳонӣ ба буҳрони амниятӣ табдил ёбад. Вазирон инчунин, идомаи амалиётҳои якҷояи кишварҳои узви эътилофро дар шароити пандемия муҳокима карданд», - гуфт ӯ.
Лозим ба ёдоварист, ки пас аз паҳншавии босуръати коронавирус дар Италия, ки узви НАТО аст, 15 ҳавопаймо бо таҷҳизоти ташхисии сохти Русия, марказҳои дезинфексия ва инчунин тақрибан 100 мутахассиси вирусолог ва эпидемиологи ин кишвар, дар ҳайати ҳашт дастаи тиббӣ ва ҳамширагӣ ба ин кишвар фиристода шуданд.
Пас аз ин иқдом ноиби раиси палатаи вакилони Италия Фабио Рампелли парчами Иттиҳоди Аврупоро бо нишони эътироз аз дафтари худ берун бурд, зероҷомеаи Иттиҳоди Аврупо дар посух ба дархости кишвараш барои ёрӣ дар мубориза боэпидемияи коронавирус вокуниш накарда, Италияро танҳо гузошт.
Дар сабти видеоӣ, ки бисёре аз сайтҳои интернетӣ дар саҳифаҳояшон ҷой доданд, ин сиёсатмадори италиявӣ бо ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои сафед парчами ИА-ро аз суконаш фаровард ва ба ҷои он парчами давлатии Италияро гузошт.
Пеш аз ин навори видеоӣ, Фабио Рампелли ба раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо рӯ оварда, хоста буд, ки дар ин рӯзҳои вазнин кишварашро дастгирӣ кунанд. ӯ бо таъкид ба мустақилияти Италия изҳор дошт, ки дигар намехоҳад кишвараш пешхизмати кишварҳои дигари Аврупо,ба монанди Олмону Франсия бошад. Ин сиёсатмадор бозҳам тундтар рафт ва гуфт, ки агар ИА кӯшиш кунад, ки (бо истифода аз фурсат) кишварҳоеро,ки иқтисоди заифтар доранд, ба ҳалокат расонад, дар он сурат Аврупо ояндае нахоҳад дошт.
Аммо ин гуна изҳори назарҳо низ ҳаст, ки пас аз ба итмом расидани эпидемияи коронавирус, Италия рафтори ҳампаймонҳояшро фаромӯш намекунад ва дар хотир хоҳад дошт, ки чӣ тавр кишварҳои Аврупо дарвоқеъ италиявиҳоро ба мушкилот рӯбарӯ карданду кумаки воқеӣ танҳо аз Чин ва Русия расонда шуд. Ба ин далел, мақомоти Рум муносибатҳои худро дар оянда бо ИА тағйир медиҳанд.
Чунин андеша, аз ҷумладар гуфтугӯи Владимир Брутер, сиёсатшиноси Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти гуманитарӣ ва сиёсӣбо Агентии хабарии федералӣ (ФАН) баён шудааст.
Ин нукта замоне баён гардид,ки президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳори норозигӣ кард, ки Италия ба иқдомҳои башардӯстонаи Русия ва Чин дар доираи эпидемияи коронавирус, таваҷҷуҳи зиёд нишон дода, амалкардҳои дигар кишварҳоро намебинад.
Аммо баъзе кишварҳои аврупоӣ боз ҳам фаротар рафта, ин ёриҳоро ғаразнок номиданд. Аз ҷумла, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣҶозеп Боррел, кумаки Ширкати чинии «Huaweӣ» –ро ба кишварҳои Аврупо гуфт, ки ин ёриҳо ҳадафмандона амалӣ мешаванд ва мақсади ширкати чинӣ аз роҳи осон боло бурдани обрӯяш аст.
Дар ҷавоб ба ин изҳори назар, ширкати номбурда, ки мақсад дошт, то як миллион дона ниқоб ба Испания бифиристад, ин амалиётро қатъ кард.
Намояндаи ин ширкат дар шарҳи ин қарор гуфтааст, ки «мо дар пайи изҳори назари Боррел аз баҳри фиристодани як миллион ниқобҳои муҳофизатии аз ҷониби «Huaweӣ» ба Испания, инчунин, 800 ҳазор маска барои беморхонаҳо ва хонаҳои пиронсолони Нидерландия гузаштем.
Сухангӯи «Huaweӣ»низ ба ВАО гуфт, ки ширкат ҳеҷ ниёзе ба зиёд кардани обрӯи сиёсиву тиҷоратӣ бо иқдомҳои башардӯстонааш надорад. Ва таъкид ҳам кард, ки ширкати ӯ намехоҳад бо рӯйдодҳои сиёсӣ робита дошта бошад, бинобар инҳар гуна кумакба Аврупороқатъ мекунад.
Иқтисоди ҷаҳонро рӯзҳои сахте дар пеш аст
Бино ба пешгӯиҳо, агар коронавирус то моҳи июл таҳти назорат гирифта шавад, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимаи дуюми сол дар сатҳи ҷаҳон имконпазир хоҳад буд.
Бо вуҷуди ин, дар соли 2020, ММД-и ҷаҳонӣ 1,1% коҳиш хоҳад ёфт, гуфтааст иқтисодшиноси Маркази пажӯҳишҳои байналмилалии JPMorgan Брюс Касман. Дар моҳҳои январ-март иқтисоди Чин 41% коҳиш ёфта, дар семоҳаи дуюм интизор меравад, ки ИМА ва кишварҳои аврупоӣ ҳам ба талафоти назаррас дучор меоянд ва ММД-и ин кишварҳо афзоиши манфӣва мутаносибан 14% ва 22% хоҳад буд. Бино ба андешаи ӯ, истеҳсоли ҷаҳонии саноат низ дар феврал - март 10% коҳиш ёфта, тибқи иттилои JPMorgan, пеш азҳама ба бозори меҳнати ИМА зарба мезанад, ки яке аз бузургтарин кишварҳои саноатии ҷаҳон аст. Чунон зарбае, ки таърихи ин кишвар то ба ҳол надидааст.
Дар пешгӯиҳо тавзеҳшудааст, ки нақшаи буҳронии ИМА, ки давлат таҳия намудааст, мумкин ба шаҳрвандон ва доираи тиҷорат кумак мекунад, аммо дар маҷмӯъ, барои раҳоии иқтисоди ҷаҳон аз буҳрон таъсири каме хоҳад дошт.Аммо, дар охири сол, бо суст шудани тадбирҳои карантинӣ иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад афзоиши 9% -ро нишон диҳад.
Дар ин робита хабарҳое низ мерасанд, ки иқтисодшиносон мегӯянд, зери таъсири буҳрон, ИМА ҷои худро ҳамчун бузургтарин тавлидкунандаи нафтдар ҷаҳон аздаст медиҳад. Дар гузоришҳо инчунин омадааст,дар шароити коҳиш ёфтани нархи нафт, тақозои ноустувор ба истихроҷи он ва коҳиши якбораи сармоягузории ИМА ба ин соҳа, имсол, ин кишвар қариб, ки ҷои худро дар феҳрасти бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон, аз даст хоҳад дод.
Беҳуда нест, ки коршиносони соҳаи энергетика пешниҳод кардаанд, вақти он расидааст, ки сарварони кишварҳо дар бораи тағйири шароит ва коҳиш додани сатҳи тиҷорати ҷаҳонӣгуфтугӯ оғоз кунанд.
Охир, савдои ҷаҳонӣ чист? Ин рушди босуръати баъзе аз кишварҳо дар натиҷаи фишору таъқиби пуразоб ба иқтисоди кишварҳои дигари ҷаҳон, таҳти назорати корпоратсия ва олигархҳо иҷро шудани ҳар гуна амалкардҳост. Ин ҳама ба хотири он аст, ки иқтисод дар хидмати қишри пулдор бимонад ва барои мавҷудияти онҳо, таъмини айшу нӯши онон бичархад, ки оқибаташ зулм, маҳдуд кардани ҳуқуқҳои таббии дигарон пеш омадани душвориҳо дар пешрафти баробари кишварҳо, ба сурати ба вуҷуд омадани қишри одамони зиёдатӣ: табақаҳоигирифтори гуруснагӣ, бекорӣ, гуреза, муҳоҷир ва ба ин монанд мушкилоти дигар аст.
Вирусро кӣ сохт?
Дар ин робита изҳори назарҳое низ ҳаст, ки коронавирус, ки акнун ҷаҳонро ба талвоса овардааст, сохта ва натиҷаи иҷро шудани тарҳи махсуси кишварҳое ба хотири ҳимоят аз нуфузи сиёсиву иқтисодиашон аст.
Аз ҷумла, сардори бахши урологияи Вазорати тандурустии Русия Дмитрий Пушкар зимни шарҳи чораҳои пешгирӣ ва таъсири коронавирус ба ҷисми одам ёдовар шуда, ки CОVӣD-19 тавассути алоқаҳаҳои ҷинсӣ низ мегузарад: «Мо бояд фаҳмем, ки наздикӣва алоқаи ҷинсӣ яке аз роҳҳои паҳншавӣ аст, зеро онҳое, ки ин вирусро сохтаанд, албатта иқдомоти фаврӣ, алахусус,давраи дар карантин будани одамонро ҳам дар назар доштанд ".
Ин соҳибназар чунин мешуморад, ки вирус дар лабораторияҳои яке аз кишварҳои пурқудрат (аз овардани номи он кишвар мо худдорӣ мекунем,- м.), ба таври сунъӣ сохта шудааст, зеро дигар давлатҳо ин гуна сатҳ ва зарурати илмии ихтирои чунин вирусҳоро, ки як навъ силоҳи мубориза барои ҳимояти нуфуз дар ҷаҳон аст, надоранд.
Ба андешаи ӯ, мақсад аз ихтироъ ва паҳн кардани он, ки вирусҳои эбола ва зика ҳамчунпешиқдомҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ буданд, нигоҳ доштани ҷойгоҳи аз даст равандаашон дар сатҳи ҷаҳон аст.
Ба ҷои охирсухан
Ҳастанд нафароне, ки мегӯянд, ки эпидемияи коронавирусро Худо барои ҷазои мо, бандагони гунаҳкор фиристод. Дар ин маврид чӣ метавон гуфт? Ба маврид аст, кибанде аз Инҷил, яке аз чор китоби осмонӣ, ки мо, мусулмонон ҳам эътирофаш мекунем, ёдовар шавам. Онҷо воқеаи афтиши манораи Силоам дар Ерусалим тасвир мешавад, ки боиси фавти 18 нафар гардида буд. Одамон пас аз ин ҳодиса аз Масеҳ мепурсанд, ки чаро он ҳаждаҳ нафар мурданд, магар онҳо гунаҳкор буданд, ки Худо онҳоро ҷазо дод? Исо ҷавоб дод: «Не».
Рӯйдодҳои ҳаёти имрӯзи моро ҳам набояд фақат ба иродаи Худо нисбат дод ва бо ҳамин осуда шуд. Ба мо лозим нест, ки ҳама чизро муболиға кунемё ба дараҷае кам нишон диҳемухудро тасаллобидиҳем,ки ҳар чӣ Худо хоҳад, ҳамон мешавад.
Бигӯем, ки Худо ҷазо дод ва маҳрумиятҳое барои бандагонаш пеш овард, беморӣ ва маргро фароҳам сохт. Дар сурате, ки ҳар гуна бемориҳова марг ҳам яке ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти биологӣ мебошанд. Вақте ки дар фаҳмиши ин гунаҳодисаҳо, кӯшиши танҳо ҳукми «Худо ҷазо дод», бароварда мешавад, ин як навъдур кардани ҷомеа аз андеша ва дарки воқеият аст. Он воқеияте, ки як гурӯҳ, ё қавме мудириятиҷомеаро дар ихтиёри худ доранду боз ҳам онро доштан мехоҳанд. Худои меҳрубон, шояд бештар на дар андешаи мороҷазо додан, балки сабақ додан аст. Вақте ба ҳар ҳодиса мо ба мақсади омӯзиш менигарем, онгоҳ ангезаи бисёре аз рӯйдодҳо фаҳмо мегардад. Дарк хоҳем кард, ки ҳама гуна рӯйдодҳо, аз ҷумла мусибатҳо чи рабте ба дигар равандҳои зиндагии рӯзмараи мо доранд.
Солеҳ ЮСУФОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: