Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 400 ҳазор гардид

Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 400 ҳазор гардид

8-04-2020, 09:49
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 400 ҳазор гардидДар ИМА шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 33 ҳазору 331 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 400 ҳазору 412 нафар расид. Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳамчунин шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар Иёлоти Муттаҳида мутаносибан 21 ҳазору 674 нафар ва 12 ҳазору 854 нафарро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 431 ҳазору 706 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 82 ҳазору 80 нафар вафот карда, 302 ҳазору 150 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 894 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА ҳамчунин Испания (141 942 нафар), Италия (135 586), Франсия (109 069), Германия (107 663), Чин (81 802), Эрон (62 589), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 253) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 279 нафар, Испания – 43 208, Германия – 36 081, Эрон – 27 039, Италия – 24 392, ИМА – 21 674, Франсия – 19 337, Швейтсария – 8 704, Кореяи Ҷанубӣ – 6 776 ва Белгия – 4 157 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (17 127 нафар), Испания (14 045), ИМА (12 854), Франсия (10 328), Британияи Кабир (6 159), Эрон (3 872), Чин (3 333), Нидерланд (2 101), Белгия (2 035) ва Германия (1 810) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: