Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз коронавирус то васвасаҳои хабарӣ

Аз коронавирус то васвасаҳои хабарӣ

26-03-2020, 10:01
Хабарро хонданд: 31 нафар
Назарҳо: 0
   Аз коронавирус то васвасаҳои хабарӣ
Ҳоло хабарҳои хуб ҳам дар ин маврид ягон-ягон чоп мешаванд. Аз ҷумла, дар Маркази ситорашиносии Русия бар ин боваранд,ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба зудӣ хотима меёбад.
Роҳбари ин марказ Александр Зараев, ки дар аввали соли равон аз хуруҷи эпидемияе ба монанди зуком ва дигар бемориҳои вирусӣ дар дунё пешгӯӣ карда, гуфта буд, ки дар пайи хуруҷи ин беморӣ мардуми зиёде дар кишварҳои гуногун ба мушкилот дучор хоҳанд шуд, акнун мегӯяд: «Авҷи коронавирус, ки аслан ба сабаби паст шудани масунияти одам паҳн шудааст, аз 10 апрел то 25 апрел сурат мегирад. Баъд аз ин, эпидемия бешак коҳиш меёбад».
Ба қавли ин ситорашинос, пас аз он мақомоти кишварҳо ба боз кардани марзҳояшон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии ин беморӣ бастаанд, аз нав оғоз мекунанд.
Ба андешаи ин ситорашинос, соли 2020 бо зиёдии энергияҳои ноустувор аз солҳои дигар фарқ мекунад ва ин боиси пеш омадани рӯйдодҳои барои сокинони замин ғайриодӣ мешавад, ки ин беморӣ яке аз онҳост.
Аммо роҳбари Маркази астрологии Русия гуфтааст, ки чунин як эпидемия эҳтимолан дар тирамоҳ низ пеш меояд ва шояд он зуком бошад, на коронавирус ва сатҳаш низ чунин васеъ нахоҳад буд.
Пандемияи коронавирус

Охирҳои декабри соли гузашта, мақомоти Чин аз пайдоиши бемории илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд. Баъдтар муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни вируси навро ба зудӣ дар ин шаҳр пайдо карданд. Вирус хеле зуд берун аз шаҳр ва минтақаҳои дигари Чин ва сипас дар кишварҳои дигар паҳн шуд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо дарназардошти суръати паҳншавӣ, бемории коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар ҷаҳон ҳамзамон бо он аст, ки дар худи Чин ва Вуҳан шаҳри пайдоиши ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба поён расида, ба гуфтаи мақомот, беш аз 90дарсади беморон шифо ёфтаанд. Акнун Чин мутахассисонашро барои ёрӣ ба Эрону Ироқ ва Италия фиристода истодааст.
Баробари пайдоиши ин вирус истилоҳоти тиббии барои мардуми одӣ нофаҳм - эпидемия, пандемия ва эндемия бори дигар такурӯ шуд.
Духтурон шарҳ доданд, ки пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд.
Пандемия ва эпидемияҳои вабо, тиф, зуком, сил, вараҷа, махав, бемории сироятии ВИЧ барои мо шинос аст ва ба ин зумра ҳоло бемории коронавирус низ илова гардид.
Дар кишварҳои ҳамсояи мо бо омилҳои гуногун ин вирус ворид ва зуд паҳн гардид. Бино ба хабарҳо, аз ҷумла омили ба ӯзбекистон омадани вирус, мусофире буд, ки аз Истанбул онро овард ва он зуд аз шавҳар ба ҳамсар ва баъдан ба набера гузашт. Ҳамчунин мусофироне онро аз Аврупо ба Қирғизистон оварданд.
Шумораи гирифторони ин маризӣ дар Қазоқистон низ ҳоло рӯ ба афзоиш аст. Бесабаб нест, ки президентҳои ин се кишвари ҳамсоя бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ вазъи фавқуллода эълон кардаанд.
Дар ин кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавӣ аз коронавирус муассисаҳои таълимӣ пурра карантин эълон шуда, баргузории тадбирҳои оммавӣ манъ шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба хотири пешгирӣ аз ин офат ва дар пайи иқдомоти Ӯзбекситон ва Қирғизистон сарҳадоти худро баст ва парвози ҳавопаймоҳоро ба баъзе аз кишварҳо муваққатан қатъ кард.
Гумонҳо зиёданд

Чжао Литсян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Чин, бар ин назар аст, ки артиши ИМА метавонад коронавирусро ба Вуҳан оварда бошад. Вай мушоҳидаҳои худро дар саҳифаи расмиаш дар Интернет навишт.
Ба гуфтаи ӯ, далелҳое мавҷуданд, ки коронавирусро олимони америкоӣ ҳанӯз 5 сол пеш синтез кардаанд. Мақолае низ дар ин мавзӯъ соли 2015 дар маҷаллаи Nature Medicine ба табъ расида буд. Дар он гуфта мешавад, олимон вирусеро барои бадани инсон мутобиқ эҷод карданд ва он баъдан бо номи коронавирус маълум шуд.
ВАО гузориш доданд, ки мақсад аз ин тарҳи Идораи марказии ҷосусии Америка (CIA) ба зону шинонидани кишварҳои рақиб ва дар ҷанги тиҷоратӣ мағлуб кардани Чин мебошад. Аммо иҷрочиёни ин тарҳ ба эътибор нагирифтанд, ки бо коронавирус суботи тамоми ҷаҳонро ба хатар меандозанд Имрӯз он тамоми дунё аз ҷумла ИМА-ро фаро гирифтааст, - менависад ExpressGazeta.
Мақоми дигари Вазорати корҳои хориҷаи Чин Чжао Лидзян низ дар мавриди баъзе шубҳаҳо доир ба пайдоиши ин беморӣ ва нисбат додани он ба Хитой дар Твиттер навишт: «ИМА бояд аз нисбат додани ин вирус ба кишвари мо бояд худдорӣ кунад ва беҳтар аст, ки сабаб ва омилҳои эҷоди ин бемориро ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баён кунад».
ӯ дар ин матн, ки посухе ба изҳороти Роберт Редфилд, роҳбари Маркази америкоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо аст, ёдоварӣ намудааст, ки дар Иёлоти Муттаҳида чандин ҳолатҳое буданд, ки одамоне гӯё аз зукоми хук даргузаштанд, аммо дар натиҷаи таҳқиқоти пас аз марг дар ҷасади фавтидаҳо коронавирус пайдо кардаанд.
Пас, аввалин ҳолати сирояти коронавирус на дар Хитой, тавре ки гумон меравад ва на 17 декабри соли 2019 ошкор шудааст, балки пештар кашф гардида, аммо ҳеҷ яке аз ин мубталоёни бемори коронавирус номида нашудаанд. Дар Хитой сирояти васеи аҳолӣ пеш омад,ки сипас ба пандемия табдил ёфт.
Сенатори рус Франс Клинсевич низ дар шарҳи матлабе, ки Global Research бо имзои Ларри Романофф дар бораи манбаи коронавирус нашр кард, навишт, ки ба андешаи ӯ, COVID-19 наметавонист дар бозори Вуҳан пайдо шавад, балки он натиҷаи озмоишҳои лабораторӣ бояд бошад.
Ба гуфтаи ӯ, «макони таваллуд»-и коронавирус яке аз био-лабораторияҳои воқеъ дар Форт -Детрик аст.
Тавре Клинсевич зикр мекунад, вай ҷонибдори назарияҳои иғвогарона нест, аммо версияе, ки гуфта мешавад, COVID-19 ба таври сунъӣ сохта шудааст, ба назари ӯ дуруст менамояд.
Сенатор ёдовар шуда, ки он чӣ дар ҷаҳон рух дода истодааст, танҳо ба нафъи Иёлоти Муттаҳида мебошад ва ба президент Доналд Трамп, барои бекор кардани интихоботи президентӣ дар ин кишвар, ки 3 ноябр бояд доир гардад, дастак мешавад.
Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор дошта аст, ки
ҳеҷ кишвар ё ҷомеаи кишварҳо аз хатари хуруҷи вируси COVID-19 эмин буда наметавонанд.
Бинобар ин дар баробари пешниҳодҳои дигар инчунин тавсия мешавад, ки ҳар шахс аз тамос бо одамони бемор худдорӣ намояд, дастҳоро бо собун ва об дар тӯли 20 сония бишӯяд, аз воситаҳои дигари пешгирӣ аз ин беморӣ истифода кунад.
Одамоне, ки гирифтори табларза, сулфаи шадид ё нафаскашии шадид ҳастанд, бояд дар хона берун нараванд ва ба духтурон муроҷиат намоянд.
Бар иловаи ин, бе таҳлука ва ором зистан низ яке аз шартҳои дигари муҳим барои ҳифзи саломатӣ дониста шуда, таъкид мегардад, ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошад.
Дунё ба умед обод аст

Духтур ва барандаи маъруфи телевизиони Русия Евгений Комаровский дар як барномаи вижа нақл кард, ки чӣ гуна нисфи шахсони мубталои коронавирус саломатии худро барқарор карданд.
Ба гуфтаи вай, барои 99% бемориҳои сироятии вирусӣ, ки одамон мубтало мешаванд, дору ё ваксина вуҷуд надорад. Дар бисёр ҳолатҳо, ба гуфтаи ин мутахассис, иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кумак мекунад ва коронавирус низ истисно нест.
ӯ тавзеҳ дод, вақте ки вирус дар бадан пайдо мешавад, системаи масуният ба истеҳсоли антителҳои антивирусӣ сар мекунад ва пас аз чанде маҳз ин чиз бемории навпайдоро нобуд мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисоби миёна, дар давоми 3-5 рӯз масуният ба беморӣ дар бадан ташаккул меёбад, пас аз он муқовимат оғоз меёбад.
«Одам ин як махлуқи бадбахту бечора нест, ки аз ҳар вирусе, ки ба ҷисмаш ворид мешавад, бимирад" гуфт ин мутахассис.
Нигоҳи дигар
Олими рус аз Маркази федералии тадқиқоти тибби фундаменталии Русия Александр Шестопалов изҳор кард, ки ҳадди пандемияи COVID-19 то нимаи тобистони соли равон коҳиш хоҳад ёфт. Коршинос таъкид кард, ки ин беморӣ аз сатҳи баландтарини худ аллакай гузашта ва то моҳҳои июн-июл паҳншавии он низ кам мешавад.
Профессор Павел Воробёв, раиси Ҷамъияти илмии терапевтони шаҳри Москва, академики Академияи илмҳои тиббии Русия муътақид аст, ки вазъи ба амаломада ба ягон эпидемияи коронавирус наздик нест ва ин танҳо «хуруҷи як бемории аз қабл озмоишшуда» аст.
Ин коршинос дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Аргументы и факты» гуфтааст, ба сабаби он ки барои касе хеле муҳим аст онро эпидемия ва сипас пандемия номгузорӣ карда, ҷаҳонро ба таҳлука оварданд. Барои кӣ ва бо чӣ мақсад ин корро карданд, баъдтар маълум хоҳад шуд, -таъкид намудааст ӯ.
ӯ барои намуна аз вазъияте, ки дар киштии сайёҳии Grand Princess, ки дар соҳили Калифорния наздикиҳои Сан- Франсиска боздошт ва дар он карантин эълон гардид, ёдовар шуд, ки ҳеҷ хатаре барои атрофиён надошт, вале барои кишвар ва созмонҳое ин воҳима лозим буд, то таваҷҷуҳи мардум ба он равона гардад. Он 2400 мусофири сайёҳ ва ҳайати 1100 - нафараи кормандонро дошт. Аз саҳни киштӣ фақат 19 аъзои экипаж, ки америкоӣ буданд, раҳо карда шуданд ва бақия зери карантин қарор гирифтанд.
ӯ таъкид кардааст: «Гӯё бемореро дар ин киштӣ кашф карданд (аз ин рӯ, нисбати тамоми бошандагонаш карантин эълон шуда, ба бандарҳо ворид шудани киштиро манъ карданд). Гуфта мешуд, бисёр мусофиронаш гирифтори вирус шудаанд. Дар гузоришҳо шумораи мубталоён беш аз 600 нафар зикр мегардид. Шабурӯз гузориш медоданд, воҳима мекарданд, аммо дар асл маълум шуд, ки танҳо ду пирамарди 80-сола вафот кардаанд, шояд онҳо ҳам ба сабаби аз кадом як бемории дигар, ки пас аз воҳимаи зиёд авҷ гирифта бошад, вафтидаанд. Одамон дар ин синну сол ҳассосанд, аз ҳар гуна хабари нохуш ҳам ба марг дучор мешаванд. Мо намедонем, ки онҳо ба кадом бемориҳо гирифтор буданд. Дигарон каме бемор шуданд. Аммо агар вирус дар ҳақиқат гузаранда ва марговар мебуд, дар муддати чанд ҳафта дар ин киштии бо имконоти маҳдуд, як одами солим ҳам намемонд. Ин як мисоли мушаххас барои мост, ки ҳама гапро дар бораи пандемия, эпидемия ва ғайра рад мекунад»- гуфт ӯ.
Дар ҳамин маврид иқтисодшиносон ҳам назари худро доранд. Баъзеҳо изҳор мекунанд, ки достони вирус барои мубориза бо буҳрони пеш омада дар баъзе аз кишварҳо оғоз шудааст, дигарон мегӯянд, ба хотири доман задан ба буҳроне дар сатҳи ҷаҳон ин кор роҳандозӣ шудааст. Аммо як чиз возеҳ аст, ки якбора дар чандин кишвар паҳн шудани ин беморӣ танҳо аз тасодуф наметавонад бошад. Зеро ин вазъият акнун боиси пеш омадани рӯйдодҳои муҳими иқтисодӣ ва сиёсӣ (нафақат дар Чин), балки берун аз он шудааст. Интизор мешавем, ки дунёдорон пас аз ин чӣ гуна ба тақсимоти бозорҳои ҷаҳонӣ иқдом мекунанд. Коронавирус шароити муносибро барои ин кор пеш овардааст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: