Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Авзои ҷаҳон

31-03-2020, 11:58
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Авзои ҷаҳон
Коронавирус зӯртар аз С-400

То коронавирус ҷаҳон бо таҳдидҳои кишварҳои бузург ба якдигар рӯ ба рӯ буд. Ҳоло он ҳама фаромӯш шуд ва ҳатто кишварҳое чун Америка ва Русия, ки ба монанди ҷанги бе қоида (бой без правил) дар ҳоли рақобат буданд, аз таҳдиди ин беморӣ ба худ омада, ба якдигар дасти мадад дароз мекунанд.
Ду кишваре, ки яке бо ҳавопаймои ҷангии F-16 Fighting Falcon ва F-35, дигаре бо системаи С-400-у дигар таҷҳизоти муосиртарини и худ фахр мекарданд, акнун пеши ин вирус эҳсоси нотавонӣ доранд. Коронавирус аллакай ба Конгресс ворид шуда, онҷо ҳадди ақал се қонунгузор, аз ҷумла дӯсти Трамп сенатор Рэнд Полро сироят кардааст, ба хотири гурез дар ҷамъ аз миёни аъзои сенат даҳҳо нафар ба карантини ихтиёрӣ рафтаанд.
Дар Британияи Кабир ҳатто сарвазир Борис Ҷонсон аз мубталои ин вирус шудани худ хабар додааст.
Рӯзҳое буд, ки Иёлоти Муттаҳида аз рӯи шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус аз Хитой пеш гузашт. Тибқи иттилои вебсайти Worldometer, то дирӯз дар ин кишвар беш аз 90 ҳазор сироят ёфта буданд.
Ҳоло оромии ҳаёт дар сайёра барҳам хӯрдааст. Ба андешаи хушбинтарин коршиносон, бозгашт ба ҳолати одӣ аз ҳар гуна буҳронҳои пас аз ҷанг бештар хароҷот мекунад. Вируси нав лоиҳаи ниҳоии худро барои моҳҳо, агар солҳо набошад, пешниҳод карданист. Ғарб барои табобат ва барқарорсозии иқтисодихуд пешпардохт мекунад ва он ба маблағе наздик ба триллион доллар мерасад.
Гарчанде пандемияи ин беморӣ дар Ғарб то ҳоло ба авҷи худ нарасидааст ва давомнокии он муайян хоҳад кард, ки он чӣ қадар одамони камбизоатро абгор мекунад. Дар аксари кишварҳо, карантин як ё ду ҳафта тӯл мекашад ва мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо дарназардошти вазъият он метавонад то шаш моҳ идома ёбад.
Аммо ин ҳама ҳанӯз нисфи душвориҳост. Маблағҳои калоне барои рафъи паёмадҳои беморӣ лозим хоҳад шуд. ИМА нақшаи зиддибуҳронии 2 триллион доллариро тасдиқ кард, Аврупо ним триллион ҷудо карда, дар талоши пайдо намудани маблағи зиёдтар барои рафъи оқибатҳои буҳрон мебошад. Дар маҷмӯъ, кишварҳои G20 аллакай ваъда кардаанд, ки барои мубориза бо буҳрони кунунӣ 5 триллион доллар пули андозсупорандагонро сарф мекунанд, ки ин тақрибан 6% иқтисоди солонаи ҷаҳон аст.
31 декабри соли 2019 мақомоти Чин сар задани бемории пневмония дар Вуҳанро эълон карданд. Омили беморӣ коронавируси нав мебошад, ки ба он номи расмии COVID-19 дода шудааст.
Бар асоси маълумотҳо то дирӯз дар дунё 784 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуда, зиёда аз 165 ҳазор бемор шифо ёфтаанд ва 37,781 вафот карданд.Авзои ҷаҳон
С-400 вазъи минтақа, СOVID-19 авзои ҷаҳонро тағйир дод

Ба назари таҳлилгарон, давлати Туркия дар соли 2019 бо харидорӣ ва озмоиш кардани системаи русии мушакии С-400 вазъияти минтақаро тағйир дода буд, аммо пас аз паҳн шудани коронавирус вазъияти сиёсиву иқтисодӣ дар кулли дунё дигар шуд. Баъзеҳо бар ин андешаанд, ки алорағми тақозои ИМА, аз сӯи мақомоти Анкара харидорӣ шудани ин воситаи замонавии дифоӣ зарбае ба эътибори саноати ҳавопаймоии кишварҳои НАТО низ буд. Аммо акнун чунин ба назар мерасад, ки ҳло дигар ҳама гуна эътиборҳо ва ғурурҳо назди бемории нав шикаста шудаанд. Баҳсу таҳдидҳо болои Сурия ҳам кам шуд.
С-400 пеши СOVID-19 оҷиз аст

Чанде пеш Вазорати мудофиаи Туркия натиҷаҳои санҷиши системаи мушакҳои зиддиҳавопаймоии С-400-ро ошкоро эълон намуда, дар қиёс бо он афсонаи бартарӣ доштани дигар технологияҳои муосири ҳарбиро аз байн бурд.
Пас аз як намоиши воқеии қобилияти ин система дар фазои ҳавоӣ, Туркия ба тавоноӣ ва қобили эътимод буданаш бовар пайдо карда, бо ин рафтори худ бори дигар аз "хатти сурх" гузашт ва ҳампаймонҳои худро дар НАТО ба хашм овард.
Дар асл, ин хашм аз он сабаб буд, ки системаи С-400-и аз Русия харидашуда, дар наздикии Анкара макон гирифта, ҳавопаймои ҷангии F-16 Fighting Falcon-и мутааллиқ ба НАТО-ро дар ҳади фарогирии радарӣ, яъне дар масофаи 600 километр дурӣ ёфт. Қаблан яке аз кишварҳои ғарбӣ иттилое паҳн карда буд, ки гӯё системаи С-400, ки бо номи «Триумф» ҳам маълум аст, «F-16»- и онҳоро дар масофаи 200 километр мушоҳида кардааст.
Аммо натиҷаи озмоиш нишон медиҳад, ки радари С-400 на танҳо Ғ-16-ро дар ҳадди ниҳоии худ муайян мекунад, балки системаи мушакии он ҳамеша омода аст, дар сурати амр ракетаҳоро фаврӣ ба ҳадаф фиристад, то ҳавопаймоҳои ҷангии душманро пеш аз ворид шудан ба минтақаи зарба нобуд созад. Ин ба маъноест, ки системаи дар ҳолати омодагӣ ва ҳушёрии ҷангӣ қарор дошта, ҳолати ба таври худкор ( автоматӣ) муайян ва нест кардани ҳадафҳои ҳавоиро бе иштироки операторон (барои сарфаи вақт) дорад. Яъне ҳавопаймоҳои ҷангии Ғ-16, агар дар 600-километрӣ муайян шуда бошад, пас дар масофаи 400 километр то Анкара (ё ҳар шаҳри дигар) нест карда мешаванд.
Далелҳои пирӯзӣ

С-400 дар Туркия барои муайян кардани хусусиятҳои ҷангӣ - муайянкунии ҳад (диапазон), устуворӣ дар пайгирии ҳадаф, самаранокии нобудсозии он ва ғайра озмоиш шуд.
Дар тӯли 8 соат пайваста ду F-16, як F-4 ва як чархбол аз самтҳои гуногун ва дар баландӣ ва бо суръати мухталиф ба минтақаи ташхиси «Триумф» медаромаданд. Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия аз дур гирди минтақаи таҳти назорати радарҳои С-400 парвоз мекарданд. Чунки маъмулан ҳавопаймоҳое барои халал расонидан ба радарҳои ошкоркунанда аз дур парвоз намуда, ба хотири ошкор нашудани ҳадафҳо нур паҳн мекунанд. Вақти санҷиш ҳар боре, ки ин ҳавопаймоҳо ва чархбол ба ҳади радарии система наздик мешуданд, С-400 хабар медод ва мушаки шартӣ мепартофт. Система бо чунин аксуламал нишон дод, ки сифати баланди ҷангӣ дорад.
Ҳамзамон бо ин, аз сӯи низомиёни турк озмоиш шудани С-400 хусусиятҳои дигари ҷангии онро ошкор намуд. Аз ҷумла, маълум кард, системаи мудофиаи ҳавоии С-400, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда эълон шудааст, на «рекламаи тиҷоратӣ», балки воқеияти нохушу ноумедкунанда барои Қувваҳои ҳавоии бисёре аз кишварҳои НАТО аст.
Лозим ба зикр аст, ҳавопаймоҳои чангӣ ва бомбапартои насли чоруми F-16 асоси қудрати ҳавоии Ғарб дониста мешавад. Он дар бозори таҷҳизот ва техникаи ҷаҳонӣ эътирофшуда буда, онро 25 давлат пазируфтаанд. Бино ба гузориши манбаъҳои ҳарбӣ, арзиши як ҳавопаймои F-16 аз 34 то 50 миллион доллар буда, арзиши F-35-и «ноаён» се баробар аз ин бештар аст. Мушакҳои «Триумф», ки Туркия ба хотири дифоъ аз ҳамлаҳои эҳтимолии онҳо аз Русия харидааст, хеле арзон ва самаранок дониста мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ, системаи мушакии зидди ҳавопаймои С-400 барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ- кайҳонӣ, аз ҷумла ракетаҳои дорои сатҳи баланд, ки бо суръати то 5 километр дар як сония парвоз мекунанд, сохта шуда, дар як дақиқа метавонад ҳавопаймоҳои ҷангии ду полки душманро нобуд созад.
Радарҳои пурқувват он ҳадафҳоро дар масофаи то 600 километр, дар ҳама гуна шароити муқовимати электронӣ ва обуҳаво мушоҳида мекунанд. Дастгоҳҳои мобилии он чор ё зиёда ракетаҳои зидди ҳавопаймои дараҷаҳои гуногунро ҳидоят менамояд.Як батареяи «Триумф» метавонад то 72 ракетаи роҳнамо дошта бошад ва ҳамзамон 36 ҳадафро оташ занад.
Истифодаи намудҳои гуногуни ракетаҳо ба С-400 имкон медиҳад, ки ба самти парвози ҳавопаймоҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин, мушакҳои тактикӣ ва баллистикӣ дар тамоми сатҳи баландии имконпазири парвоз (аз 5 метр то 30 километр) ва масофа (аз 400 км то 2 км) таъсир расонанд. Ғайр аз он, система қобилияти ҳамгироӣ бо системаҳои мудофиаи ҳавоии намудҳои мухталиф (С-300, Shell-C1, Tor-M1)-ро дошта, шабакаи назарраси системаҳои мудофиаи ҳавоии хатҳои гуногунро идора мекунад.
Дурнамои F-35-и «ноаён»

Шояд як ҳавопаймои замонавии америкоии F-35 (насли панҷум) ба радари «Триумф» наздиктар парвоз карда тавонад, аммо ногузир ракетаи худро дар ҳамон минтақаи нобудсозии 400- километрӣ дарёфт мекунад. Ва имрӯз нигаронии асосии Пентагон аз он аст, ки бо С-400 дар Туркия роҳҳои самаранок пайдо ва нобуд кардани ҳавопаймои ҷангии “ноаён” -и Америкаро меомӯзанд. Бесабаб нест, пас аз он ки Анкара ин системаи русиро дарёфт намуд, Вашингтон ҷониби Туркияро аз ҳақи иштирок дар барномаи сохту истеҳсоли F-35 маҳрум кард.
Қаблан ИМА фурӯши системаи дифои ҳавоии Патриотро ба Туркия рад карда, бо ин худ заминаи низоъи манфиатҳо ва буҳрони шадиди муносибатҳои дохили паймони НАТО-ро пеш овард. Ҳоло дар вақти машқҳои низомӣ нерӯҳои ҳавоии ИМА ва муттаҳидонаш амалкарди «хуруҷ» аз системаҳои дифои ҳавоии «Триумф» ва С-400-и Русияро тамрин мекунанд. Дар ҳоле ки баъзе аз кишварҳои НАТО (аз ҷумла Олмон ва Франсия) чандон майли харидани насли панҷуми F-35-ро надоранд.
Ҳавопаймоҳои ин насл, бино ба хабарҳо, қариб 190 миллион доллар нархгузорӣ шудаанд.

Аммо таҳаввул дар муносибатҳои Туркия ва Русия нишон медиҳад, ки имрӯз системаи куллан фарқкунандаи арзёбиҳои геополитикӣ имконпазир гардидааст. Зеро «Триумф»-и русӣ воқеияти дигари созандаро пеш оварда, ба ҷои ҷаҳони якқутбӣ ҷаҳони чандқутбиро устувор намудааст, як блоки низомии монополистро, ки ҳар вақте ва дар ҳар кишваре мехост бесуботӣ эҷод кунад, заиф намуда, кишвар ва иттиҳодҳои дигари посухгӯ ба ин зӯргӯиҳои сатҳи ҷаҳониро ба майдон овард. Ҳоло, ки насли панҷуми С-500 «Прометей» дар роҳ аст, Туркия аввалин кишваре мебошад, ки бори дигар ба харидани ин системаи замонавӣ изҳори омодагию ҳамкорӣ бо Русияро кардааст.
Мақомоти турк ба тамоми ҷаҳон ошкоро изҳор мекунанд, ки аз таҳдиду ғазаб наметарсанд ва бовар надоранд, ки ИМА дигар имкону тавони расонидани зарари воқеӣ ба кишварашонро дошта бошад.
Ин нукта ҳам қобили таваҷҷуҳаст, ки қарордод байни Москваю Анкара барои фиристодани чор дивизиони С-400 ба Туркия соли 2017 баста шуда, арзиши он 2,5 миллиард доллар аст.
Ҳоло маълум нест, таҳдиди коронавирус ба кишварҳо ва умуман ба ҳаёти сайёра то кадом андоза ба муносибатҳои хасмонаи давлатҳо ба якдигар,ки боиси харҷҳои зиёд мешавад, таъсир мегузорад. Ба ҳар сурат, кишварҳо бо дарки воқеият аз баҳри нақшаҳои ҷаҳонгирона гузашта, андешаи ҳифзи ҳаёт ва рақобати солимро кунанд,беҳтар аст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: