Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Русия интизор дорад, ки НАТО густаришаш дар шарқи Аврупоро тавзеҳ медиҳад

Русия интизор дорад, ки НАТО густаришаш дар шарқи Аврупоро тавзеҳ медиҳад

13-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
Русия интизор дорад, ки НАТО густаришаш дар шарқи Аврупоро тавзеҳ медиҳадРусия интизор аст, ки НАТО дар робита ба тағйироти чашмгири теъдоди нерӯҳояш, аз ҷумла "амалисозии босуръати нақшаҳои зиддимушакии ИМА/НАТО дар Аврупо" равшанӣ меандозад. Дар ин бора намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳори назар кардааст.

Захарова гуфтааст, Москва умедвор аст, ки зимни нишасти Шӯрои Русия-НАТО, ки қарор аст 13 июл дар Брюссел баргузор шавад, тавзеҳоти НАТО-ро дарёфт хоҳад кард.

Дар саммити НАТО, ки рӯзи шанбе дар Варшава ба поён расид, президенти ИМА Барак Обама гуфт, амалкарди Русия дар шарқи Украина ба идеяи Аврупои осоишта таҳдид мекунад. Обама ҳамзамон Москваро дар вайрон кардани ягонагии марзӣ ва истиқлолияти Украина айбдор кард.

Ба ҳайси чораҳои пешгирикунандаи Русия дар шарқи Аврупо сарони кишварҳои Эътилофи низомии Атлантикаи шимолӣ ба ин натиҷа расиданд, ки дар Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика 4 баталони гуногунмиллатро ҷойгир созанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни саммит роҳбари НАТО Йенс Столтенберг ба такрор гуфт, ки бо Русия бояд муколамаи созанда барқарор карда шавад. Вай гуфт, набояд ба бархурд роҳ дод, тавре ки дар замони Ҷанги сард сар зада буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: