Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Вазъи фавқулода дар Қазоқистон то 1 май тамдид шуд

Вазъи фавқулода дар Қазоқистон то 1 май тамдид шуд

15-04-2020, 13:28
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Вазъи фавқулода дар Қазоқистон то 1 май тамдид шудВазъи фавқулодае, ки ба иллати коронавирус дар Қазоқистон ҷорӣ гашта буд, то субҳи 1 май тамдид шуд. Дар ин бора президенти Қазоқистон 14 апрел фармонеро содир кард.

Ҳолати изтирорӣ дар Қазоқистон 16 март эълом шуда, бояд субҳи 15 апрел ба поён мерасид.

Ду шаҳри бузургтарини Қазоқистон - Алмато ва Нурсултион 19 март карантин шуданд. Дертар дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ карантин эълом гашт.

Дар пайи эъломи ҳолати фавқулода ва карантин кардани баъзе аз шаҳрҳо вазъи иқтисодии сокинон дар Қазоқистон бад шуд.

Дар натиҷа мақомот ваъда доданд, ба ҳар шаҳрванде, ки дар пайи паҳн шудани коронавирус ҷои кор ва тиҷораташро аз даст додааст, 95 доллар кумакпулӣ хоҳанд дод. Дар баъзе аз шаҳрҳои Қазоқистон навбатпоии тӯлонӣ ва ҷанҷоли сокинон барои дарёфти ин кумак мушоҳида мешавад.

Дар Қазоқистон дар як рӯзи охир 33 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумори умумии беморон ба 1232 расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: