Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Қазоқистон қурби доллар баъди изҳороти БМҚ гаронтар шуд

Дар Қазоқистон қурби доллар баъди изҳороти БМҚ гаронтар шуд

16-03-2020, 11:30
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қазоқистон қурби доллар баъди изҳороти БМҚ гаронтар шудҚурби доллар дар Қазоқистон рӯзи душанбе, пас аз изҳороти Бонки миллии ин кишвар (БМҚ), ки гуфт, арзиши тангаро нигаҳ намедорад, якбора гаронтар шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Kurs.kz, имрӯз 1 доллари амрикоӣ дар саррофиҳои шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон 440 танга хариду фурӯш мешавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи гузашта қурби 1 доллар дар ин кишвар 405,46 тангаро ташкил медод.
Бонки миллии Қазоқистон ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки ба хотири пешгирӣ аз поинравии арзиши танга ба бозори асъор дахолат кард. Ба гуфтаи бонк, ҳадаф аз чораҳои андешида пешгирии беқурбшавии аз ҳад зиёди арзиши танга ба ҳисоб мерафт.
Қурби тангаи қазоқӣ дар баробари арзиши нафт 11 март баъд аз он поин рафт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ коронавирусро фарогир эълом кард. Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоён ба ин вирус дар Қазоқистон ба 9 нафар расидааст. Вируси нав дар онҳое ошкор шудааст, ки аз хориҷ баргаштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: