Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар ИМА бори нахуст офати сартосарӣ эълом шуд

Дар ИМА бори нахуст офати сартосарӣ эълом шуд

13-04-2020, 11:26
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Дар ИМА бори нахуст офати сартосарӣ эълом шудПрезиденти ИМА Доналд Трамп дар робита ба паҳн шудани коронавирус ё COVID-19 фармони эъломи офатро дар ҳамаи 50 иёлат имзо кард. Ин бори нахуст аст, ки дар саросари ИМА омадани офати табиӣ эълом мешавад.
Расонаҳои ИМА борҳо бо нашри матлабҳое фаъолияти Трампро дар робита ба коронавирус танқид карданд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, коршиносон борҳо ба андешидани чораҳи сахт ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ҳанӯз дар зимистон исрор карда буданд, вале президент ба пешниҳоди онҳо розӣ нашуд. Трамп дертар Созмони ҷаҳонии тандурустиро танқид кард. Ба гуфтаи президенти ИМА, созмон барои Чин аз ҳад зиёд вақт ҷудо кард.
ИМА аз нигоҳи шумори қурбониёни коронавирус, ки ба беш аз 20 ҳазор расид, Итолиёро низ гузашта ва ҳоло дар ҷаҳон дар мақоми аввал аст. Бино ба омори ахир, шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА ба 381 ҳазор наздик шудааст. Аз ҳама бештар сокинони Ню-Йорк (8,5 ҳазор) аз вирус ҷон бохтаанд. Бино ба маълумоти ахир, дар маҷмуъ беш аз ним миллион сокини Амрико ба коронавирус мубтало шудаанд.
Дар Итолиё 19,5 аз вируси мазкур ба ҳалокат расидаанд. Дар ин кишвар беш аз 152 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз нигоҳи маргу мир аз ин вирус Итолиё дар мақоми севум аст. Дар он кишвар зиёда аз 16,5 ҳазор кас ҷон бохта, шумори мубталоён ба беш аз 163 ҳазор одам мерасад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: