ХУРУҶИ ЗУКОМИ ХУКӢ ДАР ҶАҲОН16-01-2019, 08:55
Хабарро хонданд: 435 нафар
Назарҳо: 0
Инак, аз таҷлили Соли нав 16 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин ид мо ба ҳамдигар пеш аз ҳама саломатӣ орзу мекунем ва Соли навро ҳамчун соли нек фол мекушоем. Мунаҷҷимону ситорашиносон пешгӯӣ карданд, ки соли хубон, соли дастаҷамъӣ, дӯстӣ ва намои сафедию зардӣ дорад ва рамзи ин ду ранг дар зиндагии инсон файзу баракатро мерезад. Зумрае мегӯянд, ки хук ҳайвони ниҳоят солим аст ва соли 2019 ба одамон сиҳатмандию саломатӣ меорад. Аммо, мутаассифона, оғози соли нав баръакси гуфтаҳои болоӣ шуд ва дар ибтидои сол беморие бо унвонии зукоми хукӣ, А H1 N1 дар қисме аз мамлакатҳои дунё паҳн гардида мардумро ба таҳлука овардааст. Мувофиқи нишондоди РИА «Новости»-и Русия ва ширкати телевизионии "Рустави»-и Гурҷистон дар як моҳи охир 170 нафар дар ин ҷо ба зукоми А H1 N1 гирифтор шудаанд ва 15 нафар ба ҳалокат расидааст. Алъон дар ин мамлакат вазъи фавқулода эълон шудааст ва барои пешгирии он тамоми чораҳои заруриро дида истодаанд. Хатари гузаштани вируси он ба дигар ҷумҳуриҳо низ аз эҳтимол дур нест, зеро Гурҷистон бо бисёре аз мамлакатҳои пасошӯравӣ муносибатҳои иқтисодӣ ва саноатӣ дорад. Мамлакатҳои зиёде ҳастанд, ки аз Гурҷистон чой, мандарин, апелсин ва дигар маҳсулоти саноатиро мехаранд ва бо ин роҳ гузаштани зукоми А H1 N1 аз эҳтимол дур нест. Иддае бар инанд, ки вируси ин бемориро гурӯҳе махсус оварда, паҳн мекунанд ва аз фурӯши маводи доруворӣ манфиати калони пулӣ мебинанд. Аммо дар асл ин тавр нест. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин беморӣ аз тарафи ашхосе, ки дар худ ин маризиро доранд, бо роҳи нафас ба ҳамдигар муошират кардан, умуман ба гигиена риоя накардан ба дигарон мегузарад. Барои пешгирии он аз мутасаддиёни соҳаи тиб зиракиву ҳушёрӣ лозим аст, яъне сари вақт ҳангоми эпидемия, дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан бунгоҳҳои махсуси тиббӣ кушода, меҳмонону мусофирон аз назорати тиббӣ бояд гузаранд. «Зукоми хукӣ» ва ё А H1N1 яке аз бемориҳои хатарнок дар тамоми курраи Замин дониста мешавад ва ба он одамон, инчунин намудҳои гуногуни ҳайвонот гирифтор мешаванд. Хуруҷи ин беморӣ соли 1931 ба қайд гирифта шуда, аз тарафи олими амрикоӣ Ричард Шоуп кашф гардид. Хатари аз ҳама зиёди зукоми А H1N1 ба се гурӯҳ одамон бештар таҳдид мекунад. -занони ҳомиладор; -кӯдакони то дусола; -ашхосе, ки ба бемориҳои роҳи нафас гирифторанд. Моҳи марти соли 2009 бемории зукоми А H1N1 дар давлтаи Мексика ангезиш ёфта, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ тамоми мамлакатро фарогир шуд. Дар моҳи аввали сар задани ин беморӣ тақрибан 1000 нафар шаҳрвандони Мексика мубталои зукоми А H1N1 гаштанд ва 81 нафар гирифторони ин беморӣ дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ҷон бохтанд. То моҳи август вируси беморӣ ба ИМА, Россия, Полша, Япония, Корея, дар маҷмуъ ба 168 давлат расид. Дар Тоҷикистон ҳам ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо бемории зукоми одӣ то ҳанӯз идома дорад ва бисёриҳо онро ба осонӣ ва қисме ба сахтӣ пушти сар карданд. Пештар мардуми мо аз зукоми мурғӣ меҳаросиданд, аммо имрӯз ҷои онро зукоми А H1 N1, (хукӣ) гирифтааст. Одамон аллакай овоза ва таъсири ин бемориро шунидаанду аз оқибатҳои таҳлукаовари он огаҳӣ пайдо кардаанд. Аммо ҳаминро бояд иброз дорем, ки зукоми А H1 N1 бештар ба мардуми ғарб, (ба ҷуз мумсулмонон) таҳдид мекунад, зеро онҳо пайваста гӯшти хукро истеъмол мекунанд. Маълум аст, ки гӯшти хук дорои калорияи зиёд буда, истеъмоли он ба инсон муфид аст, вале олимони соҳа муайян кардаанд, ки сарчашмаи асосии паҳн шудани зуком А H1N1 истеъмоли гӯшти хук мебошад. Исботи гуфтаҳои боло он аст, ки хуруҷи ин беморӣ дар байни мардуми мамлакатҳои мумсулмонтабор хеле кам аст, аммо ба ҳар сурат эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд. Хуб мебуд, ки мо ҳамагон барои ҳифзи саломатии худ, гигиенаи муқарраршударо риоя намоему баданамонро солим нигаҳ дорем, зеро солимии ҷомеа аз саломатии мо вобастагӣ дорад. Имрӯз рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ, яке ба илму техника ва технология, дигаре ба солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе ҷисман солим будани одамон, ташаккул ёфтани афрод амалӣ намешавад. Дар воқеъ, шахс тавоноии ҷисмониашро бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрӯву эҳтиром мегардад, ки намунаи пайравист. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.