Вазири амнияти Туркманистон иваз шуд4-03-2016, 16:56
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Дар Туркманистон вазири амнияти миллӣ иваз шуд. Дар ин бора телевизионҳои давлатии он кишвар хабар медиҳанд.
Бино бар иттилои телевизионҳо, вазири пешини амният Гуйчгелдӣ Хоҷабердиев бо сабаби "вазъи саломатиаш" ба истеъфо рафтааст. Ҳамакнун Давронгелдӣ Байрамов, ки то ин замон хадамоти гумруки Туркманистонро роҳбарӣ мекард, вазири амният таъйин шудааст. Дар моҳҳои охир Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ ворид кард. Ин тағйир дар пасманзари шиддат ёфтани буҳрони иқтисодӣ дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст. Моҳи феврал раиси дастгоҳи президент Палвон Таганов аз вазифа сабукдӯш шуда буд. Он замон Бердимуҳаммадов сабаби сабукдӯш кардани раиси дастгоҳашро ба фасодкорӣ ва масоили интизомӣ рабт дода буд. Вазири пешини амнияти миллӣ Гуйчгелдӣ Хоҷабердиев моҳи октябр ба вазифа таъйин шуда буд. То он замон вай хадамоти амнияти президентро роҳбарӣ мекард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.