Пан Ги Мун: зеботарин бинои СММ дар Ишқобод қомат афрохтааст1-12-2016, 10:07
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон бо Пан Ги Мун, дабири кулли СММ, ки дар доираи як сафари махсус вориди Ишқобод шуд, мулоқот кардааст. Дар ҷараёни сафари Пан Ги Мун ба Ишқобод бинои нави СММ дар Туркманистон низ ифтитоҳ шуда, дар ин маросим намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, иштирокдорони Конфронси ҷаҳонии ҳамлу нақли устувор ва расонаҳои дохилию хориҷӣ ширкат варзиданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни ифтитоҳи бинои мазкур гуфтааст, "ин ҳодисаи таърихиест, ки марҳалаи нави ҳамкориҳоро миёни Туркманистон ва СММ боз хоҳад кард". "Туркманистон барои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба бо созмонҳои маъруфи байналмилалӣ аз қабили СММ талош хоҳад кард", - афзудааст Бердимуҳаммадов. Пан Ги Мун низ дар навбати худ изҳор доштааст, ки аз биноҳои СММ дар кишварҳои зиёд боздид кардааст ва ҳар якеи онҳо аз ҳамдигар фарқ мекарданд. "Бинои СММ дар Туркманистон ба қаср монанд аст. Ин зеботарин бино аст. Бори дигар миннатдории худро ба шумо, ҷаноби президент баён мекунам! - гуфтааст дабири кулли СММ дар хитоб ба Бердимуҳаммадов. Ҳамчунин вай афзудааст, ки бинои нави СММ дар Туркманистон барои тамоми биноҳои ин созмон дар дунё метавонад намуна бошад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар охир ба намояндагии СММ дар кишвараш мошини гаронарзишеро туҳфа кардааст. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.