Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДЕҲИ МАН ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАН

ДЕҲИ МАН ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАН

5-04-2019, 12:40
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
ДЕҲИ   МАН ЯК ПОРАИ ХОКИ ВАТАНФикр мекунам тамошои шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ орзуи деринае буду ҳаст. Орзуе, ки амалишудани он пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то ба яку ним ду соли қабл басо душвор буд. Зеро тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ баста буданд. Ҳатто онҳое, ки ба кишвари ҳамсоя ба аёдати хешу ақрабояшон мерафтанд бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Хушбахтона бо хуб шудани муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону ӯзбекистон имрӯзҳо тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шудаанд, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Пас аз нарм шудани муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону ӯзбекистон ғайр аз ҳайатҳои расмии ҷонибҳо, ичунин нафарони зиёде дар алоҳидагӣ аз он тараф ба ин тараф ва аз ин тараф ба он тараф сафар намуда, аз мавзеҳои таърихиву бостонии ин ду кишвари ҳамеша баҳор дидан намудаанд. Ҳамин тариқ зиёд нафароне, ки орзуи тамошои шаҳрҳои Самарқанду Бухороро солҳо дар дил мепарвариданд, билохира амалӣ намуданд. Ва онҳое ҳам, ки аз кишвари ҳамсоя ба сарзамини мо ташриф оварда буданд, мегуфтанд, ки солҳо мунтазири чунин рӯзи хуб буданду тамошои шаҳрҳои Душанбеву Кӯлобу Ҳисору Хуҷанди бостонӣ ва манзараҳои назаррабои ин диёри нозанин орзи деринаашон буд.
Мо низ мунтазири чунин рӯзҳои хубу фараҳбахш будем ва читавре, ки дар боло зикр намудам тамошои шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва дигар мавзеҳои таърихии кишвари ҳамсоя орзуе буд, ки дар дил доштем. Бо дӯстонам маслиҳат кардем, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналимлалии Наврӯз ба тамошои шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро меравем, тасмимамон хеле ҷиддӣ буд. Нақшаи сафарро омода намудем. Аммо ман рафта натавонистам, аниқтараш рафтан нахомтам, нахостам, ки дар рӯзҳои ид дур аз ёру диёр бошам. Зеро ман ҳамасола дар айёми таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз ба зодгоҳам мерафтаму Иди Наврӯзро ҳамроҳи ҳамдеҳагонам таҷлил менамудем. Имсол низ нахостам ин иди пуршукуҳро дар ҷои дигар таҷлил кунам. Чаро? Чароки банда солҳост шаҳри Душанбе зиндагӣ ва кору фаъолият мекунам ва имкони тез-тез ба деҳа рафтанро надорам. Ҳар боре, ки ҳолу ҳавои деҳа ба ёдам меояд, дилам гум мезанад. Баъд аз ин тасмимамон низ маро якбора хумори деҳа гирифту ҳамроҳи ҳамсару фарзандонам, ки дили онҳо низ барои деҳа танг шуда буд, роҳ пеш гирифтем сӯи зодгоҳ. Расидан замон насими форамаш ба машом мерасид. Гӯё боди баҳорияш дафтари хотиротамро варақгардон мекарду ман рӯи сафҳаҳои сабзи он, ки тамоми деҳаро сабзпӯш карда буд, хотироти рангини давраҳои наврасиву ҷавонии хешро мехондам. Чӣ хушу гуворо аст, айёми худрсоливу мактабхонӣ ба ёдовардани ин лаҳзаи ҳаёт ба касс руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Дар оғуши табиати нотакрораш худамро озоду роҳат ҳис мекардам. Охир, зодгоҳ ҷоест, ки моро ба воя расонидаву мо дар он ҷо бузург шудаему раҳсипор гаштем аз паи зиндагӣ, зиндагии чун уқёнус беканору чун як роҳи беохир. Табиати одамизод ҳаминаст, вақте хурд ҳастию дар маҳфили бузургон менишини орзу мекуни ки тезтар бузург шавӣ вақте бузург мешавӣ мехоҳи боре кӯдак бошию аз ин давраи беғаму беолоиш лаззат барӣ. Ҳангоми хурд будан вақте ҳамдеҳагонам аз шаҳр ба деҳа меомаданд мо кӯдакон одами шаҳрӣ гуфта дар суҳбати онҳо нишаста ва ба гуфтаҳои онҳо гӯш медодем ва як ибора аз забони онҳо доим садо медод, ки ҳар гоҳ ба деҳа биёем асабҳоямон ором мешвад. Мо ки хурдсол будем ҳикмати ин суханонро сарфаҳм намерафтем ва думболи бозиҳои ширини кӯдакӣ ба якдигар шухиомез мегуфтем асабҳоямон ором мешавад, вале бо гузашти солҳо ва гузаштани умр акнун чиқадар азиз будани деҳаро ҳис кардам. Эҳсос мекунам, ки дар ҳақиқат муҳити деҳа асабро ором мекардааст. Пас, чи гунна ёдаш накунему барояш дилтанг нашавем ва чигуна дӯсташ надорем. Ҳаргиз намешавад.
Барои ман ин як чизи муқарарриаст, ки ҳар боре ба зодгоҳам равам ҳатман аз мактаби деҳа, ки ман он ҷо таҳсил намудам дидан менамоям, аз аҳволи устодонам пурсон мешавам, чунки дар ин макон беҳтарину ширинтарин лаҳзаҳои умрамро паси сар намудаам. Аввалин устод, авалин ҳарф, аввалин китоб, аввлин дӯстон, аввалин шуъла задании ишқи кӯдакӣ боз аввалину аввалинҳои зиёдеро ин макон шоҳиди медиҳад барои ҳамин доимо бо хаёлҳои рангин ба суяшн игоҳ мекунаму ёди он лаҳзаҳо мисли синамо пеши назарам намоён мегардад. Имрӯз ба саҳни мактаб назар меандӯзам аз он дӯстони давраи мактабхонӣ касеро намебинам танҳо назар меандузам ба чор тараф, чунки бо ҳукми тақдир ҳар кас аз паи кореву зиндагии худ ба ҳар тараф раҳсипор шудаанд, чун ман. Бори охир вақте ба деҳар фата будам, чун ҳарвақта аз мактаби деҳа низ дидан кардам. Ба дару девор ва саҳни дабистони азизам менигаристаму шеъри устод Лоиқи бузургворро зери лаб замзама мекардам.
Дастаи дар мекашад аз остинам ҳар саҳар:
«Эй, ки берун меравӣ, ин остонро гумм макун!»
Аз ҳавои тозаи деҳ нафас кашидан, аз обҳои мусаффояш нуши ҷон намудан, сӯҳбат бо дӯстону ҳамсинфон ва ҳамсояҳову пирони рӯзгордида, ки шояд аз нигоҳи аввал хеле чизҳои оддӣ ба назар расанд, аммо дар асл маҳз ҳамин боду ҳавои тозаю муносибати самимонаи ҳамдеҳагон боис бар он мегардад, ки барои деҳаамон дилтанг мешавем.
Ҳамовозиву ҷонибдории сокинони ҷумҳурӣ ба ташаббуси навбатии Президенти мамлакат ҷиҳати эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми шарафманди тоҷик ин иқдоми шоистаро чун дигар ибтикороти созандаи Пешвои худ гарму самимӣ истиқбол намуда, онро дар рифоҳи зиндагӣ ва фардои боз ҳам дурахшони мамлакат амри зарурӣ мешуморанд.
Тавре мебинем, имрӯзҳо дар тамоми манотиқи мамлакат оид ба масъалаи рушди шаҳраку деҳот диқати аввалиндараҷа дода мешавад. Дар деҳаи Осмонбикаи Ҷамоати деҳоти баноми Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ низ ба ин масъалаи мазкур дар мадди аввал гузошта шудааст. Ҳамакунун баҳри ободиву пешрафти маҳаллаи мазкур лоиҳаи як қатор корҳои муњим, аз қабили чароғонкунии кӯчаҳо, мумфаршкунии роҳҳои дохили маҳал, схтмони майдончаи варзишӣ ва амсоли ин рӯи даст гирифта шудааст, ки дар ояндаи наздик ба иҷро расонида хоҳанд шуд.

Ҳабибзода ЗОҲИР ,
мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси
дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: