Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тошканд бо автобус рафтем

Тошканд бо автобус рафтем

30-05-2018, 09:09
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Тошканд бо автобус рафтем
Ёддошти хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» аз сафари Ӯзбекистон
Салом, мардуми шаҳри обод!
Бо расидани автобусҳои Тоҷикистон дар автовокзали «Тошкент» моро бо нону асал пешвоз гирифтанд ва сипас маросиме бо иштироки меҳмонон, мақомот, кормандони ВАО, намояндагони ширкати «Манзара туризм» баргузор шуд.
Дарҳол мушоҳида кардем, ки бо фарқ аз маросими ҳамсон дар Хуҷанд хонандагон ва ё донишҷӯён даъват нашудаанд. Вале чун автовокзал серодам буд, бо баланд шудани садои карнай мардуми зиёде ҷамъ омаданд. Аз ҳар ду тараф чанд нафар сухан гуфтанд ва боз шудани роҳ барои рафту омади автобусҳоро аз иқдомҳои муҳим ҷиҳати иҷрои тавофуқоти сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон зикр карданд.
Тавре сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Фаррух Неъматзода дар роҳ ба мо гуфт: «Ҳаракати автобус байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ба шарофати имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи хизматрасонии роҳҳои автомобилгард дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти имсол имконпазир шуд.
Ба андешаи ӯ, имзои ин санадҳо роҳро барои ривоҷи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва ҳаракати озодонаи шаҳрвандони ду кишвар кушод ва аз ҷумла боиси барқарорсозии хидматрасониҳо дар бахши ҳам мусофиркашонӣ шуд.
Номбурда изҳори умед кард, ки рафтуомади автобусҳо нафақат қадами бузурге ҷиҳати таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар аст, балки барои рушди сайёҳӣ, пешрафти ҳамкориҳои иқтисодӣ, додугирифт миёни тоҷирони ду кишвар ҳам мусоидат хоҳад кард.
Ин суханон дар тақвияти андешаҳои роҳбари ҳайати Ӯзбекистон Аброр Исоев буд, ки вақти сафар ба Хуҷанд аз музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки мақомоти вазоратҳои нақлиёт дар мулоқоте дар Тошканд (13 апрел) масъалаҳои вобаста ба иҷрои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мусофиркашониро баррасӣ ва барои оғози рафтуомади автобусҳо миёни шаҳрҳо заминасозӣ намуданд.
Ба гуфтаи ӯ, барои татбиқи амалии созишномаҳо, агентии "Ӯзбекавтотранс" якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати камтар аз як моҳ барои кушодани ин хати сайри байналхалқии Тошканд - Хуҷанд - Тошканд корҳои омодагиро анҷом доданд.
Тошканд бо автобус рафтем
Аз ҷумла ҳар кадоме аз тарафҳо ширкатҳои ҳамкорро интихоб карданд. Ба ин тартиб, Ӯзбекистон ширкати «Манзара – туризм» ва Тоҷикистон ширкати «Asian Express» - ро ҳамчун интиқолдиҳанда муайян намуда, ин ду ширкат низ ҷиҳати хидматрасонӣ ва нигоҳубини автобусҳо дар қаламрави ҳар ду кишвар ба созиш расиданд.
Ҳоло барои кушодани даҳ хати сайр аз тариқи гузаргоҳҳои Исфара ва Конибодом ба Қӯканд, Андиҷон, Намангон, ва Фарғона музокирот идома дошта, хати сайрҳои Душанбе-Термиз, Душанбе-Деҳнав, Душанбе-Тошканд, Панҷекент -Самарқанд, Панҷекент –Бухоро, Шаҳритус -Термиз дар ояндаҳои наздик роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ба ҳар сурат мо аввалин мусофироне будем, ки бо автобус ба Тошканд омадем. Шаҳр ҳатто барои ман, ки замони Шӯравӣ (солҳои ҳаштодуми асри гузашта) муддати ду сол и умрамро инҷо гузаронидаам, бисёр нав, обод, сабзпӯш ва софу тоза ба назар мерасид. Ҷолиб он буд, ки сарсабзии хиёбону гулгаштҳо кам нагашта дар муддати зиёда аз сӣ сол вусъат пайдо кардааст. Ҳол он ки тайи ин муддат, тавре шоҳидон медонанд, шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар натиҷаи навсозиҳо ва бунёди биноҳои зиёди ҳозирзамону шишагӣ аз як шаҳри сабз ба шаҳри камдарахту урён табдил ёфт. Борҳо аз забони қазоқҳое , ки ба саёҳат ва ё барои иштирок дар конференсияву чорабиниҳои дигари сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Душанбе меоянд, сарсабзии пойтахти моро дида ҳаловат мебаранд ва бо таассуф иқрор мешаванд, ки Алмаато ҳам чанд сол пеш чунин буд, вале раванди шаҳрсозии ахир он ҳамаро аз байн бурд.
Чун мо ба Тошканд дар нимаи рӯз расидем ва то шом бояд пас мегаштем, баъд аз маросими пешвоз тарафи мизбон (ширкати «Манзара – туризм ) бодарназардошти фурсати танг пас аз хӯроки нисфирӯзӣ хати сайри моро тавре созмон дод, ки автобус аз миёни шаҳр аз хиёбони марказӣ гузашт ва ҳама маконҳои асосиро дидем. Бояд иқрор шавам, ки агар ҳамон биноҳои баландошёнаи боқимонда аз гузашта ва бароям ошно намебуд, шояд ба Тошканд будани ин шаҳр боварам намеомад.
«Себзор» – гӯшае аз шаҳри қадим
Дар барномаи боздиди мо фақат маҳали қадимае дар минтақаи «Себзор» буд, ки аз гӯшаҳои зебо ва барои сайёҳон дидании Тошканд аст. Дар ин маҳал Муҷтамаи таърихию меъморӣ ва майдони Ҳазрати Имом бунёд шудааст. Онро ба ифтихори яке аз имомони аҳли суннати минтақа - Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ Исмоил ал – Қаффол аш –Шошӣ, ки соли 903 дар Тошканд (Шош) таваллуд шуда, аз меросбарони маънавии Имом ал –Бухорӣ дониста мешавад, номгузорӣ кардаанд. Ӯ хатмкардаи мадрасаҳои Бухоро, Самарқанд ва Термиз буда, чанд бор зиёрати Макка насибаш гардидааст. Номбудра дар 73 –солагӣ фавтида ва дар ҳамин гӯшаи шаҳр дафн шудааст. Мақбараи болои гӯраш, ки таърихи зиёда аз 500 - сола дорад, дар соли 1541 бунёд шудааст. Оромгоҳаш, ки ба зиёратгоҳи ихлосмандон ва меҳмонон аз кишварҳои исломӣ ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёфта буд, дар солҳои истиқлоли Ӯзбекистон дубора навсозӣ шуд ва ҳоло аз ҷумлаи маконҳои сайру зиёрати мардум ва меҳмонони хориҷӣ мебошад.
Канори мақбараи Қаффол ал - Шошӣ дар бинои масҷиди ҷомеи Намозгоҳ, ки аз осори таърихии асри 19 аст, Институти исломии ба номи Имом ал – Бухорӣ ҷой гирифтааст. Ин донишкада, ки пас аз Мадрасаи исломии Бухоро дуввумин маркази омӯзиши улуми исломӣ дар Осиёи Марказӣ дар замони Шӯравӣ буд, соли 1970 таъсис ёфта то имрӯз аз марказҳои муътабар дар олами Ислом ба шумор меравад. Яке аз биноҳои дигари ин муҷтама «Ҷумъа – масҷид» аст, ки он ҳам дар асри 19 сохта шудааст. Он масҷиди расмӣ ва ҷойи адои панҷ вақт намоз буда, масъулонаш ҳаққи иҷрои маросими ақди никоҳи ҷавононро доранд. Рӯбарӯи он китобхонаи Идораи дин ҷойгир аст, ки дар он беш аз сӣ ҳазор китоби мазҳабӣ ва дуниявӣ нигоҳдорӣ мешавад. Осори дасти хушнависони асри 16, намунаи осори хаттотони асрҳои гуногун, намунаҳои Қуръон, ки кишварҳои мухталиф ба Идораи дини Ӯзбекистон ҳадя кардаанд, низ инҷо гузошта шудааст. Дар миёни онҳо китоби Қуръоне, ки таърихи китобаташро ба даврони ҳазрати Усмон нисбат медиҳанд ва аз қадимтарин дастнависҳо дониста мешавад, низ ҳаст, онро дар ҳуҷраи ҷудо аз дигар дастхатҳо ба намоиш гузоштааанд ва мо ҳам онро зери шиша тамошо кардем.
Дар майдони Ҳазрати Имом масҷиди дигаре низ бо номи масҷиди панҷвақтаи Ҷомӣ ҳаст, ки он дар замони муосир бо риояи анъанаҳои меъмории гузаштагон бунёд шудааст. Он гунбадҳои бузурги лоҷувардии дурахшон ва ду манораи баланди 56 - метрӣ дорад.
Барои тамошои фақат ҳамин гӯшаи шаҳр қариб як соат вақти мо сарф шуд. Чанде аз аъзои гурӯҳамон бисёр мехостанд, ки яке аз бозорҳои Тошкандро тамошо кунанд. Аммо роҳбаладони мо, ки дар миёнашон раиси ширкати «Манзара – туризм» Луиза Шомансурова низ буд, гуфтанд, ки аз таҷриба медонанд, бозорҳои Тошканд ҷойе нест, ки меҳмонон дар ду – се соат тамошо карда бароянд. Чунки ҳар боре гурӯҳеро ба бозор мебарем ҳатман як ё ду нафар гум мешаванд ва соатҳо аз вақти таиншуда дер карда меоянд. Вақт танг аст ва мо агарчи зиёд мехоҳем, вале наметавонем шуморо ба бозор барем.
Ба ин сабаб буд, ки мо дар ин сафар бозори Тошкандро надида мондем. Аммо раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, ки моро пешвоз гирифта, то лаҳзаи гусел дигар як қадам ҳам аз гурӯҳ дур нашуд, дилбардориамон карда мегуфт: - Ҳеҷ гап не, мана роҳ ҳам кушода шуд ва ин бор, ки омадед, баҳузур ба тамошои бозор меравем.
Бозор ва «бренд»-и шаҳр
Тошканд дар баробари соҳаҳои дигари рушдёфта, бо собиқаи чандасраи бозаргониву бозордорӣ дорои шабакаи васеи иншооти тиҷоратӣ аст. Ҳамзамон бо бунёди марказҳои наву муосири савдо ба монанди гипер ва супермаркетҳои ҳозирзамон шаҳрдории Тошканд ҳамаи бозорҳои куҳнаро навсозӣ намуда, вале ҳамон рӯҳи қадимиашонро нигоҳ доштааст. «Бешоғоҷ», «Чорсӯ» - «Эски жува»( «Манори куҳан»), «Кӯйлук», «Алай», «Фарҳод», «Янгиобод», «Миробод» … аз ҷумлаи бозорҳои қадимии шаҳр ҳастанд, ки куҳнатарини онҳо дар асри 12 сохта шудааст. Ба гуфтаи мизбонон, меъморон дар бозорҳои куҳна низ ҳангоми таъмиру навсозӣ бахшҳои муҳими онҳоро чун нишона ва осори қадимӣ ҳифз кардаанд.
Ба назар мерасад, ки нафақат иншооту сохтмон, балки одату анъанаҳои пешини савдо ҳам дар ин шаҳр ҳифз шудааст. Масалан, вақте мо аз тумани Бекобод гузашта ба Сергели, яке аз минтақаҳои пойтахт ворид шудем, дидем, ки бар-бари роҳи калоне, ки мерафтем дар радифи ҳар гуна марказҳои фурӯши маҳсулот бозори фурӯши коҳу алаф низ амал мекунад. Ин чиз тааҷуби ману Маҳмадулло Табаров – хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» -ро ба худ ҷалб намуд. Баъд дидем, ки ҳар ҷо - ҳар ҷо боз ҳам сари роҳ фурӯшгоҳҳои гӯсфанди зинда мавҷуд аст. Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори «Халқ овози» дар вилояти Суғд, ки аз Хуҷанд дар роҳи сафар ба Ӯзбекистон бо мо ҳамроҳ шуда буд, тааҷубамонро дида, шарҳ дод, ки ин ҷо Кӯйлук, аз мавзеъҳои қадимии Тошканд аст, ки маънои «Маҳали (бозори) «Гӯсфанд» - ро дорад.
Ана ҳамин бозор бовуҷуди чандин баробар вусъат пайдо кардани шаҳр ва ба 3 миллион расидани сокинонаш имрӯз ҳам амал мекунад ва барои ҳар нафаре аз шаҳриён ва ҳам ресторану ошхонаҳо агар моли зинда лозим шавад, омада аз ин бозорчаҳои сарироҳӣ гӯсфанд харида мебаранд.
Ҳини бозгашт, мо гузаштаравон куҳнатарин бозорҳои шаҳр – «Чорсӯ» ва «Кӯйлук» -ро фақат аз паси шишаҳои автобус дида, бо ҳамин худро ором кардем.
Чанд сухани дигар
Дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ Тошканд ба унвони «Шаҳри нон» машҳур аст. Аммо ҳамзамон бо ин дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун шаҳри сағирапарвар ҳам ном бароварда буд. Зеро пас аз ҳуҷуми артиши Олмони фашистӣ ба қаламрави Шӯравӣ аз ҷумҳуриҳои мухталиф садҳо ҳазор кӯдакони бепарастор тавассути роҳи оҳан ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба ин шаҳр кӯчонида шуданд. Роҳбалад ҳангоми бо автобус сайр карданамон дар хиёбонҳои шаҳр қиссаи оилаи Шомаҳмудовҳоро нақл кард, ки дар он рӯзҳои сахт ва кулфатбор аз бачаҳои аз хати ҷабҳаи ҷанг ба ин шаҳр овардашуда 15 кӯдакро гирифта сарпарастӣ кардааст. Зану шавҳар Шоаҳмад Шомаҳмудови оҳангар ва ҳамсараш Баҳрӣ Каримова ин кӯдаконро, ки аз падару модар ятим монда буданд, тарбият карда, хононда ва ба воя расонидаанд. Дар миёни фарзандони парваридаи ин хонавода рус, украин, тотор, молдаван, ҷуваш, яҳудӣ, латиш, қазоқ ва ӯзбекҳо буданд. Майи соли 1982 дар минтақае дар маркази Тошканд, ки номи майдони «Дӯстии халқҳо» - ро дорад, ҳукумати Ӯзбекистон ҳамчун нишони қадрдонӣ аз заҳматҳои ин оила ёдгориеро бунёд кард, ки он тимсоли амалҳои башардӯстонаи ин хонаводаи бузург буд. Агарчи соли 2008 ин ёдгории таърихиро дар як шаб аз марказ канда, аввал ба анбор ва пас аз чандин сол ба гӯшаи шаҳр бурда, аз нав дар яке аз марказҳои истироҳатию фарҳангӣ гузошта буданд, аммо соли гузашта шаҳрдории Тошканд дубора барои ба ҷойи аввалааш баргардонидани ин ёдгорӣ иқдом кард. Ин ба маъное аст, ки Тошканд шаҳри меҳру шафқат ва дӯстӣ низ мебошад.
Чанд нуктаи дигарро ҳам бояд ёдовар шавам, зеро барои ҳар мусофир ва онҳое, ки ба Ӯзбекистон мақсади сафар доранд, фикр мекунам, донистани ин нуктаҳо ҳам бефоида нахоҳад буд. Дар мавриди қурби пули миллии мо – «сомонӣ» нисбати воҳиди пули ин кишвар – «сӯм». Дар роҳи сафар ба Ӯзбекистон мешунидам, ки арзиши як сомонӣ баробар ба ҳазор «сӯм» мегуфтанд. Вақти аз марз гузаштан, нафароне дар истгоҳи наздимарзӣ як сомониро ба 850 сӯм иваз карданд. Аммо бисёриҳо ба умеди қурби баландтари Тошканд шудем. Тавре ишора кардам, дар Тошканд, натанҳо фурсати бозоргардӣ фароҳам наомад, балки имкони ҷое рафта пул майда кардан ҳам надоштем ва бо ҳамон як миқдор пуле, ки бо худ бурда будем, ба Хуҷанд баргаштем.
Дар мавриди нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо ҳам таассуроти зиёде надорам. Фақат ин ки сари роҳ дар пеши ошхонае нархи як кило оши палав навишта шуда буд ва бачаҳои ҳамроҳам онро зуд ба пули худамон баргардонда «ба 12 сомонӣ баробар» гуфтанд. Ҷойи дигар арзиши чанде аз пӯшокҳои бачагонаи пахтагии истеҳсоли худи корхонаҳои Ӯзбекистонро, ки бо мӯд ва дизайни замонавӣ дӯхта буданд, бо нархи баробари аз 10 то 14 сомонӣ дидем. Чанде аз ҳамроҳонам хариданӣ шуданд, аммо фурӯшанда пули тоҷикиро нагирифт. Дар ҳамин ҷо буд, ки дар пештоқи як майдончаи «Бозиҳои кӯдакона» бо ӯзбекӣ навишта буданд: «Талони бозӣ 2 ҳазор сӯм»(яъне 2 сомонӣ). Аз бонуе, ки кӯдакашро дар яке аз бозичаҳо савор кардаву худ назора мекард, пурсидам, ки «Бо як талон чанд соат бозӣ кардан мумкин аст?» Ӯ ҷавоб дод, ки «Як соат». Дар қиёс бо нархи майдончаҳои монанде, ки мо дорем хеле арзон, дар ҳоле, ки вақти бозӣ ҳам нисбат ба майдончаҳои мо зиёдтар аст.
Албатта ин гуна мушоҳидаҳои некбинонаро нисбат ба ободкориҳою навсозиҳо дар Тоҷикистон бисёре аз ӯзбекҳо ҳам доранд. Аз ҷумла чанде аз хабарнигорони ӯзбекистонӣ, ки дар пайи кушоиши марз ба Душанбею Хуҷанд сафар кардаанд, бардоштҳояшонро аз навгониҳои пойтахт ва роҳҳои сафарашон дар дохили кишвари мо дар суҳбату навиштаҳояшон дар расонаҳои Ӯзбекистон бо хушбинӣ баён доштаанд. Мо ҳам чунин кардем, зеро баъд аз солҳо дур будан фақат чанд соат меҳмони бародарони ҳамсоя шудем. Аз рӯйи одоб ҳам ҳаст, ки вақте ба ҷое даъват мешавӣ ва ба меҳмонӣ меравӣ, бояд чизи хубро биниву ба дигарон бигӯйӣ. То ки дар зеҳни хонандаю шунаванда андешаи нек ҳосил шавад, чизе, ки ба созандагию ободӣ, рафоқату дӯстӣ ҳидоят намояд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: