Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар роҳи Бартанг

Дар роҳи Бартанг

1-10-2017, 14:58
Хабарро хонданд: 452 нафар
Назарҳо: 0
Дар роҳи Бартанг
Беш аз ду сол мешавад, ки ба аёдати падару модарам нарафтаам. Ҳар боре кўшиши мекардам, вале шароит ва имкон даст намедод, то ин азми хешро амалӣ гардонам. Рўзҳо паси сар мешуданду тоќатам камтар. Ман чунон пазмони волидайн гашта будам, ки ҳатто сару калобаи корро ҳам гум мекардам. Оре, ҳаёт ҳамин аст, баъзе лаҳзаҳо мехоҳӣ ягон амалеро зуд анҷом диҳӣ ва ё ягон чизеро дарҳол ба даст орӣ, вале на ҳама вақт хостаҳои шахс зудамалишавандаанд. Болои ин монеаҳои зиёде пайдо мегарданду одамро рўҳафтодаву хастаҳол менамоянд.
Банда низ ба чунин ҳолатҳо дучор мешавам, бадбахтона рўҳафтодагиям дарҳол ошкор мегардад ва ҳамагон пай мебаранд, ки ҳатман мушкиле ҷой дорад. Як рўз ба назди сармуҳаррир хастаҳолона даромадам. Ў ба тарафи ман назар андохта:
Ҳа, боз чӣ шуд, ягон мушкил доред?-гуфта пурсид. Ман низ дилу бе дилон:
Не, устод мушкил нест, танҳо хонаводаамро, ки муддати 2 сол аст, надидаам, хеле пазмон шудам. Агар имкон бошад, маро барои чанд рўз аз кор ҷавоб диҳед. Он кас даќиќае сукут карданду баъдан:
- Майлаш рафтан гиред. Зиёрати падару модар ќарзи фарзандии ҳар яки мост. Танҳо кўшиш кунед, ки барваќттарак гашта оед. Кор кор аст ку! Саломи моро низ ба хонаводаатон расонед гуфта- маро ҷавоб доданд. Аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидаму аз пеши сармуҳаррир бо димоғи чоќ баромадам. Фардои он рўз ба сўи зодгоҳ сафар кардам..
Як-ду рўз дар шаҳри Хоруғ истода, ронандагони деҳаҳои водии Бартангро интизор шудам. Вале аз онҳо дараке нашуд. Бо умеди киро кардани мошини дигар ноҳияҳои ВМКБ ба тарфи бозор, ки дар маркази шаҳр воќеъ буд, рафтам. Дар он ҷо чанд ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Паҷеро» ва «Таёта» (ба Бартанг танҳо чунин мошинҳои баќувват рафта метавонистанд) интизори мусофирҳо буданд. Чун аз онҳо хоҳиш кардам, ки бо додани маблағи зиёдтар маро ба водии Бартанг баранд, ба монанди он, ки гўё оби хунук аз сарашон рехта бошанд, ба як ҳолати ногуворе тарафи ман нигоҳ карда худашонро дур гирифтанд. Маро бошад ба чунин ҳолат афтиданашон ҳайрон накард, чун медонистам, ки бо шунидани калими «Бартанг» «шок» шуданд. Вале ҳамоно мехостам «чаро»-и нарафтани онҳоро аз даҳони худашон шунавам. Яке аз ронандаҳо ба тарафи ман нимшўхиву нимҷиддӣ:
- Хоҳарҷон, мо ҳоло аз ҷонамон безор нашудаем, ҳар гоҳе, ки зиндагӣ ба ҷонамон зад, ба Бартанг меравем. Аммо ҳоло рафтани мо кори оќилона нест, чун парандаҳо дар роҳи Бартанг бо асо гашта исдодаанду мо-ку одам-гуфта буд, ки нафарони дар он ҷо ҳузурдошта ќоҳ-ќоҳ зада хандиданд.

Дар роҳи Бартанг
Ман гўё ҳазли кинояомези он шахсро ба эьтибор нагирифта бошам, боз кўшиш кардам яке аз онҳоро ба рафтан даъват кунам. Дар ин асно чашмам ба ронандаи шинос ғалтид. Ба наздаш рафтаму бо як зораву илтиҷо розиаш кунонидам, то моро ба Бартанг бурда расонад. Ў ҳам бо дили нохоҳам, вале ба хотири он, ки як шиноси хуби хонаводагӣ доштем, ба рафтан розӣ шуд, вале дар зери лаб чизе ғур-ғур карда, «таёр шавед» меравем-гуфт. Ман ба таври худ гўё «дили ўро ёфта бошам» хурсанд шудам.
Мошин ба роҳ баромад. Духтарҳо, як нафар бача ва зани ҷавоне бо кўдаки 20 рўзааш низ ҳамроҳи мо буд. Лаб-лаби дарёи Бартанг боло мерафтем табиати зебои ин водӣ дар тобистон боз ҳам ҷаззобтар ба назар расида, тамошояш он ба кас ҳаловат мебахшид. Аммо пайроҳаи пурпечухам ва ноҳамвор ба осонӣ даст намедод, ки риштаи нигоҳ ба табиат тўлонӣ бошад. Ҷастухези мошин банди нигоҳҳоро зуд –зуд меканд. Мо дар даруни мошин ба монанди нахуди дохили деги тафсон ин сў ва он сў мепаридем. Мусофирони дар нишастгоҳи аќиб ҳар бор «воҳ» гуфта сарашонро меќапиданд. Онҳо ба тарафи ронанда «сатрасени мозг» - шудем гуфта, шикоят мекарданд. Садои кўдаки 20-рўза низ гоҳ-гоҳе баланд мешуд, вале ў бехабар аз азоби роҳ дар бағали модараш хоб буд. Бо ҳамин минвол деҳаҳои поёноби Бартангро убур карда, ба боло мерафтем. То расидан ба ҷамоати деҳоти «Басид» раҳ ноҳамвор ва мисли дарёи Бартанг пурмавҷ ҳам бошад, об кам ҷойҳои онро зада буд. Аммо ваќте ки аз ҷамоати мазкур болотар рафтан гирифтем, дигар аз пайроҳаи бутун хабаре нашуд. Ќариб бештари ҷойҳоро об бурда ва ё канда партофтааст. Гузаштан аз ин минтаќаҳо ба ќавле як «риск»-и калон ҳам барои ронанда ва ҳам барои мусофирон буд. Таги чашм ба тарафи шофёр нигоҳ кардам, маълум буд, ки хеле хавотир асту асабҳояш аз дидани ин манзара хароб. Вале чӣ кор ҳам мекард баргаштан наметавонист, зеро аллакай роҳкирои аз мусофирон ҷамъ карда дар дасташ буду онҳоро дар нимароҳ партофта рафтан ҳам аз рўи инсоф ба назар намерасид. Инак, ба ҷое расидем, ки ќариб 20 метри роҳро об пурра шуста рафта буд. Ронандаи мо камтар истода нигоҳ кард, шояд дигар илоҷе ба назараш нарасид, даруни об даромада гузаштанӣ шуд. Аммо то нисфи роҳ рафтан наќлиёт ќур-ќур карда, дар мобайни об аз кор монд. Об то ба капоти он мерасид. Ронандаи бечора аз тарс намедонист чӣ кор кунад. Кўдак гўё ин лаҳзаи хатарнокро эҳсос карда бошад, ба гиря даромад. Ман низ аз мошин фаромаданӣ шудам, аммо об чунон тез ва хунук буд, ки натавонистам бароям. Акнун танҳо аз Худо мадад талаб кардан монду ба умеди зуд наќлиётро ба кор даровардани ронанда, зеро аз дасти мо мусофирон чизе намеомад. Мо дар байни об монда будему ҷуръати баромадан аз мошинро надоштем. Хуб ки аз шаҳри Хоруғ саҳар барваќт равон шудем, ки лаҳзаи пастфуроии обҳо буд, агар не, ҳатман хатари калоне ба ҷони мо таҳдид мекард. .
Баъд аз тахминан 15-20 даќиќаи «ҷонкани»-ҳои ронанда хушбахтона садои мошин баланд шуд. Ў зуд худро паси чамбарак гирифта мошинро ба пеш ронд. «Уфф»- нидо кард акаи Муллоҳусейн (номи ронандаи мо ), ваќте ки ба хушкӣ баромадем. Гарчанде ў марди хеле шуҷоъ буд, вале ин бор дар чеҳрааш ранги сурхӣ намонд, чун ўро аз як тараф гиряи мазлумонаи кўдаки навзод дилгир мекарду аз тарафи дигар дар зери хатар будани мусофиронаш. Пас аз чӣ ќадар мушкилиҳои ҳамсон тавонистем шом ба манзили худ бирасем.
Ҳашар дар Уштурхона
Ҳамин тавр баъд аз оне, ки мо аз ин ќадар пайраҳаҳои хатарнок гузашта, ба манзил расидем, рўзи дигар пайроҳа тамоман маҳкам шуд. Зеро чун ҳаво хеле гарм бошаду обҳо баланд шудан гиранд, дар ин ҳол роҳи Бартанг ба ду ќисмат «обӣ» ва «хушкӣ» ҷудо мешавад. Яъне, мошинҳо маҷбуранд дар баъзе ќисматҳо ба истилоҳе наќши ќайиќро низ иҷро кунанд.
Якчанд рўзро, дар деҳа паси сар карда, наќшаи баргаштанро кашидам. Аммо ноомади кор роҳи мошингард ҳам аз тарафи Бартанг-Мурғоб ва ҳам аз тарафи Бартанг- Рўшон маҳкам буд. Мардуми гўё дар «блокада» монда бошанд на ин тараф ва на он тараф рафта наметавонистанд. Дар баъзе деҳаҳои ҷамоати Савноб, ҳатто маҳсулоти ниёзи аввалия тамом шуда буду мардум шикоят мекарданд. Ҳамин тавр, чанд рўзи дигар боќӣ монда буд, ки мебоист ба шаҳри Душанбе баргардам, вале аз кушода шудани роҳ на гапе буду на хабар. Падарам ин ҳоли маро медиду худаш ҳам ғамгин мешуд ва ҳар боре «Духтарам, парво накун, имрўз-фардо ҳатман роҳ кушода мешавад» гуфта маро дилбардорӣ мекард. Вале на…
Як рўз падарам саҳар барваќт аз ҳавлӣ баромаду шаб ба хона баргашт. Фардои он рўз нафарони зиёде бо бел, зоғнул, табару теша ҷамъ омаданд. Акнун ман сабаби рўзи дароз гум шудани падарамро фаҳмидам. Ў хона ба хонаи ҳамдиёронаш гашта, аз ҳар яки онҳо хостааст, ки барои сохтани баъзе ќисматҳои хатарноки роҳ ҳашар кунанд. Падарам чандин сол омўзгори мактаб буд ва ҳама хурду калони деҳа ба ў эҳтиром мегузоштанд. Бинобар ҳеҷ кас ин маќсади ўро рад накарда, ҳама роҳ баромадаанд. Дар хонаи мо як духтари фаронсавие низ буд, ки маҳз дар мавзўи «Тағирёбии иќлим ва таъсири он ба мардум» тадќќиќоти илмӣ мебурд. Ў хост, ки бо ҳашарчиён ҳамроҳ шавем ва манн низ не нагуфтам.. Ҳамин тавр, мо низ ҳамроҳи онҳо савори кузуви наќлиёти тамғаи «Зил» ба роҳ баромадем. Инак, ба минтаќаи хатарноктарини роҳи болооби Бартанг «Уштурхона» расидем. Ҳашарчиён ба кори худ шурўъ карданд мо бо Сюзи (духтари фаронсавӣ) ин манзараро тамошо мекардем. Оби дарё туғён мекарду бо садои баландаш дили касро ба таҳлука меандохт. Ќисмати роҳе, ки бояд дуруст карда шавад, таќрибан 50-60 ба метр мерасид. Аммо об онро чунон канда партофта буд, ки ҳатто нишоне аз пайроҳа боќӣ намондааст, чун гардиши об дар он ҷо хеле тезу тунд буд. Муборизаи ҳашарчиёни деҳаи Рошорв ба муќобили маҷрои об босуръат пеш мерафт. Онҳо мубориза мебурданд, то ки роҳро кушоянд ва ба мардум маҳсулоти хурокаи ниёзи аввал дастрас гардад. Фарзандонашон гушна намонанду мардум ба марказ рафтуо карда тавонанд. Ҳашарчиён чанд бор шикаст хўрданд, вале тобеъ нашуда боз корро давом медоданд. Бовари касе намеомад, ки дар чунин лаҳзае, ки об тамоми чизро фурў мебарад, пайраҳаи мошингузаре сохта шавад. Сюзи бо тааҷҷуби бепоён ва бо даҳани воз талошу муборизаи ҳашарчиёнро тамошо када, ангушти ҳайрат мегазид. Ў ба тарафи ман:
Ин кори (яъне муборизаи онҳо бар зиди маҷрои об) онҳо як афсонаеро мемонад, ки ман аз модаркалонам шунида будам. Афсона дар бораи галлҳо! Вале ҳеҷ бовариам намеомад, ки он ба воќеият ҳам доштааст. Талош барои ҳаётро аз ин мардум бояд омўхт!- мегуфт Сюзи. Хуллоса, баъд аз муборизаҳо, талошҳо ва кўшишҳои зиёде пайроҳа низ шакли худро гирифт. Шояд хонанда фикр кунад, ки сохтани як пайроҳа мушкиле надорад. Дуруст аст агар таҳҷизоти зарурии роҳсозӣ вуҷуд дошта бошаду шароит дигархелтар бошад, аммо ин ҳашарчиён бе ягон масолеҳи роҳсозӣ дар ҳаќиќат як кори хеле сангинро анҷом доданд, он ҳам мубориза бар зидди туғёни об, ки мушкили корро дучанд мекард.
Ман барои баргаштан ба Душанбе хеле саросема шуда будам. Вале ҳанўз чанд ҷои дигари роҳи Бартанг-Рўшон таъмирталаб буд, то наќлиёт гузашта тавонад. Гарчанде ки ҷамоати «Савноб» бо ёрии дастаҷамъонаи ҳашарчиён тавонист каму беш пайроҳаро дуруст кунад, вале чун ҳаво он рўзҳо аз ҳад зиёд гарм шуд, об роҳи ҷамоати «Басид»-ро низ «тасхир» кард. Банда дигар илоҷе наёфтаму хостам сафарамро тавассути раҳи Мурғоб-Хоруғ анҷом диҳам. Ҳамин тавр ҳам шуд, новобаста аз он ки ин роҳ низ баста буд, вале ҷойҳои хатарнокаш кам буданд. Се рўз дар раҳ будаму бегоҳи рўзи сеюм ба Хоруғ расидам. То ҳанўз чунин роҳи дуру дарозро тай накарда будам.
Мардуми Бартанг ќариб се фасли сол, ба ҷуз тирамоҳ аз баста шудани роҳ азият мекашанд. Зимистон барфу борон онро муддати се моҳ маҳкам мекунад, тобистон бошад баланд шудани об. Мо намегўем, ки роҳи мо бояд ҳатман асфалтпўш ва ё ба стандарт ҷавобгў бошад, вале аќаллан ҳамин пайраҳае, ки дорем, камтар хуб бошаду мо тавонем аз он дар ваќтҳои лозима истифода кунем- мегўянд сокинон. Дар ин водӣ меъроси таърихиву фарҳангиии мо то ҳанўз нокушодаанд, ки дар дигар манотиќи кишвар аллакай аз байн рафтаанд. Бартанг маҳфузкунандаи фарҳангии асили бадахшониён аст. (ин гуфтаҳоро дар маќолаи илмӣ баҳс кардан мумкин), вале он роҳи бароҳати рафтуомад надорад. Ростӣ, баъзе ваќтҳо ҳайрон мешавам. Шояд Худо ин мардумро назар карда бошад, вале агар дар зимистони ќаҳратун ва ё тобистони сероб ягон нафар бемор шавад, ҷо ба ҷо мурданаш мумкин, зеро пиёда рафта расидан то ба маркази ноҳия ва ё шаҳри Хоруғ кори саҳле нест.
Ҳамин буд лаҳзаҳои хотирмони ќиссаи сафарам ба водии Бартанг, вале он дар ин давру замон боварнокарданист, гарчанде ки аз ҳаќиќат холӣ нест. Роҳи банда ҳамвора аз ҳамон пайроҳа мегузашт, вале ин бор пас аз 2 сол нарафтанам таассуротам дигар хел шуд. Яъне боз ҳамон роҳу боз ҳамон мушкилот.
Ҳукумати кишвар барои сохтмони роҳи Бартанг кўшиши бисёре ба харҷ медиҳад. Барномаҳои зиёди давлатӣ ва ғайрдавлатӣ дар ин минтаќаи дурдасти кишвар рўи коранд, махсусан барномаи «рушди Бартанг» таи чанд сол аст, ки амал мекунад. Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар сафараш ба Бартанг изҳор доштанд, ки маъсулин бояд ҳар чӣ бештар ва зудтар ба мушкилоти халќи ин водӣ расидагӣ кунанд. Сокинон низ хеле хурсанданд ва сипосгузоранд, ки аз мадди назари давлату ҳукумат дур нестанд. Дар ин ҷо бузургсолон ба умеди дурахшони фардои фарзандонашон умр ба сар мебаранд, чун бовар доранд, ки онҳо рўзе ба роҳҳо созу бароҳат ва нерўи барќ пурра дастрасӣ пайдо мекунанд.
Гулҳаёи Мадимар















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: