Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон10-03-2018, 10:22
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Март 9, 2018 20:26 09.03.2018, шаҳри Душанбе Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Миромонович! Муҳтарам зиёиён ва намояндагони фарҳангу санъати кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон! Ҳозирини гиромӣ! Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳбахш сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дӯсти арҷманд ва бародари гиромӣ — Шавкат Миромонович Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Ҷаноби Олӣ саломативу сарфарозӣ ва ба халқи дӯсту бародари ӯзбек сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва зиндагии пурсаодат орзу менамоям. Ҷаноби олий, Ӯзбекистон Республикаси Президенти, муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромонович! Тоҷикистонга хуш келибсиз! Тавре ки Устод Рӯдакӣ – падари шеъри Аҷам мегӯяд: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон Бартар аз дидори рӯи дӯстон. Муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев, Меҳмонони гиромӣ, Дӯстони арҷманд! «Шоми дӯстӣ»-и имрӯза ба муносибати сафари давлатии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳони муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев ташкил карда шудааст. Мутмаинам, ки чорабинии мазкур ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва накӯҳамсоягӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии байни кишварҳоямон мусоидат мекунад. Бешубҳа муносибатҳоямон минбаъд низ таҳким хоҳанд ёфт ва дар асоси принсипҳои накӯҳамсоягӣ, дӯстона ва бародарӣ, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофшуда хусусияти созанда ва ояндадор касб мекунанд. Бисёр рамзист, ки вохӯрии мо дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз — рамзи бедории табиат, оғози баҳор ва соли нави анъанавиамон сурат мегирад. Наврӯз ҷашнест, ки одамон ҳангоми омодагӣ ба он хонаҳо, манзилҳо, намуди зоҳирии худро ба тартиб дароварда, дилҳояшонро аз кинаву адоват тоза мекунанд, аз якдигар омурзиш мепурсанд ва онро ҳамроҳ бо пайвандон, дӯстон ва ҳамсояҳоягони худ бо шодиву сурур ва шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегиранд. Аз ин рӯ, мо, муҳтарам Шавкат Миромонович, нахустин сафари Шуморо ба Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлати Ӯзбекистони бародар ҳамчун сафари таърихӣ ва муҷдаи нави солинавӣ дар муносибатҳои мутақобилаи дӯстонаи халқҳоямон арзёбӣ мукунем. Робитаҳои гуногунҷабҳаи байни тоҷикону ӯзбекҳо бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намуданд. Ва имрӯз иродаи сиёсии ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд ба истифодаи ин таҷрибаи возеҳи таърихӣ ва умумияти бой барои рушди кунунӣ ва минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи халқу давлатҳоямон дар тамоми соҳаҳо равона шудааст. Дар натиҷа, имрӯз дар таърихи ҳамкории мо марҳилаи нав боз шуд, ки манфиатҳои ду халқи бародарро ифода мекунад. Намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва рӯзҳои фарҳанги ду кишвар дар Душанбе ва Тошканд баргузоршуда, ки ҷашни воқеии ҳамбастагии мардумони мо гардиданд, аз ҷумлаи ташаббусҳои неки фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаам мебошанд. Мутмаинам, ки санадҳои имрӯз баимзорасонидаамон низ дар таҳкими муносибатҳои ду халқи бародар — тоҷикон ва ӯзбекҳо нақши муҳим мебозанд. Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд. Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд ва неруҳои пешсафи ҷомеаро барои иштирок дар ин мубориза даъват менамуданд. Чунин ҳамбастагӣ ба фаъолияти эҷодию илмӣ ва ҷамъиятии онҳо, аз ҷумла ба фаъолияти сиёсии Навоӣ таъсири бузург дошт». Дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ, ҳамкории онҳо ҳамчун устоду шогирд чунон самимӣ ва қавӣ буданд, ки Ҷомӣ дар яке аз шеърҳояш Навоиро намунаи ошноӣ ва вафодорӣ номидааст. Хоса, ки ба боғи ошноӣ Бар шохи вафо бувад Навоӣ. Дар садаи бист Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандинасраи робитаҳои адабии байни ду халқи дӯст буд. Устод Айнӣ бо адибони маъруфи ӯзбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Кодирӣ, Ғафур Ғулом — шахсан шинос буд ва бо онҳо ҳамкории наздики эҷодӣ дошт. Дар ҳудуди кишварҳои мо диаспораҳои калони тоҷикон ва ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд. Вазифаи ҳаётан муҳим мо, ҳам сиёсатмадорон ва ҳам роҳбарон, аз он иборат аст, ки бояд ба эҳтиёҷоти онҳо дар ҳифзи мероси аҷдодон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши шабакаҳои муассисаҳои таълимӣ, рушди озоди забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, омӯзиш ва истифодаи онҳо таваҷҷуҳи мунтазам зоҳир намоем. Ба ибораи дигар, мо бояд барои халқҳоямон фазои дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ, тавре дар замонҳои Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем. Дар ин росто, муҳтарам Шавкат Миромонович, ҷомеаи тоҷик ташаббуси шахсии Шуморо оид ба таъмир ва таҷдиди осорхонаи Садриддин Айнӣ ва ёдгории Ҷомӣ ва Навоӣ дар шаҳри қадимаи Самарқанд ҳамчун иқдоми нек арзёбӣ мекунад. Дар навбати худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе боғи ба номи Алишер Навоӣ ташкил карда, дар он ёдгории Ҷомӣ ва Навоиро гузорад. Саҳми бузурги халқҳоямонро ба рушди фарҳанги миллии якдигар низ бояд зикр намуд. Мо ба «Шашмақом» ҳаёти дубора бахшидем ва бо қарори ЮНЕСКО ин намуди санъати аҷдодони мо мероси маънавию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон гардид. Устодони бузурги мақом Ҳоҷӣ Абдулазиз Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев ва Фазлиддин Шаҳобов дар тарбияи садҳо нафар ходимони санъати халқҳои мо нақши муҳим бозиданд. Мактаби иҷрои мақоми онҳо то ҳол дар Тошканду Бухоро, Самарқанд, Хиваву Фарғона, Душанбеву Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Исфара фаъолият мекунад ва далели равшанӣ робитаҳои дӯстона ва ҳамкории самараноки ходимони фарҳангии халқҳои мо мебошад. Тоҷикону ӯзбекҳо, ки мардуми меҳнаткашу хирадманд, боиродаву болаёқат мебошанд, дорои таҷрибаи бой ва фарҳанги қадимии заминдорӣ буда, дар гӯшаҳои дорои бойгариҳо ва захираҳои бузург зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар оянда барои расидан ба сатҳи сифатан нави онҳо, яъне шарикии стратегӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Маҳз, ба ин хотир, мо имрӯз ҳамаи монеаҳоеро, ки тӯли даҳсолаҳо пайдо шуда буданд, бо ташаббуси муштарак бартараф намудем. Ва ҳоло бо итминон изҳор медорем, ки имкониятҳои дуҷонибаро босамартар истифода намуда, дар муддати кӯтоҳтарин ба сатҳи баландтарини муносибатҳои миёни кишварҳоямон мерасем. Зеро гап на танҳо сари нишон додани иродаи роҳбарони ду кишвар, балки инчунин сари эҳтиёҷоти табиии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон меравад. Муҳтарам Шавкат Миромонович! Муҳтарам дӯстон! Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул доранд . Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад. Давлатҳои мо барои бартараф намудани хатарҳои эҳтимолӣ, таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ масъул мебошанд. Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои мо бояд нишони эҳтиром ба хотираи аҷдодон ва замина барои ҳаёти осоишта ва хушбахтонаи насли ояндаи халқҳоямон гардад. Шоири дӯстдоштаи мо Мирзо Турсунзода дуруст фармудааст: Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт. Мутмаинам, ки аз сафари таърихии Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович марҳилаи сифатан нави муносибатҳои мутақобилаи мо оғоз ёфта, барои рушди минбаъдаи ду кишвар заминаи устувор мегузорад. Ва аз ҳама муҳим, барои рафтуомади шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки пайванди робитаҳои ҳазорсолаи хешутаборӣ доранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Мо бояд дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг робитаҳои мунтазам ва наздик дошта бошем. Зиёиён, шоирон ва нависандагони мо бояд ёдгориҳои бойи адабию илмиро тарҷума ва паҳн намоянд, фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омӯзанд, ҷиҳати бештар наздик сохтани халқҳоямон дар заминаи арзишҳои нек ва созанда чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ доир намоянд. Мо уҳдадорем, ки дар асоси воқеияти таърихӣ дастовард ва арзишҳоеро, ки халқҳои мо тӯли асрҳо ҷамъоварӣ ва сохтаанд ҳифз намуда, онҳоро паҳн кунем ва баҳсҳо ва муҳокимаҳои бесамар нуқта гузорем. Бо амри тақдир ва бо сабабҳои гуногун тайи ду даҳсолаи охир халқҳои бародари мо бегона шуда, қариб ҳамдигарфаҳмиро аз даст дода буданд. Вале имрӯз, ба шарофати сиёсати дурбинонаи Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ҳама мушкилот ва монеаҳо бартараф карда шуданд. Дар робита ба ин, ба Шумо бародари азиз, дӯсти муҳтарам аз номи халқи тоҷик, Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам изҳори миннатдорӣ менамоям. Ман, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба самаранокии фаъолияти Шумо мутмаинам. Қатъиян изҳор медорам, ки сафари Шумо аллакай ба таърихи муносибатҳои мутақобилаи ду халқи бародар саҳифаи нав боз кард. Умедворам, ки мо якҷоя тамоми кӯшишҳоро ба ояндаи дурахшони муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳоямон равона сохта, ба муваффақиятҳои нави бузург дар ин арса комёб мегардем. Бори дигар Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, устодони санъат, ходимони фарҳанг ва ҳайати Шуморо ҳамроҳикунандаро ба Тоҷикистон – ба сарзамини дӯстону бародаронатон хайрамақдам гуфта, ба Шумо саломатии бардавом ва мардуми дӯсти ӯзбек хушбахтӣ, сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва фаровонии неъматҳои ҳаётро таманно дорам. Ҷовидон бод дӯстиву бародарии холқҳои тоҷику ӯзбек! Ташаккур. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.