Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таътил бо самар гузашт

Таътил бо самар гузашт

2-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 499 нафар
Назарҳо: 0
Таътил бо самар гузашт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси сиёсатмадори хирадманд бо қаҳрамониҳову ташрифҳои худ дар арафаи иду айём ба ҳар як гӯшаи канори кишвар дар дили мо шуҷоату ҷасоратро тарбия менамояд.

Давоми чоряк асри Истиқлолият аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаҳонишавии Наврӯз, гузаронидани маъракаҳо ва кушодани осорхонаҳо, ёдбуди адибону олимони маъруф ба монанди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рӯдакиву Лоиқ, Мавлоно Ҷалолиддини Румиву Ҷомӣ, Туғралу Хоҷа Камол аз қабили иқдомҳои хуби Ҷанои Олӣ аст.

Мо як гуруҳ занҳои фаъоли аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро иқдомҳои Пешвои миллат водор намуд, ки таътили тобистонаи худро бо зиёрати ҷойҳои таърихии вилояту ҷумҳурӣ гузаронем.

Зиёда аз 24 нафар занҳои фаъоли ҳизб (устодони донишкадаҳои вилоят, раиси занҳои маҳалаҳо, табибон, кормандони китобхона ва ғайраҳо) бо роҳбарии раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломов Наим Мунавварович барои дидан аз ҷойҳои таърихии кишвар ба шаҳри бостонии Панҷакент сафар кардем.

Мо аз тараққиёти босуръати кишвари азизамон, роҳҳои зебову обод, мардуми инсондӯсту меҳнатқарини он дар давоми сафар боз як маротиба огоҳ гаштем. Гуноҳ аст ба касе, ки ин ободиву озодӣ, осудагиву оромии Ватанро нодида мегираду аз он нафахраду наболад. То даме, ки ба сафар намебароӣ аз он иқдомҳои неки Роҳбари давлат бехабрӣ, худшиносу худогоҳ будани худро намебинӣ. Чӣ хеле ки мегӯянд: «То мусофир нашавӣ, месулмон намешавӣ». Дар ҳақиқат: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Бартарияти ин сафари мо ин зиёрат кардан аз зодгоҳ ва мақбараи Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, зодгоҳи шоири муосир ва дӯстоштаамон Мазори Шариф ва осорхонаи Лоиқ Шералӣ, мавзеи таърихии Саразм осорохонаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази шаҳри Панҷакент буд.

Зебогиҳои табиати Ватани биҳиштосоям, ки дар давоми чор соат мо чор фасли солро дар он дида аз бӯйи гулу буттаҳо, куҳҳои баланди барфпӯшу осмонбӯси он лаби чашмаҳои пуроб нишаста истироҳат намудем, шукрона кардем, ки Ватани мо чунин осудаву ором аст. Дар оғӯши кӯҳу талҳо ошхонаҳо бо таомҳои гуногуни болаззат, кабкҳо месуруданд, чашмаҳои пуроб шилдир-шилдир ба сӯи дара ҷорӣ буданд, гӯё аз сохтмону навсозиҳои ин Ватан дер мемонда бошанд, дар поёнтар ин чашмаҳо ба дарёи пурталотум мубаддал гашта мегуфтанд: ”Халқи тоҷик созанда аст, пурбардор аст, равшанӣ медиҳам, ободӣ медиҳам, халқи тоҷик бо Сарвари ҷасуру нотарсаш умри дароз бинад”.

Пас аз зиёрати ҷойҳои таърихӣ мо дар “Шоми Панҷакент” аз осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва боғи фарҳангӣ дидан карда, бо меҳмонони хориҷӣ ва сокинони шаҳр ҳамсуҳбат шудем. Мардум бо хотири ҷамъ, ором, осуда ҳамроҳи фарзандони худ дар атрофи фаввораи рангин рақсу истироҳат мекарданд ва кӯдакон бо бозиҳои гуногун машғул буданд. Ҳамаи ин натиҷаи тинҷиву осудагӣ ва ободии Ватани азизамон аст. Вақте ки кас хонаи ободу осуда дорад дилаш истироҳат, саёҳат мехоҳад.

Мо чунин ҷойҳои таърихии зиёд дорем, ки давоми чоряк аср ба даст овардем. Ин сафари аввалин ва охирин нест, мо ба нақша гирифтем, ки сафари худро ба ҷойҳои таърихии Хатлону, ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва Вилояти мухтори куҳистони Бадахшону шаҳри Душанбе, Ҳулбуку Ҳисори Шодмон ва дигарҳо давом диҳем.
Х.Темирова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи М.Осимӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: