Таассурот аз сафар2-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 635 нафар
Назарҳо: 0
Гаҳ рост, гаҳ пурпечутоб
То қулла боло меравӣ Аз байни барфу тармаҳо Бо сад таманно меравӣ. Ин сатрҳои навиштаи Лоиқи зиндаёд аст, ки ба роҳҳо навишта шудаанд. Ҳанӯз 15 сол қабл бароям насиб гардида буд, ки дар ҷашни 60-солагии ин шоири бузургвор иштирок намоям. Он давра роҳ ниҳоят дуру дароз ва ноҳамвор буд. Худ ба худ мегуфтам, ки кай ба шаҳри Панҷакент омада мерасида бошем. Охир ин роҳро мо кай тай намуда, ба манзили хеш мерасем? Ҳамин тавр, бо овардани ин хотираҳо аз он давра маро боз насиб гардид, ки бо ибтикор ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сафари ин шаҳри бостонӣ кунам. Ин насибгардиҳо орзуи 15-солинаи ман буд. Ин сафари мо ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт. Мо як гурӯҳ бонувони шаҳри Хуҷанд, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба аёдати аскарбачаҳо, пирони барҷомонда ва тамошои ин шаҳри кӯҳанбунёд рафтем. Шукр имрӯз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола роҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ обод гардидаву чун кафи даст ҳамвор шуда истодааст. Инро ман дар сафари имрӯзаи худ ба шаҳри бостонии Панҷакент дидам. Дар фосилаи ин 15 сол чи қадар роҳҳо таъмиру обод гардидааст. Шукри сардору сарвари ин давлати ободу шукри ин халқи бунёдкор, ки ҳамеша барои созандагӣ мекӯшанд. Дар сафари худ маро насиб гардид, ки бори дигар осорхонаи устод Лоиқро тамошо намоям. Маро ашк аз чашмонам ҷорӣ буд. Аз гаҳвора сар карда, то либосҳои ин шоири бузург навиштаҷотҳои дар девори хона буда, ҳадяҳои ба шоир тақдимшуда ҳамаро дидаам. Пас башаҳри бостонии Саразм, ки таърихи чандҳазорсолаҳо дорад омадем. Дар осорхонаи ба номи А.Рӯдакӣ бо таърихи ин шаҳри азим ошно гардидем. Дар Мазори Шариф низ будем. Имрӯз шукронаи ин давлати навҷавону пойдор намуда мегӯям: - Тоҷикистони азизу меҳрубонам парчамат парафшон, халқат озоду дар байни дигар давлатҳо ҳамеша ободу шукуфон бошӣ! Сулҳиябону Мӯъминова собиқадори алоқа, аъзои ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.