Таърихи соли нав25-12-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Аксари мамлакатҳои дунё санаи якуми январро ҳамчун рӯзи Соли нав ҷашн мегиранд ва он ба яке аз идҳои муосир табдил ёфтааст. Соли нав мисли дигар идҳо дорои таърихи худ буда, бо гузашти ҳазорсолаҳо то ба ин дам расидааст. Тибқи маълумоти муаррихону бостоншиносон, ҳангоми пайдо кардани ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим шикастапораи кӯзаеро пайдо сохтанд, ки дар он ибтидои соли нав сабт гардида буд. Дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил қайд карда мешуд. Зеро дамидани дарёи Нил хеле муҳим буд. Чунки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшонро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ ва шодиву хурсандӣ намуда, баъд ҳайкалҳоро ба ибодатгоҳ мебурданд. Дар айёми соли нав римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби Соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ таманно мекарданд. Римиён муддати дарозе Соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то вақте ки Юлий Сезар тақвими навро ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи таҷлили Соли нав якуми моҳи январ таъин гардид. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо медоданд. Дар ибтидо ин кор ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар соли нав худашон тӯҳфа даъво менамуданд. Рӯзи якуми соли нав императори Рим Калигула ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ тӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чӣ дод. Соли навро дар Бобулистони қадим фасли баҳор ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор-шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд, ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бармегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав шуруъ мекарданд. Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав рӯҳу арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон ҳадяҳо мегирифтанд. Одатан тӯҳфаҳо аз тиллову ҷавоҳирот иборат буд. Пас аз чандин аср Малика Елизавети 1 маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд. Дар Англия Соли нав дар асрҳои миёна дар оғози моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Бо қарори парлумон аз соли 1752 рӯзи ҷашнгирӣ ба 1-уми январ гузаронида шуд, ки он ба занҳо хуш наомад. Аз таърихи ҷашнгирии Соли нав маълум мегардад, ки онро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро дар ин давра табиат аз нав зинда мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1-уми март таҷлил мекарданд. Дар асри XIV калисои ҷомеи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1-уми сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Танҳо дар соли 1699 Пётри I баъди аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсус солшумориро аз 1-уми январ таъин кард ва ин рӯзро рӯзи ид хонд. Соли нав яке аз идҳоест, ки онро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Вале ҷашнгирии он дар байни ҳар халқ ҳар гуна аст. Урфу одатҳои солинавӣ — тайёрӣ ба ҷашни Соли нав дар ҳар оила чанд рӯз пеш аз ид сар мешавад. Одамон хонаҳоро оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд ва мизи идона меороянд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ Соли нав пешвоз гирифта мешавад. Ин рӯзро бештар наврасону кӯдакон бесаброна интизор мешаванд. Онҳо бо гузаронидани ҳар гуна бозиҳои солинавӣ ва фурӯзон кардани ҳар гуна чароғакҳо шодиву хурсандӣ менамоянд. Ба қавле, агар рӯзи аввали соли навро бо хурсандӣ пешвоз гирӣ, пас то охири сол хушбахт хоҳӣ монд. Пас, мебояд ибтидои соли тозаро бо мақсадҳои накӯ пешвоз гирифту баҳри дар амал татбиқ намудани он ҷаҳду талош кард. Соли нави 2019-и мелодӣ муборак! Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.