Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз «Боҷайём» то «Наврӯз»

Аз «Боҷайём» то «Наврӯз»

26-02-2018, 10:29
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
 Аз «Боҷайём» то «Наврӯз»
Чаро Боҷ?
Дар истилоҳ калимаи «боҷ» ба маънои чизе, ки подшоҳони калон аз амирони зердаст ё аз раият мегирифтанд, яъне хироҷ, андоз, молиёт маънидод карда мешавад. Чун дар замонҳои пеш аз ҳама маъмултарин ашёе, ки ҳамчун боҷ ситонда мешуд ва дар баробари он дорои арзиши баланд низ буд, ин гандум маҳсуб меёфт. Гандум дар дарбори шоҳон қимматтарин амвол баъд аз симу зар ва тилло ҳолатҳое мавҷуд буданд, ки аз онҳо низ боарзиштар баҳо дода мешуд. Бинобар ин бо сабаби он ки дар давраҳои шоҳигариву аморат гандумро чун хироҷи муҳими давлатӣ пардохт мекарданд, боҷ дар баъзе забонҳо ва гӯишҳо аз маънои аслии худ кӯчида, ҳамчун гандум ба маънои маҷозӣ боқӣ мондааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъзе ҷашнҳое мавҷуданд, ки кай ва чӣ тавр пайдо шудани онҳо дар байни халқ аниқ маълум набуда, иллилооти кофие низ оиди онҳо мавҷуд нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин ҷашнҳо хеле қадимӣ, яъне ба давраҳои пеш аз Ислом рост меоянд. Ҳатто ба айёми пайдоиши ҷашни «Наврӯз» баробар ҳастанд. Чунон ки аз мутолеа бармеояд, иддае аз ин идҳо ба ҷашнҳои баъд аз тасхири Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо ва ҷорӣ шудани дини Ислом дар байни халқ дар тазод бо ҳам вуҷуд доранд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба давраҳои хеле пеш марбут буда, дар баъзе ҷойҳои кӯҳистон, ки имкони рафтуомади мардум ба он ҷо маҳдуд буд, ба шакли пурра боқӣ мондаанд. Бояд гуфт, ки дар Бадахшон чуноне ки дар боло зикр рафт, ғизоҳое, ки аз гандум тайёр карда мешаванд, дар иддае аз навоҳии минтақа «боҷ» ном дорад. Шояд истифодаи ин таркиб низ аз сарчашмаҳое об мехӯрад, ки хеле қадимӣ буда, реша дар таърих доранд ва ишора ба халқиятҳое мекунанд, ки нахустин ва қимматтарин ғизояшон аз гандум омода мешуд.
Боҷайём чист?
Боҷайём, низ яке аз қадимтарин иди мардуми Бадахшон буда, мутаассифона то ба имрӯз танҳо дар миёни як қисме аз халқи ин диёр, аз ҷумла водии Бартанги (он ҳам Бартанги Боло) боқӣ мондааст. Дар ин бора яке аз олимони тоҷик фолклоршинос, профессор Нисор Шакармамадов чанд андешаашро гуфтааст ва инчунин пажӯҳишгарони хориҷӣ низ ин ҷашнро хеле ҷолиб маънидод кардаанд. Масалан, яке аз онҳо Сузи Ава номбар шудаст, ки роҷеъ ба расму русуми мардуми водии Бартанг китоберо таҳти унвони «Бартанг» таълиф намудааст ва дар он ҷо доир ба «Боҷайём» низ зикр рафтааст. Бартангиён ҳанӯз ҳам «Боҷайём»-ро бо таври хоса ҷашн мегиранд. Мувофиқи гуфтаҳои калонсолон ва умуман бовари мардум «Боҷ-айём» дар ин водӣ санна ва таърихи муайян надошта, аз 6-ум то 14-уми моҳи феврал, дар ин миён ба кадом рӯзе, чоршанбе рост ояд, қайд карда мешавад ва инчунин мувофиқи ҳисоби маҳаллӣ ё мардумӣ (ҳисоби мазкур хеле ҷолиб буда, мутобиқи он ҳар як аъзои бадани инсон дар он ширкат меварзанд. Тариқи ҳисоби мазкур ҷашни Боҷайём бояд 7-8 феврал, ки офтоб гӯё дар «қоқлинг» қоқии по ва ё аз 10-14 феврал, офтоби сари зону қарор мегирад) таҷлил мегардад, на дертар аз он.
Оғози маросими ид аз поксозии чорхона (сақфи хона), чаҳор девор, чаҳор болор ва панҷ сутуни хона ибтидо мегирад, ки ин амалро «чӯдздерд» хонатозакунӣ меноманд. Пас аз тоза намудани хона кунҷҳои онро бо «бун» (орд) сафед мекунанд, ки он бар дӯши занон вогузор карда мешавад. Ин амал шаҳодати он аст, ки сиёҳӣ, яне ғаму андӯҳ ва мушкилоти хона бо пошидани орд, яъне сафедӣ бояд аз хона дур гардад. Чунин шугун ҳамоно ба ғолибияти нур бар зулмот ва сафедӣ бар сиёҳӣ, ки дар аҷдодони мо дар тӯли таърих ба он боварии комил доштанд, рабт дорад.
Ҷашнгирии иди Боҷ ду рӯзро фаро гирифта, ҳар як маросим ё қисмати он маъно ва муҳтавои хоси худро дорад. Боҷ аз пухтани нони махсус, ки «Қумоч» ном мебаранд, шуруъ мешавад. Пухтани Қумоч ба таври маъмулӣ набуда, хамири расидаро на дар рӯи танӯр (радъон), балки лӯндаи хамирро ба пуррагӣ (завола накарда) дар дохили танӯри тафсон дароварда, болои санги ҳамвор, ки «қумочдон» ном дорад, мемонанд ва баъдан онро бо лахча мепӯшонанд. Оташи он бояд аз ҳезуми настаран (ахар) омода шавад, ки боиси хуб ва бо сифат пухтани Қумоч мегардад.
Маросими «ризқат рӯзӣ бахчег» (тақсими ризқу рӯзӣ)
Маросими дигари ин ҷашн бегоҳирӯзӣ, гоҳо пеш аз ғуруб ва гоҳе пас аз ғуруби офтоб (вабаста ба соатҳои саъду наҳси рӯз) оғоз мегардад, ки онро «ризқат рӯзӣ бахчег» (тақсими ризқу рӯзӣ) ном мебаранд. Ба ибораи дигар онро «диграбайг», яъне дегмонӣ низ ном мебаранд.
Равиши мазкурро одатан калони хонадон иҷро мекунад. Ӯ ғалтакчӯбро дар болои деге, ки дар он Боҷ пухта мешавад, мемонад. Баъдан аз дохили дег бо як кафи даст гандумро гирифта, аввал номи Бобои Деҳқонро ба забон мегирад ва донаҳоро оҳиста-оҳиста аз болои ғалтакчӯб мерезонад. Ҳамин тариқ, бо навбат номи аҳли хонаводаро ба забон гирифта, баҳри якояки онҳо шеваи фолмониро иҷро мекунад. Миқдори кам ё беш истодани донаи гандум дар болои ғалтакчӯб ба бовари халқ, ифодагари ризқу рӯзии шахси номбурда дар рӯзгордории соли нав, ки оғозаш аз Наврӯз аст, ифода мегардад.
Маросими «Парчуминчевд»
Пас аз оне, ки маросими «Ризқат рӯзӣ бахчег» ба анҷом мерасад, аллакай дег монда мешавад ва аз он замоне, ки оташ дар таги дег афрӯхта шуд, маросими «Парчуминҷевд» оғоз мегардад. «Парчумт» ё «парчемт» калимаи тоҷикӣ- форсии қадим буда, маънои иҳота кардан ва ё дар муҳосира қарор доштанро ифода мекунад. Вале он дар маросими Боҷ мазмуни маҳкам ё баста шуданро мегирад. Яъне аъзои хонавода ҳангоми оғози ин маросим дарҳояшонро бар рӯи ҳамагон мебанданд. Вале ин таркиб эҳтимоли ифода кардани парчам, ливоро низ дорад. Зеро мувофиқи ҳисоби маҳаллӣ чунон ки дар боло зикраш рафт, ҳамин шабу рӯз охирин лаҳзаҳои зимистони қаҳратун дар кӯҳистон аст ва пас аз барпо шудани «Боҷайём», аллакай тамоюли табиат ба гармӣ бештар мегардад. Ин боис мешавад, ки мардум парчами бедории табиат ва Наврӯзро баланд кунанд. Яъне маросими «Парчуминҷевд» қаробати зиёде ба ин ақида низ дорад. Аз муҳосираи зимистон баромадан ё падрӯд гуфтан бо хунукӣ.
Парчум–инҷевд, яъне парчам афрохтан ё маҳкам кардан аст, ки пас аз оғози маросими парчамгирӣ, набояд касе вориди хона гардад. Хоҳ меҳмон, хоҳ ҳамсоя ё хешу табор ва ҳатто аъзои хона ҳам, ки то оғози маросим дар дохили набудаанд, пас аз ин маросим барояшон воридшавӣ ба хонаи «парчумгирифта» то кушодани «парчум», қатъиян мамнӯъ аст. Ба ҳар ҳол ин мавридест, ки баҳси доманадорро талаб мекунад ва он бояд дар мақолаҳои илмӣ мавриди таҳлил қарор гирад.
Ҳамин тавр, маросими «парчуминҷевд» низ фалсафаи худро дорад, ки иҷроиши он ҷиддӣ буда, ҳамчун фоли нек ба хотири омадани соли пурфайз, яъне соле, ки аз он осоиштагӣ, хушбахтӣ ва серию пуриро интизоранду орзу мекунанд, сурат мегирад.
Пухтани таоме, ки бо «парчуминҷевд» оғоз мешавад ва бо номи Боҷ миёни мардум машҳур аст, аз аввали шаб то дамидани субҳ идома меёбад. Ин таом аслан аз донаи гандум, чаҳор андоми чорво (руҷуъ ба 4 унсури табиат) ва об омода мешавад. Ҳангоми омода кардани таом, шахси боҷпаз бояд, шабзиндадорӣ карда, дар баробари он аз чӯб юғу сипорчаи майдаякеро дар тӯли он шаб омода сохта, онро дар равзанаи хона меовезад. Рамзи ин амал, яъне сохтани юғу сипорча, ки олоти меҳнати деҳқон аст, аввалан огоҳонидани мардуми деҳқон, барои омода гаштан ба кишту кори баҳорӣ мебошад ва дуюм бояд марди таомпазро (боҷпаз) то субҳ хоб набарад, Дар баробари ин ҳунармандӣ ва садоқати мардум ба оини ниёгонашон, яъне барвақт пешвоз гирифтани рӯзи «Боҷ-айём»-ро низ нишон медиҳад.
Сипас, ҳангоми дамидани субҳ яке аз аҳли хона баромада аз оғил барра ё бузғоларо гирифта вориди хона мешавад ва ҷумлаи «Шогун баҳор муборак»- ро ба забон меорад. Дар ҷавобаш «Барои шумо муборак» -гӯён бо бун (орд) китфи рости ӯ ва сари баррачаро сафед мекунанд, (ин амалро «путукдъед» мегӯянд. Путукдъед, ки бо орд, яъне бо сафедӣ амалӣ мешавад, ранги сафед (некӣ) ифодагари пирӯзи бар сиёҳӣ (бадӣ) аст, то пойи қадами нафаре, ки «парчум»-ро мекушояд, ба хонадон некӣ ва бахти сафед биёрад.
Пас аз ин маросими «парчуминҷевд» хотима ёфта, воридшавӣ ба хонаҳо барои дигарон иҷозат дода мешавад.
Маросими Боҷсалом
«Боҷсалом» низ яке аз бахшҳои ҷашни «Боҷайём» аст. Дар боҷ салом ҳар касе, ки хоҳад аз нафари дигар ягон чизи муҳимро талаб кунад, дар табақ боҷи дар хонаи худ пухтагиро гирфта ба хонаи ӯ меравад. Ин рафтори ӯро соҳибхона зуд пай мебарад ва ашёи хостаашро мепурсад. Мувофиқи гуфтаҳои куҳансолон дар замонҳои пеш дар ин маросим лаҳзаҳое шудаанд, ки агар духтари нафаре ба писари дигарӣ маъқул шуда бошаду барои издивоҷи онҳо ризоят надода бошанд, нафари хостгор дубора маҳз дар маросими «Боҷсалом» меомадааст. Он вақт ба хотири ин ҷашн соҳибхона наметавонист аз хостаҳои талабгор рӯ гардонад. Вале имрӯзҳо ин анъана аз байн рафтааст, танҳо ягон ашёи табъи дил, пул, ё бузу гӯсфанд дархост карда мешавад.
Бад ин минвол, аз ин рӯзҳо сар карда то иди Наврӯз, одамон ҳангоми ташрифашон ба хонаҳои якдигар, гоҳо ба ҷойи салом ва гоҳе баъд аз салом «шогун баҳор муборак» гуфта, дар ҷавобашон «барои шумо ҳам муборак» мешунаванд. (Шогун ё шугун аз калимаи «шугун»-и форсӣ-тоҷикӣ буда, маънояш фоли нек, муборак шумурдани чизе ё корест).

Ин таркибҳо табрикотии мардум ба хотири пешвози ҷашни бузург- «Наврӯз» буда, баҳри ҳамдигар дар баҳори нав, ҳаёти осуда ва рӯзгори некро таманно мекунанд.
Дар водии Бартанг ва умуман дар Бадахшон таоме, ки аз донаи гандум ё нахуд (баъзе маврид бо каллаву почаи чорво) омода мекунанд, низ «боҷ» меноманд. Ба ин таом метавонанд, сабзӣ, пиёз ва дигар намуди алафи хушбӯ ва хуштаъмкунандаро илова намуда, мепазанд. Дар ҷануби кишвар низ мардум чунин ғизоро дар ҷашни Нарӯзӣ тайёр мекунанд, ки он «далда» ном дорад. Он низ аз гандум ва каллаву почаи бузу гӯсфанд ва дигар маҳсулоти полезӣ тайёр карда мешавад.
Вале таоме, ки дар Боҷ айём омода мешавад, бояд аз донаи холиси гандум ва гӯшт иборат бошад, баръакси ҳол он муҳтавои аслии худро гум мекунад.
Бо чунин анъанаҳо ва маросимҳо «Боҷайём» дар миёни ин мардум аз умқи таърих ҳифз шуда, то ба имрӯз омада расидааст, ки аз қадимӣ ва бостонӣ будани ҷашнҳои гуногуни кишвари мо дарак медиҳанд.
Боҷ-айёмро мардуми водии Бартанг башорат аз фасли баҳор ва Наврӯзи Аҷам мешуморанд. Билохира, аз рӯзи баргузории «Боҷайём» шуруъ карда, халқ бесаброна дар интизори омадани Наврӯз ба сар мебаранд. Ба ибораи дигар «Боҷайём» як башорат ва пайке аз Нарӯз аст, ки мардумро барои тайёрӣ ба ин иди бузурги ниёгонамон паём медиҳад.

Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: