Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Арча ба Сурия намебарад

Арча ба Сурия намебарад

26-12-2018, 09:06
Хабарро хонданд: 409 нафар
Назарҳо: 0
Арча ба Сурия намебарад
Шумо ҳам ҳатман эҳсос кардед, ки омад-омади Сол нав ин бор нисбати солҳои пеш бошукӯҳтар буд. Агарчи боз ҳам дар пойтахт бештар ва аммо дар маҳаллаҳо камтар тайёрӣ ба гусели соли куҳнаву пешвози «Соли Хук» ба чашм мерасид, вале бо вуҷуди ин тараддуди идораю муассисаҳо равшан дида мешуд.
Бо илҳом аз иқдомоти бармаҳали раҳбарияти Душанбе дар марказҳои вилояту ноҳияҳо низ тадбирҳои омодагӣ барвақт ба иҷро расиданд.
Вале дар баробари ин ман чандин нишонаҳои маҳдудияти зеҳнӣ ва таъсири таблиғоти чандинсолаи бесоҳибии минбарҳо, таблиғоти васеи зидди гузоштани арчаи солинавиро ҳам дидам. Аз ҷумла вақте дар аксари майдону пешсаҳни фурӯшгоҳҳо арчаҳо ороиш дода мешуданд, дар майдони назди яке аз бозорҳои навбунёди пойтахт қолаби фулузии арчаро оварда партофта буданд. Ҳар бор мегузаштам он ҳамон ҷо буд, вале чун то Соли нав як ҳафта боқӣ монд, онро бардошта ба ақиби бинои бозор бурданд то аз чашмҳо дур бошад.
Эҳтимол раҳбарияти бозор сарфи назар аз зуъмии худ аз чизе андеша карда, дар пештоқи бинои бозор навишт: «Марҳабо, Соли нав!» ва ба сари чанд навниҳоли сӯзанбаргҳои сари роҳ шинонидашуда шилшилаҳоеро овезон карда, симҳои чароғдорро бо симҳои равшанидиҳанда печонд, ки ба ҳар сурат аз мушоракат дар ҷашн дарак медод.
Имсол таблиғоти зидди арчаи солинавӣ ҳам чандон маълум набуд, фикр мекунам, яке аз сабабҳо он аст, ки Раҳбарияти Душанбе пеши роҳи ин ҳамаро бо иқдомҳои созандааш аз қабл гирифт.
Аз ҷумла як моҳ пеш аз Соли нав дар майдони марказии Тоҷикистон -«Дӯстӣ» ба ороиши арча оғоз карда, 20 рӯз пеш аз поёни сол он тайёр шуду майдонро зеботар кард. Чунин иқдомоти бармаҳал дар ҳар гӯшаи дигари шаҳр низ анҷом шуданд ва ин ҳама дар якҷоягӣ пеши изҳори назарҳои бадбинонаю ихтилофангез дар бораи Соли навро гирифт. Чи кори хубе шуд.
Дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо, ки сар аз соли 2010 то ду соли охир ҷашни Соли нав барояшон маҳдуд ва ҳатто мамнуъ шуда буд, имсол ба таври васеъ тайёрӣ диданд.
Аксари арчаҳои ороишӣ бо тақлид аз арчаи майдони марказии Душанбе бо истифода аз техникаи равшанидиҳандаи диодӣ ороиш ёфтаанд. Дар майдони марказӣ бо фарқ аз солҳои гузашта кушк (киоск) - ҳои фурӯши бозича ва шириниҳо гузоштанд, ки воқеан фазои идонаи майдонро зиёдтар зебо ва собит мекунад. Агар ба хотир биёварем, ки соли 2016 арчаи солинавӣ танҳо чанд рӯз пеш аз поёни сол ва соли 2015 арчаро 30 декабр ороиш дода, бо саросемагӣ 2 январ канда партофтанд, пас таҳаввулоти имсол дар ин маврид хеле таърихӣ аст. Зеро шаҳрдорӣ ваъда додааст, ки арчаи имсола дар майдони марказӣ (ва ба эҳтимоли қавӣ) дар тамоми майдонҳои дигари пойтахт то нимаи моҳи январ побарҷо хоҳанд буд.
Иқдоми баъзе аз фурӯшгоҳҳои бузург барои арзон кардани молҳояшон, фурӯши васеи бозичаҳо, арчаҳои сунъӣ ва табиӣ, ороиши густурдаи «витрина» - ҳои фурӯшгоҳҳо нишонаҳои дигари шаҳомати имсола ва аз ин муҳимтар баёнгари ҳанӯз дунявӣ будани ҷомеаи мост.
Ин дар ҳолест, ки вазири маориф Нуриддин Саид соли 2015 дастуре имзо кард, ки он буридану гузоштани арча, ороиши ҳар гуна ҷиҳози дигари солинавӣ, истифода аз фишфиша (пиротехника), ороиши дастархони солинавӣ, ҳадясупорӣ, нишастҳо дар ресторанҳоро барои донишҷӯёну кормандони муассисаҳои омӯзиширо қатъиян манъ мекард.
Аммо тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов ба мо гуфт, фақат барои арчаи солинавии имсола аз 12 ҳазор бозича ва муосиртарин таҷҳизот бо 4 ранг чароғакҳои светоидӣ истифода шудааст. Ҳамчунин барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ дар дигар гӯшаву канори пойтахт, аз ҷумла, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе -Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ ва майдони канори Филармонияи давлатӣ арчаҳои идона гузошта шудаанд.

Таърих чӣ мегӯяд?
Ҷашни Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дорад ва ба монанди ҳар иқдоми дигари сарҷамъкунандаи ҷомеа мухолифонаш низ дар тӯли мавҷудияташ будаанд.
Тибқи маълумоти таърихӣ, ин ид аз ибтидо рамз ва нишонаи поёну оғози соле иборат аз дувоздаҳ моҳ будааст. Бори аввал соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали Соли нав қабул намуда буд, яъне он аз ҳамон оғоз ба кадом дине вобастагӣ надошт. Барои мардуми Тоҷикистон ҷашни арча ва Соли нав ҳамзамон бо таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ (1917) ва таъсиси ҶШСТ (1924) дар таркиби он расм шуд.
Қариб пас аз сад соли ҷашнгирии аввали соли мелодӣ дар Тоҷикистон дар поёни соли 2011 ва шаби соли нави 2012 ҷавоне бо номи Парвиз Давлатбеков барои пӯшидани либоси Бобои барфӣ аз сӯи чанд ҷавони нохалаф дар шаҳр кушта шуд. Ин ҳам як саҳифа, вале саҳифаи доғдор дар таърихи ҷашнгирии Соли нави Тоҷикистон аст.
Мутмаинам, ҷашни васеъ ва расмии ин рӯйдоди муҳим дар баробари ворид кардани шодию нишот ба ҳар хонадон пеши роҳи ин ва ба ин монанд ҳодисаҳои нангинро мегирад.
Кор ба ҷое расида буд, ки ман охири ҳар сол вақте туҳфаи солинавӣ барои набераҳоям мехаридам, пинҳонӣ то ба манзил мебурдам, ки мабодо кадом нохалафе сухани баде нагӯяд.
Зеро чанд соли ахир шоҳиди шадидан ифротӣ шудан ва чандин лаҳзаҳои ногувор будам. Ҳатто дар охирин рӯзи соли 2014 вақте аз кӯча мегузаштам ва бо ҷамъе аз ҷавонони шинос рӯбарӯ омадам, бехабар аз вазъият ва аз рӯйи одат гуфтам, «Соли нав, муборак!», яке бо қаҳр гуфт: «Ин Соли нави мо нест!» Воқеан ҳайратзада шудам, ҷойи посух додан ҳам набуд, аммо то ба ҳол андеша мекунам, ки агар аз мо набошад, пас аз 31 декабр рӯзу соли наве, ки сар мешавад, аз кист? Магар дар ҳуҷҷатҳоямон ҳамон соли «139…», «147...»- у «анд» ро менависанд?
Ва ин қабилҳо ба он ки пас аз дарозтарин шаб (22 декабр) маҳз дар ҳамин рӯзҳо тири вақти шабонарӯз ба самти дароз шудани рӯз майл мекунанд, ки ин ҳам як нишонаи нав шудани рӯзгор ва оғози Соли нав асту ба кадом дине рабт надорад, чӣ мегуфта бошанд?
Қариб як моҳ пеш саҳни бинои нашриёти «Шарқи озод» - маҳали кори моро ҳам бо арча ва чизҳои дигари солинавӣ зиннат доданд. Рӯзе саҳар вақти ба кор омадан онро тамошо карда лаззат мебурдам, ки дӯсти ҳампеша ва муовини директори ин даргоҳ Умари Шерхон бо чеҳраи ҳамеша солинавию кушодааш аз наздам гузашта равон Соли навро табрик гуфт. Бо сипос ҷавобаш додам.
Чанд ҷумлае дар бораи ин ҷашн гуфтем. Аз ҷумла гуфтам, ки ҳар ҷавоне Соли навро ҷашн мегирад ё ин ҷашнро таҳаммул мекунад, ҳеҷ гоҳ ба майдони ҷангҳое ба монанди ҷанги Сурия намеравад. Ин гап маъқулаш шуд.
Дар воқеъ ҳоло вазъият дар мо хеле тағйир кардааст, аммо боз ҳам ҳастанд, нафароне, ки бо машғул будан дар идораву муассисаҳои расмӣ аз шунидани номи ин ҷашн нороҳатӣ мекунанд, агарчи ҳадяву мукофотпулиҳои солинавиро -ҷашне, ки қабулаш надоранд, бо дилу ҷон мепазиранд.

Сухани дигар, «Шод бош!»
"Аввал 10 нон медодам, баъд 20 ва ҳоло – 40 нон. Эҳтироми калонсолон дар Тоҷикистон як расм аст. Бобоҳои мо ин корро мекарданд, мо давомдиҳандагонашон ҳастем. Ҷумъа - рӯзи одина барои мо, мусалмонон муқаддас аст. Ҳар кас бояд дар ин рӯз доштагиашро бо дигарон тақсим кунад ва ба мардум нон додан савоби зиёдтар дорад.” - Ин суханони соҳибкори тоҷик Фарид Мадолимов аст, ки ҳар рӯзи ҷумъа дар мағозаи меваву сабзавоташ дар кӯчаи Шумакови шаҳри Барнаули Русия ба нафақахӯрон бепул нон медиҳад. Ин ҳарфҳо ва акси Фарид дар рӯзҳои охири соли 2018 аввал дар расонаҳои маҳаллии ин шаҳр чархида, баъд ин матлаб ба чанд нашрияи интернетии тоҷикӣ ҳам кӯчид.
Фарид дар суҳбат бо "Алтайская правда” гуфтааст, бобову бибиҳояш аз олам чашм пӯшидаанд ва шояд ба ҳамин хотир, ин қадар харидорони солмандеро, ки ба мағозааш меоянд, дӯст медораду навозиш мекунад. Ва онҳо ба ин муҳаббату ғамхориаш бо айни муҳаббат ҷавоб мегардонанд, ки як намунааш номаи дастаҷамъонаи онҳо ба ин нашрия бо ситоиш аз ҷавони тоҷик аст.
Фарид ният карда, ки дар Соли нав ба харидорони солмандаш бепул себу мандарин туҳфа мекунад. Ӯ бовар дорад, хайру саховат дари файзу баракатро мекушояд.
Хабарнигори «АП» Тамара Попова, муаллифи гузориш дар бораи ин соҳибкори тоҷик менависад, ки аз саховатмандии Фарид Мадолимов аз номаи як гурӯҳи сокинони куҳансоли маҳаллӣ хабардор шуд.
Куҳансолон навиштаанд, ки “Тавассути рӯзнома ба Фарид барои ғамхорӣ ва муносибати гармаш ба мардуми солхӯрда изҳори сипос мекунем. Бо умеди ин ки тамоми ҷавонон ба рафтору кирдори худ чун Фарид – фарзанди модари тоҷик бияндешанд, дар атрофи худ инсонҳоро бубинанд”.
Аз матлаби нашрия бармеояд, ки ин тоҷикписар маҳалеро дар кӯчаи Шумаков, ки қаблан дӯкони сигорфурӯшӣ буд, ба дӯкони фурӯши меваву сабзавот табдил дода, як муҳити хеле гарму дӯстонаро ба вуҷуд овард.
Ӯ акнун ҳар рӯзи ҷумъа барои нафақахӯрон бепул нони гарми нав аз танӯр канда тақсим мекунад. Бепул! То диле ба даст орад. Инсони бенавоеро хурсанд мекунад. Баъзе аз онҳое, ки бори аввал хайри ӯро мегирифтанд, аз шодмонӣ дар чашмонашон ашк ҳалқа мезад. На аз он ки пули хариди як нонро надоштанд, на! Балки сабаб он буд, одаму одамгариро нисбати худ медиданд.
Фарид Мадолимов аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғди Тоҷикистон ба кишвари Олтойи Русия омадааст. Ӯ ва ҳамсараш Фариза ду фарзанд: як духтари 4-сола ва писари якунимсола доранд. Соҳибкор ҳамчун як инсон бо мизоҷон муносибати писарона дорад ва байнашон фарқ намегузорад, ки аз кадом миллату пайрави чи дине ҳастанд. Ин хислати нодирро, ки нишонаи одаму одамгарист, бисёриҳо мехонд дошта бошанд вале надоранд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: