Соли нав, иқболи нав…31-12-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 500 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2018 бо рўйдоду таҳаввулоташ дар хотирҳо монд. Дар пойтахт тартибу низом дар ҳаракати нақлиёт беҳтар шуд. Сохтмонҳои нав мавриди истифода қарор гирифтанд. Хиёбонҳо таъмиру ободтар шуданд. Дар баробари ҳамаи ин тасмими шаҳрдорӣ барои бозгардондани Бобои Барфӣ ва арчаи солинавӣ ба зиндагии шаҳриён ба шаҳомати Душанбе шукўҳи тоза бахшид. Ин иқдом поёни сол омад ва омад – омади Соли Навро зеботар кард. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, имсол як моҳ пеш арчаи асосии шаҳрро дар Майдони марказӣ оро доданд. Инчунин шаҳрдорӣ дар якчанд мавзеъҳои серодами шаҳр арчаҳои соли навӣ гузоштанд, ки шукўҳу шаҳомоти пойтахтамонро боз ҳам афзунтару зеботар карданд. Ҳоло мо фазои идонаи Душанберо дида, бовар мекунем, ки ин масъули ниҳоди шаҳрӣ ба гуфтаи худ вафо кард. Дар рўзҳое, ки боз як соли тақвимӣ ба поён мерасад, биноҳои шаҳр бо шиору овезаҳои солинавӣ ва даромадгоҳҳои фурўшгоҳҳо, идораю корхонаҳо бо арчаҳо зиннат дода шудаанд. Соли нав ба мо чӣ меорад? Донистани оянда барои дилхоҳ шахс, ҳатто агар он рамзӣ бошад ҳам, шавқовар аст. Ситорашиносон имсол ҳам нисбат ба Соли Нав пешгўиҳо кардаанд. Инак, Соли Нав ба мо чӣ меорад? Соли 2019 дар тақвими шарқиён ҳамчун соли хубони зарди заминӣ дониста мешавад ва он на аз 1-уми январ, балки аз 5-уми феврали соли 2019 сар шуда, то 19-уми январи соли 2020 идома меёбад. Мафҳуми «Замин» бошад, мазмуни онро дорад, ки мо дар сайёраи замин ба сар мебарем ва бе он зиндагӣ карда наметавонем. Замин барои инсон ҳамчун Модар аст ва ба одамӣ рисқу рўзӣ медиҳад. Зард бошад намоди тилло, муқаддасот ва меҳрубонӣ аст. Мувофиқи пешгўии ситорашиносон соли хубон ба мо сериву пурӣ меорад, зеро он ба мардуми аврупоинажод яке аз манбаҳои асосии гуштӣ дониста мешавад. Шаби Соли Нав чӣ гуна таом бояд тайёр кард? Албатта ҳар кадоме аз кадбонуҳои хона кўшиш мекунанд, ки шаби Соли Нав хўрокҳо ва хўришҳои гуногун тайёр карда, дастархонашонро пурфайзу зебо гардонанд. Хубон, ҳайвони пурхўр аст ва хурданро ниҳоят дўст медорад. Аз ҳама аҷибаш дар он аст, ки ин ҳайвон иштиҳои ниҳоят хубе дорад ва барояш чи будани ғизои хурдааш муҳимияте надорад. Яъне ин ҳайвон ҳамахўр аст ва агар ин мазмунро дигар хелтар иброз намоем, ҳар ғизое ба ӯ пешниҳод намоем, барояш хушоянд аст. Аз ин рӯ дар шаби Соли Нав оро додани дастурхон бо таомҳои рангоранг ва хуришҳои гуногун файзу баракатро дар хонадони мо зиёд мекунад. Кадом намуди таомҳо дастурхони моро оро диҳад? Ба гуфти ситорашиносон хубон ба гурўҳи ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ шомил аст ва хўрдани ҳамагуна намуди хўрокро хоҳ вай наботӣ бошад ва хоҳ гуштӣ дӯст медорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ситорашиносон дар шаби Соли Нав ба мо тавсия медиҳанд, ки дар дастурхони мо хўриш ва хўрокҳои ҳам наботӣ ва ҳам гуштӣ бошад беҳтар аст ва ин ба рўзгори мо файз меорад. Дар Соли Нав аз хўрдани гўшти моҳӣ, гов, гўсфанд ва нўшокиҳои спиртӣ муфид аст. Ба он мардумоне, ки гўшти хукро истеъмол мекунанд, тавсия дода мешавад, ки аз хўрдани гўшти хук парҳез кунанд, зеро ин мувофиқи нишондоди ситорашиносон ба рӯзгорашон касодӣ меорад. Шаби Соли Нав чӣ гуна либос бояд пўшид? Мувофиқи пешниҳоди ситорашиносон Соли Навро бояд бо гулҳои зардрангу сафедчатоб, ки ба ранги хубон шабоҳат дорад, бояд пешвоз гирем ва аз гулҳои рангоранги ҳархела даст кашем. Шаби Соли Нав пўшидани либосҳои сафедчатоб, зард ва ранги тилло доштаро ситорашиносон тавсия медиҳанд. Занон дар Соли Нав либосҳои бегиребони зардча рангу сафедчатоб бояд пўшанд ва таваҷҷуҳи мардашонро ба худ зиёд намоянд. Агар занон либосҳои бегиребони бепашм пўшанд, то охири сол зиндагиномаи онҳо рангину зебо мегардад, зеро чунин либосҳо намоди хубонӣ дорад. Ситорашиносон мегўянд, ки шаби Соли Нав овехтани гўшвораҳои зард ва тиллоӣ ба занон то охири сол барор меоранд. Хулоса Албатта ин ҳама гуфтаҳо мазмуни намодӣ доранд, аммо дар ҳама ҳолатҳо барои одамон писанданд, зеро дар замири қалбамон нахли умедро мепарварваранд. Одамӣ дар ҳама ҳолатҳо бо умед зиндагӣ мекунад ва танҳо умеду орзу метавонад дар ниҳодамон мазмуни бовариро бедор кунад. Боварӣ бошад ҳидоятгари мо ба ояндаи нек аст ва бошад, ки Соли Нав ба дастурхони мо файзу баракат оварда, рўзгорамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонад. Нуфузи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам зиёдтар шуда, Тоҷикистони азизи мо ҳамеша орому осуда бошад. Соли наватон муборак бошад! Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.