Арча омад, шукўҳи шаҳр афзун шуд29-12-2017, 10:49
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2017 бо рўйдоду таҳаввулоташ дар хотирҳо монд. Дар пойтахт тартибу низом дар ҳаракати нақлиёт беҳтар шуд. Сохтмонҳои нав мавриди истифода қарор гирифтанд. Хиёбонҳо таъмиру ободтар шуданд. Дар баробари ҳамаи ин тасмими шаҳрдорӣ барои бозгардондани Бобои Барфӣ ва арчаи солинавӣ ба зиндагии шаҳриён ба шаҳомати Душанбе шукўҳи тоза бахшид. Ин иқдом поёни сол ва омад – омади Соли Навро зеботар кард. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, имсол як моҳ пеш арчаи асосии шаҳрро дар Майдони марказӣ гузошта оро доданд. Ҳанўз дар ҳамон рўзҳо буд, ки Шарофиддин Талабов, директори муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиш» -и шаҳрдорӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки имсол тайёрӣ ба баргузории тадбирҳои идона нисбат ба соли гузашта хубтар ба иҷро мерасанд. Ҳоло мо фазои идонаи Душанберо дида, бовар мекунем, ки ин масъули ниҳоди шаҳрӣ ба гуфтаи худ вафо кард. Дар рўзҳое, ки боз як соли тақвимӣ ба поён мерасад, биноҳои шаҳр бо шиору овезаҳои солинавӣ ва даромадгоҳҳои фурўшгоҳҳо, идораю корхонаҳо бо арчаҳо зинат дода шудаанд. Дар хиёбонҳои шаҳр автобусу троллейбусҳо бо ронандагони сарулибоси Бобои Барфӣ пўшида, ба мардум хидмат мекунанд. Албатта мунтақидон хоҳанд гуфт, ки бо ин амал наметавон мушкилоти мардумро кам кард. Бале камбуду мушкили мардум шояд кам намешавад, вале дилҳо ва хотираҳо аз хастагию ноумедиҳо барои чанд муддат пок мегардад ва умедвориҳое моро фаро мегирад, то барои расидан ба орзую ниятҳои худ дар соли оянда рўҳан тайёр шавем. Дар ҳамин рўзҳо буд, ки як муаллими шинос мушоҳидаҳояшро ба ман гуфт. Хонандагони синфи 5, ки ў раҳбарашон аст, аз ў хостаанд, ки синфашонро ба ҷашни Соли Нав оро диҳанд. Бо ин мақсад духтарон қарор карданд, ки шилшилаву гулҳои аз коғазҳои ранга сохтаашонро ба тирезаву девор овезанд, аммо чанд нафар аз писарон эътироз кардаанд, ки «Ин Соли Нави мо нест ва ид карданаш убол аст». Бо чунин мавзеъгирӣ писарҳо монеи иҷрои ин амал шудаанд. Муаллим ҳайрон буд, ки дар зеҳни бачаҳои ҳамагӣ 12 –сола ин гуна андешаи маҳдуду ғаразнок аз куҷо роҳ ёфта бошад. Мо дар асри 21 умр ба сар мебарему аз тамоми дастовардҳои илми гузаштаю муосир бея гон дудилагӣ истифода мекунем, вале дар мағзи бачаҳоямон фаҳмиши ҷомеаи асрҳои миёна ҷой мегиранд. Ман аз ин ҳайрон нестам. Балки он чӣ бароям аҷиб буд, ки чаро охири соли гузашта шаҳрдорӣ дар омад - омади соли Соли Нав ҳар гуна иқдоми ҷашниро мамнўъ карда буду арчаи Майдони марказии шаҳрро ҳам танҳо барои се рўз гузошт. Бехабар аз он ки ҳар амале акси садо дорад. Ин муаллим бо самимият ва содда ба шогирдонаш фаҳмонидааст, ки мо ба поён расидани як солро, ки тақвими расмии кишвар мутобиқи он аст, гиромӣ медорем ва Соли Навро бо орзуву умеди тоза пешвоз мегирем. Ҳеҷ ҷои бадие надорад, агар намунаи ҳунари духтарони ҳамсинфатон, ки ҳеҷ харҷе надорад, балки маҳсул ва нишонаи тавону маҳораташон аст, ба девор овезон шавад. Ана барои чӣ ҷашни бонизому ботартиби Соли Нав ва ороиши идонаи шаҳр дар ин рўзҳо зарур аст. Хушбахтона, имсол шаҳрдорӣ камбуде, ки соли гузашта буд, ислоҳ кард. Акнун он муаллим, ман ва садҳо нафари дигар, ки ин ҳамаро мебинем, ба шогирдон, фарзанду набераҳои худ ба осонӣ ҷавоб хоҳем дод: «Соли Нав аз мо ҳам ҳаст!» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.