Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Наврӯзи Истаравшан

Наврӯзи Истаравшан

15-03-2017, 10:30
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯзи Истаравшан


Ривоятҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки иди Сарисол-Наврӯз дар Истаравшани бостонӣ аз замони аҳди Ҷамшед ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни оғози бедории табиат, фарорасии фасли баҳор дорои хислат ва анъанаҳои хос буд. Мардуми Истаравшан фарорасии соли навро дергоҳ интизор мешуданд. Барои истиқболи он барвақт омодагӣ мегирифтанд.
Дар гузашта тайёрӣ ба ҷашн аз хонаи ҳар як сокини шаҳр шурӯъ мешуд. Дар Истаравшан истилоҳи «Хонабаророн» маълум буд. Сокинони шаҳр дар арафаи ид маъракаи хонабароронро анҷом медоданд. Баъд аз фасли зимистон тамоми чизу чораи хона ба берун бароварда шуда, фарши он аз пахол зери палоси пашмин, ки дар зимистон андохта шуда буд тоза ва рӯбучин карда мешуд. Мардум сандалии зимистонаро меғундоштанд, кӯрпаву кӯрпача ва болиштҳоро офтоб мекарданд. Сипас кӯчаву гузарҳо, ҳавзҳо ва ҷӯйборҳоро тоза мекарданд. Дарахтони дохили ҳавлӣ, кӯчаҳо ва боғзорҳо ба шакл дароварда мешуданд. Як ҳафта қабл аз ид кӯчаҳои марказии шаҳр, раставу бозорҳоро бо аспу ароба ҷорчӣ давр мезад ва дар назди издиҳом ҷор меандохт: - Ҳой мардум надидам нагӯед, нашунидам нагӯед, бехабар намонед, бахшида ба ид дар мавзеъи сарсабзи беруназшаҳрӣ маҳфили Гули Сурх (як мавзеъ имрӯз номи Гули-Сурхро дорад), дар теппаи Тал мусобиқаҳои гуштингирӣ ва дар мавзеъи Калламанора улоқ (бузкашӣ) барпо мегардад.
Дар Истаравшан инчунин ибораи «Ошбараку ошбиёрак» хеле маъмул аст.
Ин анъана аз қадим вуҷуд дошта то ба ҳол идома дорад. Яъне як рӯз пеш аз ҷашну идҳо мардум дар хонаҳояшон оши палав пухта ҳам худ мехӯрданду ҳам ба ҳамсоя ва хешу табор мефиристанд.
Як рӯз пеш аз иди Наврӯз низ ҳатман оши палави болаззатро хонаводаҳо мепазанд ва ба ҳамсояву хешу табор тақсим мекунанд.
Дар рӯзи ҷашн раставу бозор, майдону кӯчаҳои шаҳр бо издиҳоми одамон пур шуда, ҳунармандон офаридаҳои худро ба фурӯш мебароварданд. Қандалотчиҳо бошанд, шириниҳои худро ба савдо мебароварданд. Шаҳрро дуди кабобу нахӯдшӯрак ва дигар хӯрокаҳо фаро мегирифт. Дар майдону хиёбонҳо ва теппаҳои атрофи шаҳр карнайнавозӣ, сурнайнавозӣ ва нақоразанӣ доир мегардид, ки онҳоро бодбаракпарронҳою лаклакпарронҳо ҳамроҳӣ мекарданд.
Ҷашн дар мавзеъи боғи беруназшаҳрӣ бо маҳфили Гули Сурх оғоз мешуд, ки онро адибони доираи адабии Истаравшан доир мекарданд. Шоирон шеърҳои ба васфи иди соли нав, баҳор эҷодкардаи худро мехонданд. Ҳофизону машшоқон суруду таронаҳоро замзама мекарданд. Адибони ҷавон байтбарак ва мусобиқаи шеърхонӣ ташкил менамуданд.
Маҳфил бо сароидани нақшҳо аз тарафи гурӯҳҳои якчанд гузару деҳаҳои шаҳр анҷом меёфт. Ба муаллифи ин сатрҳо иттифоқ афтодааст, ки солҳои 80-уми қарни гузашта чунин чорабинии бадеиро ҳангоми кор дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Афғонистон мушоҳида намояд, ки он таҳти унвони «Милаи Гули Сурх» гузаронида мешуд.
Дар болои теппаи Тал бошад мардум ба чархуфалаксароӣ ва карусели дастисохташуда мерафтанд. Дар ҳамон ҷо мусобиқаи гуштин ва дар мавзеи Калламанора мусобиқаи бузкашӣ доир мегардид, ки дар онҳо меҳмонони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок мекарданд.
Ҳамин тавр ид се рӯз идома меёфт. Дар давоми се рӯзи ид духтаракон ба хонаҳои наварӯсони хешу табор ва ҳамсояҳо ба идгардак мерафтанд, ки ин анъана низ имрӯз боқист.
Наварӯсон ба духтаракон атру собун, ойинача, шона, рӯймолча, чанг ва ғайра тақдим мекарданд. Дар растаҳои бозор, майдону хиёбонҳои шаҳр мусобиқаҳои хурӯсҷангу бедонаҷанг, кабкҷанг ва тухмҷанг барпо мегардид.
Дар баробари истаравшаниҳо Наврӯзро тоҷирони чиниву ҳинду афғонҳо ва русҳои муқими шаҳр низ таҷлил мекарданд. Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ давлати Усрушана соли 972 мелодӣ дар Хитой сафоратхона ифтитоҳ намуда будааст, ки кормандони намояндагӣ ҳар сол Наврӯзро дар он ҷо низ ид мекарданд.
Тавре таърихшинос Ҳасанбой Шарифов дар китоби «Тоҷикони бурунмарзӣ» овардааст: «Аз шаҳрҳои кунунии Осиёи Миёна танҳо Ӯротеппа ва Андиҷон дар асрҳои миёна дар шаҳри Қошғарии Хитой корвонсарой доштанд. Дар корвонсаройи ӯротеппагиҳо низ ҳар сол иди Сарисол бо иштироки меҳмонони зиёд пуршукӯҳ таҷлил мегардидааст».
Баъди гузаронидани чорабиниҳои идона деҳқонон маъракаи ҷуфтбаророн ташкил мекарданд, ки он аз оғози кишту кори баҳорӣ иборат буд.
Лозим ба ёдоварист, ки бисёре аз ин анъанаҳои аҷдодии ҷашнгирии Наврӯзи хуҷастапай имрӯз ҳам дар куҳандиёри тоҷикон-Истаравшани бостонӣ боқӣ мондааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Наврӯз баъди соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ шакл ва мундариҷаи нав касб намуд. Наврӯз аз ҷониби СММ ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Мардуми шарифу сарбаланди Истаравшани бостонӣ 26-сол боз Наврӯзро дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстӣ ва шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр бо тантана ва пуршукӯҳ таҷлил менамоянд.

Сайфулло Файзуллоев,
раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: