Ҳеҷ амал беҳтар аз хайру сахо нест7-01-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
![]() То хабар омад, ки Пешвои миллат, Призденти кишвар аз ҳоли ин мардуми кӯҳистони дурдаст бехабар нест ва дар фикри бартараф кардани мушкилии онҳост. Шояд хонанда ин ҳолати хурсандии моро ҳеҷ гоҳ тасаввур карда натавонад. Ин хабар мисли ҷоне буд, ки дар ҷисми шахшудаи мо рамақ давонд. Баъдан паи ҳам парида омадани чархболҳо (чун раҳи мошингарди бе ин ҳам вайрон дар натиҷаи заминҷунбӣ тамоман вайрон шуда буд) рӯҳамонро дар парвоз овард, зеро то омадани онҳо мо фақат ҷон доштему халос. Хабар гирифтани намояндагони вилоят ва ҷумҳурӣ аз вазъияти вазнини он рӯзҳо барои мо як хушбахтие буд, ки муҳаббати моро нисбат ба миллат, ватану ватандӯсторӣ, ба хусус сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлату ҳукумат боз ҳам бештару мустаҳкамтар гардонд. Мо мутмаинем, ки ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳо нисбат ба мардуми зарардидаи водии Бартанг ба дастуру супоришҳои Сарвари азизамон ба роҳ монда шуда буд. Мегӯянд, ки подшоҳон сояи Худованд дар замин ҳастанд. Агар ҳар яки мо солимфикрона ва бе ғараз назар андозем, амалҳои неки Призденти мо ба ин андеша қаробати зиёде дорад, ки бараъло намоёнанд. Хуллас мо сокинони осебдидаи водии Бартанг ба ҳамаи онҳое, ки дар чунин шароити вазнин кӯмакҳояшонро ба мо дареғ надоштанд, ба он давлатҳое, ки ёрии башардӯстонаашонро барои беҳбудии зиндагии мо фиристонданд ва ба тамоми он нафароне, ки дар ҳалу фасл намудани ин вазъияти ногувори мо саҳмгузор ҳастанд, сипоси бепоёни худамонро изҳор медорем. Ва умедворем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша ёвари ҳамдигар бошанду дар сулҳу ваҳдат ва ҳамдилӣ зиндагӣ намоянд. Ҳеҷ амале баробар ба дасти кӯмак дароз кардан ба ниёзмандон шуда наметавонад. Худованд хайри онҳое, ки дар ҳақи мо кардаанд бипазирад ва мардуми тоҷик ҳамеша дар сулҳу салоҳ умр ба сар баранд. Умед ва дуо мекунем, ки соли 2016 барои халқи мо соли хушбахтӣ ва оромӣ бошад! ©Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.