Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аёдати сарбозон дар Деваштич

Аёдати сарбозон дар Деваштич

19-12-2017, 10:12
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Аёдати сарбозон дар Деваштич

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии қисмҳои низомӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои хизмати ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сарбозони қисмҳои харбии ноҳияи Деваштич мавриди аёдат қарор дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳифзи марзу буми модар – Ватан аз қадим дар зиммаи мардони шуҷову ватандӯст буда, дар даврони соҳибистиқлолияти кишвари озод, ки пас аз ҳазорсолаҳо соҳиби давлати мустақил гардид, ин масъулият вазифаи муқаддасу пуршараф ва адои қарзи фарзандии ҳар ҷавони бонангу номус дар назди Ватан аст. Зеро ҳифзи Ватан – ин ҳифзи модар, ҳифзи оила ва дастовардҳои давлату ҳукумат мебошад.
Аз ин лиҳоз, баҳри қадршиносии хизматҳои шабонарӯзии марзбонону хизматчиёни ҳарбӣ, дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода, муовини раиси ноҳияи Деваштич Бунафша Ғиёсиддинзода, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва мудири бахши ҷавонон ва варзиш Вафоҷон Қӯлдошов бо ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Ғазантараки ноҳияи Деваштич сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аёдат карда шуданд. Баҳри онҳо дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Аз ҷониби намояндагон табрикоти роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳия ба самъи иштирокчиёни аёдат расонида шуда, дар хотима барномаи фарҳаию фароғатӣ бо намоиши машқҳои варзишию суруду навоҳо баргузор гардид.

Рухшона Ҷӯраева – ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: