Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШИНОСОИИ ҶАВОНОНИ ШАҲР БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ШИНОСОИИ ҶАВОНОНИ ШАҲР БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

19-09-2018, 08:09
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
ШИНОСОИИ ҶАВОНОНИ ШАҲР БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
18 сентябри соли ҷорӣ тибқи супориши протоколии маҷлиси назоратии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар яке аз қисмҳои низомии қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ доир гардид. Дар он Бойалӣ Ҳусейнов, устоди ДДТТ, узви Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Валӣ Сайёрабеков, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сайдалӣ Шамсов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ширкат ва суханронӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки аз хонандагон аз коллеҷу литсейҳои чор ноҳияи шаҳр барои шиносоӣ бо шароити хизмати ҳарӣ ба ин қисми низомӣ ҷалб гардиданд.
Валӣ Сайёрабеков сухани хешро аз таассуроти сафари Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон оғоз намуд. Мавсуф зикр кард, ки ҳамчун собиқ иштирокчии ҷанги Афғонистон шоҳиди онем, ки ҳанӯз солҳои 1992 Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар заминаи хушку холӣ таъсис дода шуд. Кор дар ин самт аз сифр оғоз шуда буд. Афсарон на либоси мувофиқ ва на шиками сер доштанд. Имрӯз афсарон ҳам бо либосу пойафзолҳои мувофиқу шинам, ҳам шароити хуби хизмат ва ҳам бо хӯрокҳо хушмаззаву аз элементҳо бой таъминанд. Дар тамоми қисмҳои низомӣ, ҳатто дар дурдастарин ноҳияҳо чунин шароит ва имкониятҳо таъмин аст. Бо ин шароитҳои беҳтарин бояд хизмат ҳам аъло бошад. Аз ҷумҳурии мо қаҳрамонон зиёд ба камол расидаанд, ки номҳояшон дар таърихи кишвар сабт гардидааст. Аз ҷумлаи онҳо Александр Мироненко, Набӣ Акрамов ва дигарон мебошанд, ки аз корнамоиҳо ва номи онҳо ифтихор мекунем. –Имрӯз шумо ҷавонон пайрави қаҳрамонҳои хеш бошед ба Ватану миллат хизмати содиқона намоед,-илова намуд мавсуф.
Бойалӣ Ҳусейнов низ таъкид кард, ки 27 сол қабл вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар дар ҳоли бад қарор дошт. 27 сол қабл сарбози тоҷик пойи луч хизматро адо мекард. Мавсуф дар бораи ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Хусдеҳи Афғонистон, баргардонидани гурезаҳо, истиқболи Пешвои миллат баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар пойтахти мамлакат ҳамчун шоҳиди ин ҳодисаҳои таърихӣ нақл намуда, расидан ба сулҳу ободиро таъкид кард. Мавсуф зикр дошт, хизмат ба Ватан уҳдадории конститутсионӣ ҳар ҷавон аст. Ҳамзамон таъкид намуд, ки артиши мо артиши 27 сол қабл нест, балки аз бисёр чумҳуриҳои ИДМ рушдёфтаву пешрафта аст.
Дар ин чорабинӣ Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ суханронӣ намуд.
Дар фарҷом дар зери сурудҳои дилошӯбу дилангез сарбозон ва муҳассилини коллеҷҳои пойтахт рақсу бозӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: