Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ман ҳам вориси Рустами Достон…»

«Ман ҳам вориси Рустами Достон…»

3-03-2016, 12:50
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
«Ман ҳам вориси Рустами Достон…»
Баҳри хотирмон ҷашн гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ ва НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия «Рӯзи дарҳои кушод» дар қисми низомии 04533-и ноҳияи Ғончӣ баргузор гардид, ки дар он ҷавонони синну соли даъвати ҳарбӣ аз муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, аз шароити буду бош, машқу тармим ва вақтҳои истироҳатии сарбозон аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Дар чорабинии мазкур мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, узви фаъоли ҳизбӣ Бунафша Қутбиддинова, сармутахассиси бахш Содирхон Баҳодуров ва и.в.Раиси Шӯрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ҷавононро роҳбаладӣ намуда, аз тамоми имконияту шароитҳои барои сарбозон муҳайёгардида онҳоро шинос намуданд ва дар рафти чорабинӣ зикр намуданд, ки ояндаи Тоҷикистон аз матонату мардонагии насли оянда вобаста буда, ҳар қадами неки онҳо пойдории Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азизу маҳбубро таъмин менамояд, зеро имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳар фарди кишвар ба ҷасорати қаҳрамононаи фарзандони нексиришту Ватанпарвари он эҳтиёҷ дорад. Сулҳу суботи ҷомеа аз хизмати мардонавори онҳо вобастгаии калон дорад. Беҳуда «Ватан – Модар» нагуфтаанд, то ки ҳар фарзанд ҳимояи Ватани худро ҳамчун ифои вазифаи фарзандии худ дониста, масъулияти хешро дар назди волидайну наслҳои ояндаи хеш эҳсос намояд.

Дар чорабинии мазкур муҳассилин – ҳомиёни ояндаи Ватан, аз шароитҳои имрӯзаи барои сарбозон фароҳамовардашуда шинос гардида, бо яроқу лавозимоти ҷангӣ аз наздик ошноӣ пайдо карданд ва бо иҷрои меъёри ҳарбӣ тариқи амалӣ дидан намуда, барои худ дарси ҳарбӣ – дифоӣ гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: