Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баҳс дар илм ҳамеша буд, вале на бо ин шева (Ё назаре чанд ба ташхису хулосаҳои бемантиқи ин ташкилоти ҷамъиятӣ)

Баҳс дар илм ҳамеша буд, вале на бо ин шева (Ё назаре чанд ба ташхису хулосаҳои бемантиқи ин ташкилоти ҷамъиятӣ)

10-05-2018, 08:48
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
Баҳс дар илм ҳамеша буд, вале на бо ин шева (Ё назаре чанд ба ташхису хулосаҳои бемантиқи ин ташкилоти ҷамъиятӣ)
Раиси КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, н.и.и., Раҳмонзода З.Ф.


Ҳангомаҳои шабакаи русии «Диссернет», ки давоми чанд моҳи охир доираҳои гуногуни илмии тоҷикро фаро гирифтаву, боиси нигаронӣ гардидааст, дар шароити феълӣ яке аз мавзўҳои рўзмарра ба ҳисоб меравад. Дар бораи таърихи таъсисёбии ин ҳаракати ҷамъиятӣ борҳо тавассути шабакаҳои шабакаҳои интернетиву матбуоти даврӣ хондему иттилоъ дорем, ки таъсисдиҳандагонаш чӣ шахсиятҳои ба иборае «ради маъракашудаи» ҷомеаи русӣ мебошанд.
Бо таваҷҷуҳ ба масоили матраҳшуда, чанде пеш Вазири маориф ва илми Федератсияи Россия дар яке аз мусоҳибаҳои худ оид ба фаъолияти ин ҳаракати ҷамъиятӣ ба ин маънӣ гуфт, ки далели кўчонидани беасос ё мавҷуд набудани навигарии илмиро танҳо мутахассиси соҳа метавонад муайян кунад. Инчунин дар мусоҳибаи дигараш Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии Россия В.М. Филиппов илова намудааст: «Ба овозаҳое, ки дар «Диссернет» паҳн шудаанд, аҳамият додан кори Комиссияи Олии Аттестатсионӣ нест. Дар он изҳороти бепоя ҷой дошта метавонанд. Агар мо изҳороти расмиро бо чопи дақиқи «Диссернет» тавонем бубинем, он гоҳ метавонем чунин изҳоротро баррасӣ кунем, вале ин ҳама, ҳоло аз як гапҳои ҳавоӣ беш нестанд».
Албатта, барои нафари заковатпешаву дорои хиради азалидошта, чунин натиҷагириҳои амиқи сохторҳои дахлдори кишвари бузурги Россия басанда аст. Муҳимтар аз ҳама изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш аз ҳисоби олимону коршиносони варзида вобаста ба ҳангомаҳои беасоси «Диссернет» таъсис ёфт, фаъолияти ин ташкилотро дар самти муайянсозиву асардуздии олимони тоҷик беасосу бепоя хонд.
Аммо дар ин ҷо суханро дар бораи ин ташкилоти ҷамъиятӣ ба дарозо бурдани нестем, зеро таҳлилу ташхиси чанде аз корҳои илмии олимони тоҷик, ки мавриди интиқоду фошкориҳо қарор гирифтааст, хулоса ва ҳадди охир буда наметавонад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмии пешниҳодшуда қаблан дар асоси асноду муқаррароти ин ниҳодҳои дахлдор мутобиқу тасдиқ мегарданд.
Вале он нафароне, ки дидаю дониста ва ё шояд қасдан хулосаи беасоси чунин як ташкилоти ҷамъиятии ба ном «Диссернет»-ро даста кардаву дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хабарӣ мечархонанд, чӣ манфиат доранд?
Тибқи маълумоти мавҷуда ва андешаҳои зикргардида, ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» худ як сохтори ғайридавлативу масъулинаш тавассути маблағҳои ҳангуфти хоҷагонаш кору фаъолият кардаву аксари хулосаҳояш муғризонаанд. Табиист, ки чунин муносибатҳои пасипардагии вақтҳои охири «Диссернет» ва шабакаи хабарии «Akhbor.com» шубҳаву нобоварии дилхоҳ бинандаву хонандаро зиёдтар менамояд. Пас агар чунин набошад, чаро заҳмати олимони тоҷикро аз дидгоҳи интиқодӣ бештар натиҷагириву хулосабарорӣ менамоянд?.
Дар ин ҷо, барои пайдо намудани маълумоти бештари ҳаводорону мухлисоли «Диссернет» ва «Akhbor.com» зарурати зикри баъзе аз талаботу қонунҳои асосии Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россияро хеле ба мавриду муҳим мешуморам.
Ногуфта намонад, ки таҳлил ва хулосаи кунунии ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» мутобиқи банди 14–и Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 24.09.2013 таҳти №842, ки фишурдаи мазмуни он: «Ҳар як унвонҷў вазифадор аст, ки зимни таҳияи рисолаҳои илмии худ бояд аз сарчашмаву манбаъҳои илмии олимони кишварҳои гуногун иқтибосу далел оварада, бо ишораҳои махсуси қабулшуда», пешниҳод ва манзур мегардад.
Ҳоло он ки «Диссернет» бо хулосаҳои беасоси худ рисолаҳои дифошудаи қабл аз ин қарорро мавриди санҷиш қарор додааст, вале на бояд фаромўш кард, ки ҳимояи рисолаҳои номзадии давоми 5 - 10 соли охир тибқи муқаррароти қарори зикргардида ва талаботи ҳамон замон ташхис ва хулосабарорӣ карда мешуд. Вобаста ба натиҷагирии ҳалли масоили зикргардида илова намудан ба маврид аст, ки ташхису хулосабарории худи «Диссернет» дар мавриди рисолаҳои илмӣ ҳадди охир набуда, моҳияти тахминӣ доранд. «Сообщество Диссернет напоминает, что никакая проведенная им экспертиза не может считаться окончательной. Экспертиза носит предположительный (вероятностный) характер и основана на имеющемся в наличии объеме информации, полученной исключительно из открытых источников».
Гумони ғолиб ин аст, ки барои хонандаи бедордилу нафарони аз пайроҳаи илм гузашта, зикри чунин санадҳои муҳими тасдиқкунандаи меъёрҳои мавҷуда басандаву қобили қабул аст…
Мутобиқи ташхиси бемантиқи ташкилоти ҷамъиятии «Диссернет» рисолаи илмии банда низ, чанде пеш мавриди санҷишу натиҷагирӣ қарор гирифта, дар сомонаҳои иҷтимоӣ боиси муҳокимаи хонандагону ҳаводорон гардид. Ташхиси ин ташкилот бидуни меъёр ва хилофи қонунҳои амалкунандаи Комиссияи Олии Аттестатсионии Федератсияи Россия буда, ҳаққи муайяну арзиши чунин муқарраротро танҳо ин ниҳоди давлатӣ дорад, на ташкилоти ғайридавлатии «Диссернет».
Вобаста ба ҳалли мушкилоти ба миёномада ва тасдиқи андешаҳои боло чанде аз нуктаҳои муҳими изҳороти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳангомаҳои ташкилоти «Диссернет» ба мавриду саривақти мешуморам: «Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки аз ҷониби «Диссернет» оддитарин талаботи ахлоқи илмӣ риоя намешавад. Масалан, тибқи тартиби муқарраргардида, рисолаҳои илмӣ ба таври оммавӣ дифоъ гардида, ду ё се моҳ қабл аз дифоъ онҳо тавассути сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон дастрас карда мешаванд, то тақризҳои худро пешниҳод намоянд. Вале «Диссернет» ягон маротиба дар ин муҳлати муқарраршуда хулоса пешниҳод накарда, рисолаҳоеро ташхис мекунад, ки даҳсолаҳо пеш дифоъ гардидаанд ва дар асоси тартиби мавҷуда ба онҳо ягон кас ҳатто ҳуқуқи апеллятсия додан ҳам надорад. Ё худ, ахлоқи ҳамида талаб мекунад, ки ҳангоми ба кори илмӣ эътирозе доштан, бояд ба муаллифи он имкон дода шавад, то андешаи худро оид ба ин эътироз иброз намояд, вале мутаассифона, «Диссернет» рисолаҳоеро низ ташхис мекунад, ки муаллифони онҳо кайҳо боз дар қайди ҳаёт нестанд».
Паҳлуи муҳими дигари масъала ин аст, ки имрўз ҳамагон кори «Диссернет» -ро ҳамлаи навбатии душманони миллат медонанд, вале он чи, ки «Диссернет» ошкор намуд, ҳаргиз ба илми асил иртиботе надорад. Болотар аз ҳама таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба илму олимонаш ва адабиёти пурғановаташ ифтихор дошту дорад.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: