ҲАМКОРИИ ОЛИМОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК14-03-2018, 09:52
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстию ҳамкориҳои муштараки олимони тоҷику ӯзбек дар бахшҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ, биологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо хело тақвият ёфта истодааст. Бояд қайд намуд, ки то соли 1992 олимони тоҷик бо олимони ӯзбек ба монанди дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шӯравӣ алоқаи зичи ҳамкориҳои илмӣ доштанд. Дар он солҳо Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории илми биология оид ба ихтисоси «физиология ва биохимияи растанӣ» дар Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон танҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон, дар назди Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶТ (ҳоло Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ) фаъолият дошт, ки олимони намоёни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон аъзои ин шӯро буданд. Дар шӯрои мазкур нафарони зиёд аз Ӯзбекистон дар он солҳо рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро бо ихтисоси «физиология ва биохимияи растанӣ» дифоъ намуданд. Чанде аз олимони намоёни кишварамон дар ҳамин солҳо якчанд маротиба гузориши фишурдаи худро ба конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол намуданд, ки онҳо дар дар шакли маҷмӯа ба нашр расиданд. Инчунин дар солҳои соҳибистиқлолӣ бисёр олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ба рисолаҳои номзадӣ ва доктории олимони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақризҳои илмӣ навишта, корҳои илмии онҳоро ҳамчун дастоварди илм барои рушди иқтисодиёт тарафдорӣ намуданд. Олимони тоҷик низ дар вақти омода намудани мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳои номзадию докториашон аз дастовардҳои илмии олимони ӯзбек истифода менамоянд. Дар ҷараёни интихоби аъзои нав узви пайваста ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон олимони шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзадии аксарияти довталабонро барои интихоби узви пайваста ва узми вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастгирӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои хешро ирсол менамуданд. Акнун ҳамкориҳои илмиро тақвият мебояд бахшид. Зарур аст, ки минбаъд олимони ҷумҳуриҳои ҳамсоя лоиҳаҳои муштарокро таҳия намуда, барои иҷро гаштани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд. Хуб мешуд, ки барои тарбия намудани олимони ҷавони ҷумҳурихои ҳамҷавор шӯроҳҳои диссертатсионии муштараки сайёр барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шавад ва инчунин барпо намудани конфоронсҳои илмии байналмилалӣ барои рушди илмҳои гуногун ва барқарор намудани анъанҳои пешина ба манфиати кор мебуд. Дар амалӣ гаштани чорабинихои мазкур ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тарафайни илмӣ месазад, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус Шӯбъаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ пешоҳанг ва ташабускор дар соҳаи илмҳои биология ва тиб бошанд. Боварӣ дорем, ки тавассути сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва бунёдкоронаи Президентҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ояндаи наздик орзуҳои деринаи мардуми бо ҳам дӯсту ҳамсоя амалӣ мегардад. Б. Ҷумъаев, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биология, профессор; Қ. Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.