Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ДИССЕРНЕТ» — ЯЪНЕ ЧӢ? Тадқиқоти хабарнигорони АМИТ «Ховар»

«ДИССЕРНЕТ» — ЯЪНЕ ЧӢ? Тадқиқоти хабарнигорони АМИТ «Ховар»

5-04-2018, 16:08
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
«ДИССЕРНЕТ» — ЯЪНЕ ЧӢ? Тадқиқоти хабарнигорони АМИТ «Ховар»
Апрель 5, 2018 11:11

ДУШАНБЕ, 05.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир дар саҳифаҳои сомонаи интернетии ташкилоти «Диссернет» — dissernet.org натиҷаи экспертизаи рисолаҳои ҳимояшудаи унвонҷўён, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия соҳиби унвонҳои илмӣ шудаанд, ба чоп мерасад. Ин экспертиза, ки аз тарафи корбарони ин сайт анҷом мешавад, боиси нигаронии ҷомеаи илмии Тоҷикистон ва шўроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмии Тоҷикистон гардидааст.

Диссернет – ин чӣ гуна ташкилот аст, чӣ салоҳияти касбӣ дар ин самт дорад ва таҳлилу натиҷагирии он то куҷо воқеъбинона ва дурустанд?

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» барои дарёфти маълумоти бештар оид ба ин суолҳо ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.

Маълум гардид, ки Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи олии аттестатсионии ҶТ академик Фарҳод Раҳимӣ бо мақсади фаҳмидани мавқеи роҳбарияти КОА-и Федератсияи Русия нисбат ба ин ташкилот ба таври расмӣ муроҷиат намуда буд ва дирӯз, 4 апрели соли 2018 ҷавоби расмии ин муассиса ба АИ ҶТ расидааст.

Матни мактуби ҷавобӣ чунин аст:

Ба Комисияи аттестатсионӣ,

Президенти Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ф. Раҳимӣ

Муҳтарам Фарҳод Қодирович!

Зимни ин нома ба маълумот мерасонам, ки сомонаи dissernet.org ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (минбаъд – КОА) ягон муносибат надорад.

Мавқеи шахсоне, ки дар сомонаи номбаршуда маълумот ҷойгир менамоянд, мавқеи шахсии онҳо буда, нуқтаи назари расмии КОА нест.

КОА аризаро дар бораи маҳрум сохтан аз унвони илмӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани муроҷиати одамони мушаххас ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия баррасӣ менамояд.

Бо эҳтироми пойдор,

Саркотиби илмӣ И. М. Матскевич



Пас, «Диссернет» чӣ гуна ташкилот ва марбути кадом мақомот аст? Хабарнигорони АМИТ «Ховар» муайян намуданд, ки он ҳамчун ташкилот дар ягон мақомоти Россия расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар сомонаашон созмондиҳандагони ин сайт худро «ҷамъияти озоди маҷозӣ» («вольное сетевое сообщество») унвон кардаанд. Яъне «Диссернет»-ро моҳиятан як навъ ҷамъи ихтиёрии ашхосе номидан мумкин аст, ки довталабона ба ном «ташхиси» рисолаҳои номзадию доктории дар Россия ҳимояшударо мегузаронанд. Онҳо дар корҳои илмӣ пайваста «плагиат» (истифодаи ғайриқонунии асарҳо ё фикру андешаҳои муаллифони дигар бидуни истинод) ва истинодҳоро ба «сарчашмаҳои набуда» меҷӯянд ва пас аз он рӯйхати «плагиаторҳо» ва муассисаҳои олиеро, ки корҳои илмӣ таҳти назар ва роҳбари онҳо анҷом дода шудаанд, ба нашр мерасонанд.

Ин ҷо чанд суол пайдо мешавад ва хабарнигорони АМИТ «Ховар» кушиш намуданд ба онҳо ҷавоб пайдо намоянд.

1.Оё ҷамъе аз одамон ҳуқуқ доранд ин корро кунанд? Бале ҳуқуқ доранд, аммо дар сурате, ки натиҷагириву баҳои онҳо ба корҳои илмӣ мунсифона, воқеъбинона ва асосноку дуруст бошад, вагарна барои тӯхмат ва таҳқири беасос дар назди қонун ҷавоб медиҳанд.

2.Ба кадом мақсад ин корро мекунанд? Дар сомонаашон онҳо фаъолияти худро «барои ба тартиб даровардани хараҷу мараҷ дар самти ҳимояи рисолаҳои илмӣ» маънидод намудаанд. Вале тарҷумаи ҳоли муассисони ин сомона гувоҳӣ медиҳад, ки ҳадафҳои сиёсиву гуруҳӣ ва ҳизбӣ низ шояд ҷой дошта бошанд. «Диссернет» соли 2013 аз ҷониби донишмандони физик Андрей Ростовтсев, Андрей Заякин, биолог Михаил Гелфанд ва рӯзноманигор Сергей Пархоменко таъсис дода шудааст.

Андрей Ростовтсев, доктори илмҳои физика, профессор, аз соли 1983 то соли 2013 дар Пажӯҳишгоҳи Россия дар вазифаи мудири лаборатория кор кардааст. Барои маводҳои танқидии беасосаш дар ҳаққи роҳбарияти ин пажӯҳишгоҳ аз кор озод карда шудааст. Худи ҳамон сол якҷо бо ҳамроҳонаш «Диссернет»-ро ташкил кардааст.

Андрей Заякин, номзади илмҳои физика. Узви ҳизби «Парнас», яке аз пайравони Алексей Навалний ва яке аз ташаббускорнони митингҳои эътирозӣ дар Москва ба муқобили Ҳукумати Россия. Солҳои гуногун дар донишгоҳҳои Германия ва Италия кор кардааст. Соли 2016 аз ҷониби ҳизби «Яблоко» номзад ба вакили Думаи давлатии Россия пешниҳод гашта, вале муваффақ нашудааст. Дар яке аз нигоштаҳояш дар бораи худаш чунин гуфтааст: «Ҳокимияти шӯравӣ хешовандони маро ба қатл расонид, аҳли оилаи моро соли 1932 зимни мубориза бо бою кулакҳо бо сару пои бараҳна ба кӯча андохт. Бинобарин ман аз муқобилони ашаддии шӯравӣ ҳастам».

Михаил Гелфанд, доктори илм, профессор, солҳои гуногун дар муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла дар УДМ кор кардааст. Соли 2013 узви Шӯрои ҳамоҳангсози оппозитсяи Россия интихоб шудааст.

Сергей Пархоменко, рӯзноманигор, хатмкардаи факултети журналистикаи УДМ. Ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи «Вокруг света» кор кардааст. Раиси Хазинаи «Кумак ба маҳбусони сиёсӣ»-и Россия.

3.Оё натиҷагирии корҳои илмӣ аз ҷониби «Диссернет» метавонад боиси аз унвони илмӣ маҳрум гардидани соҳибони ин унвонҳо гардад? Дар сомонаи regulation.gov.ru. лоиҳаи қарори Ҳукумати Россия, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ин кишвар таҳия гардидааст, дарҷ шудааст. Тибқи он аз унвони илмӣ маҳрум сохтани соҳиби ин унвон танҳо ба қарори суд амалӣ хоҳад шуд. «Танҳо суд метавонад бо истифода аз меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф ва моликияти зеҳнӣ чунин қарор барорад», — гуфта шудааст дар шарҳи вазораит вобаста ба ин лоиҳа.

***

Воқеан ҳам чунин аст. Хотиррасон менамоем, ки тибқи қонунгузрии Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқукҳои вобаста ба он» асарҳои илмӣ ба номгӯи объектҳое дохил мешаванд, ки амали ин қонун нисбат ба онҳо дар назар дошта шудааст. Яъне ҷой доштан ё надоштани «плагиат», вайроншавии ҳуқуқи ин ё он муаллиф танҳо бо қарори суд дар асоси ҳамин қонун бояд сурат гирад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: