Аз истиқлолияти давлатӣ ба истиқлолияти илмӣ27-11-2017, 14:11
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Ноябрь 27, 2017 13:01 ДУШАНБЕ, 27.11.2017./АМИТ “Ховар”/. Таъсиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) воқеан як рӯйдоди фараҳбахш дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар буда, дорои аҳамияти сиёсӣ мебошад. Тайи муддати фаъолияти худ Комиссия сарфи назар тамоми мушкилоти кадрӣ ва молиявию техникӣ бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ваАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила корҳои муқаддамотӣ, ташкилию ҳуқуқиро анҷом додааст Имрӯз бо боварӣ гуфта метавон гуфт, ки Комиссия,тақрибан,тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои фаъолияти худ заруриро таҳия намудааст ваҷараёни дар дохили кишвар омода кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ оғоз гаштааст. Аз 93 дархостҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии олие, ки барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ба Комиссия ворид шудаанд, баъди омӯзишу санҷиши ҳаматарафа ва ташхиси ҷиддӣ ба таъсиси 24 шӯроҳои диссертатсионӣ иҷозат дода шудааст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе суитафоҳум, дахолатҳои ноҷо ба фаъолияти Комиссия ба мушоҳида расида, ҳатто андешаҳои хилофи таъсиси он низ садо медиҳанд. Басо шигифтовар ва мояи таассуф аст, ки иддае аз олимони куҳансолу пешкисвати кишвар ба ҷойи кумаку дастгирӣ ва ҳамкорӣ баъзан нисбат ба ин ниҳоди навтаъсис мавқеи хасмонаро ишғол мекунанд. Бояд яқинан дарк намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зинаҳои нави ислоҳоти соҳаи маорифро сипарӣ намуда, бо ин мақсад даҳҳо шартномаҳои байнидавлатӣ, санадҳои сатҳи байналмилалиро ба имзо расонида, садҳо қонуну қарорҳо, низомномаҳо ва асноди меъёрии ҳуқуқии нав қабул намудааст, ки ҳамаи он аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад. Набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст. Замоне ки империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буду понздаҳ ҷамоҳири шӯравӣ дар ҳайати як давлатбуданд, тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ ба воситаи “ВАК”–и назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мешуд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта “ВАК”– ҳои миллии худро ташкил намуданд ва иштибоҳ ҳам накарданд, ҳарчанд, ки кишвари мо ба ин раванд бо сабабҳои маълум дертар ҳамроҳ шуд. Бинобар ин, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонидомаи мантиқии давлатсозии миллӣ дар замони истиқлолият буда, ниҳоди мазкур маҳз бо ибтикор ва қотеъияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд. Ба наздикӣ дар баъзе расонаҳои хабарии кишвар ва шабакаи иттилоотии Интернет як қарори ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.09.2017, №49/1-3 оид ба «Минбаъд ҳимояи рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо, доктор аз рӯйи ихтисос, доктори фалсафа (PhD) ва доктори илмҳо, ба ғайр аз ихтисосҳои ҷанбаи этникию миллидошта, бо забони русӣ ё англисӣ ба роҳ монанд», боиси баҳсу мунозираҳои доманадор гардид. Масалан, 9 ноябри соли равон дар сомонаи “Радиои Озодӣ” таҳти унвони «Ё русӣ ё англисӣ. Дастури вазорат барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ» матлабе бо имзои Абдулло Ашӯров, ба нашр расид, 10 ноябр тавассути сомонаи АМИТ «Ховар» «Ҷавоби Вазорати маориф ва илм ба навиштаи радиои «Озодӣ» зери унвони «Ё русӣ ё англисӣ. Дастури вазорат барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ», ба нашр расид, 15 ноябр дар сомонаи «Ахбор» нашр гардидани маводе бо номи «Матни қарори ҷанҷолбарангези Вазорати маориф», ҳамон рӯз (15ноябр) дар ҳафтаномаи «Фараж» №46 (572) таҳти унвони «Забони тоҷикӣ дигар забони илм нест?» ба нашр расидаи мақолае бо имзои Холиқи Муҳаммадназар, 18-уми ноябр дар сомонаи “Радиои Озодӣ” таҳти унвони «Акбари Турсон: «Чорае ҷуз бознишастагӣ надоштам» ба нашр расидани маводи навбатие бо имзои Абдулло Ашӯров ва Акбари Турсон ва ҳамчунин дигар навиштаҳои хабарӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии кишвар ба масъалаи рушди илм ва омода кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахасуси олӣ дар Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хоса доранд ва ибрози назар мекунанд. Аммо, бисёр афсӯс, ки чунин ибрози назарҳо на ҳамеша холисонаву одилона ва ба манфиати кор мебошанд. Баъзан, нуктаҳои комилан маълуму маъмул низ боиси нофаҳмиҳо ва баҳсу мунозираҳои беҳудаву талафи вақт ва ҷалби нолозими диққати ҳамагон мегардад. Ҳол он ки ба бисёр саволҳо ва суитафоҳумҳо аз қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №505 аз 26.11.2016 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда” ҷавоби мушаххас ва пухта пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин, ҳар гуна дастуру супоришҳои ниҳодҳои дигари давлатӣ, ки хилофи талаботи ин қарор мебошанд, мантиқан ғайриқонунӣ мебошанд.Ва имрӯз ба миён овардани баъзе шакку шубҳаҳо, эродҳо,тахминҳо ва баҳсҳо дар атрофи ба кадом забон иншо кардани диссертатсиятааҷҷубовар мебошад, зеро қонунгузорӣ тавре, ки дар боло ишора гардид, ба ин савол сареҳан ҷавоб додааст. Аз тарафи дигар, ба тамоми аҳли зиё маълум аст, ки миллати безабон миллати комил нест. Таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри ҳифз намудани забони давлатӣ хеле дурандешона ва ҳадафмандона аст. Дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ забонҳои бисёр ақалиятҳои миллӣ дар маърази хатари нобудӣқарор доранд. Алҳол 40% забонҳои дунёро хатари нестшавӣ таҳдидмекунад. Агар соли 2001 тақрибан, 900 забонҳои дунёро хатари маҳвшавӣ таҳдид мекарда бошад, соли 2009 ин шумора ба 2500 расидааст. Танҳо дар кишвари Русия 131 забонрочунин сарнавишти талх интизор аст. Забони форсӣ – тоҷикӣ дар тӯли беш ҳазор сол сарфи назар аз тохтутози истилогорони аҷнабӣасолати худро дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳифз намуд. Арабҳо ҳарчанд дини исломро дар ин сарзамин ҷорӣ намуда бошад ҳам, вале забони тоҷикиро аз байн бурда натавонистанд. Дар замони ҳокимияти шӯравӣ бар асари сиёсати маъмули русгароӣ ва ҳадафмандона маҳдуд кардани забонҳои ақалиятҳои миллӣ истифодаи забони тоҷикӣ аз доираи илм, коргузории расмӣ, нишасту ҷаласаҳо маҳдудгардида, ба забони хонаводагӣ, забони деҳнишинон, забони деҳот табдил ёфта буд ва дар маърози хатари нестшавӣ қарор дошт. Беҳуда набуд, ки нахустин даъвату ҳаракатҳои замони бозсозӣ ва аввалини қадамҳои истиқлолиятхоҳии мардуми кишвар дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз мубориза барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ оғоз гашта буд. Имрӯз мояи ифтихор аст, ки бо талошҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа мақоми арзанда ва шоистаи худро пайдо намудааст. Дар кишваристифодаи дигар забонҳо низ маҳдуд нагардида, баръакс, барои ҷавонони имрӯза дар сатҳи касбӣ донистани як ё ду забони хориҷиро Пешвои муаззами миллат ҳатмӣ мешуморад.Мозиёиёни эҷодкор ва олимонро мебояд, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ ҷидду ҷаҳд намуда, талош варзем ва шароити зарурӣ муҳайё намоем. Ин вазифаи ниҳоят душвор, муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Дар асрҳои миёна мутафаккироне чунАбумуҳаммади Хуҷандӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад-ал-Хоразмӣ, Умари Хайём ва даҳҳодонишмандони дигарбо ин забонасарҳои илмӣ ва бадеӣ таълиф намуда,шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Пас, чаро мо имрӯз аз таҳқиқоти илмӣ бо ин забонҳарос дошта бошем ё худдорӣ намоем. Дар ин робита донишманди маъруфи кишвар Акбари Турсон андешаҳои худро иброз намудааст, ки аз чанд лиҳоз ба талаботи ҷомеаи имрӯза созгор ва ба манфиати ояндаи илми Тоҷикистон нест. Ба андешаи ин устоди гиромӣ, дар он хусус, ки “…таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар Тоҷикистон сатҳи илмии моро поён мебарад” Комисия ҳаргиз розӣ шуда наметавонад. Зеро арзёбии диссертатсияҳоро шӯроҳои ташхиси ибораи аз мутахассисони варзидае, ки асосан дар замони шӯравӣ ба камол расидаву дипломҳои дараҷаҳои илмии “ВАК”-и Русияро доранд, мегузаронанд. Муҳим он аст, ки дар ин раванд бояд саъй намуд, ки дар зинаҳои поён донишҷӯёни белаёқату камдониш ба зинаҳои баъдии таҳсилот – магистратура ва аспирантура роҳ наёбанд ва танҳо ҷавонони соҳибистеъдодро ба ҷодаи илм ҳидоят намоем. Аз сӯйи дигар, дар ибтидои кор набояд тарсид, зеро талаботи ҷиддии имрӯзаи бозори меҳнат ҳамаро ҷо ба ҷо гузошта, донистани якчанд забонҳои хориҷиро низ тадриҷан ба амри воқеӣ табдил хоҳад дод. Устоди гиромиқадр ҳамчунин иброз намудаанд, ки “… Тоҷикистон то як муддат аз хадамоти “ВАК”-и Русия истифода кунад…” Хуб,то кай, чанд муддати дигар? Комиссия ба ин фикр низ розӣ шуда наметавонад. Аввалан, бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз пурра аз хадамоти “ВАК”-и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия даст накашидааст ва ҳоло дар кишвар 19 шӯроҳои диссертатсионии вобаста ба“ВАК”–и Русия фаъолият доранд. Дигар ин, ки кишварҳои ҳамсоя баробари соҳибихтиёр шудан тақдири илмашонро ба даст худ гирифтанд ва ба андешаи мо бурд ҳам карданд. Устоди гиромӣ шояд аз вазъи нигаронкунандаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахасуси олӣ дар ҷумҳурӣ огоҳии комил надошта бошанд. Барои ба донишманди муҳтарам ва хонандаи гиромӣ рушан гардидани вазъияти воқеӣ овардани баъзе далелурақамҳорозарур мешуморем. Тибқи маълумоти омори расмӣдар Тоҷикистон (ниг; ҳафтаномаи “Омӯзгор” 13.10.2017) феълан, дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар 2969 номзад ва 841 доктори илм фаъолият доранд, ки 34 фоизи ҳайати умумии омӯзгоронро ташкил медиҳад. Агар соли 2015 дар 23 шӯроҳои диссертатсионӣ 353 нафар диссертатсияҳои номзадию докторӣ ҳимоя карда бошанд, соли 2016 ин рақам ба 254 нафар расида, 27 фоиз кам шудааст. Бахусус, вазъи ҳимояи диссертатсияҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ниҳоят ташвишовар аст. Дар ин самт ҳимояи рисолаҳои номзадӣ соли 2016 назар ба соли 2015 46 фоиз ва рисолаҳои докторӣ бошад, тақрибан 30 фоиз кам шудааст. Баъзе шӯроҳои диссертатсионии “ВАК”-и Русия ниҳоят каммаҳсул буда, зарурат банигоҳ доштани онҳонамондааст. Чунончи, дар шӯрои диссертатсионии Д. 999.096.02. – илмҳои биологии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамагӣ як рисолаи номзадӣ дар соли 2016 ва як рисолаи докторӣ дар соли2017 ҳимоя шудаасту халос.Нигаронкунанда будани ҳолати ба кадрҳои илмӣ таъмин будани кишварамонро дар қиёс бо дигар давлатҳо ба вазоҳат маълум мешавад: алҳол ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар Исроил 14,5, дар Япония 9,9, Амрико 8,6, Русия 7,5, Қирғизистон 0,8 ва Тоҷикистон бошад 0,6 нафар корманди илмӣ рост меояд. Ин ҳолат андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо дорад.Чунин ҳолати ташвишовари омодасозии кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахасуси олӣ 21.10.2017 дар ҷаласаи кории назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳтарам Раҳмонзода А.А. бо масъулини соҳа мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор низ қабул гардида буд. Ҳамчунин донишманди муҳтарам Акбари Турсон иброз медорад, ки “… масъулияти арзёбии илмҳои табиатшиносӣ ва боқимонда фанҳоро бар уҳдаи …”ВАК”-и Русия гузошта…” “… айни замон барои илми мо як назорат аз берун бисёр зарур аст”- гӯёнтаъкид мекунад. Устоди муҳтарам Акбари Турсон, бояд бидонанд, ки муносибати “ВАК” – и Русия дар амри аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ омӯзгорӣ дар замони шӯравӣ, ки он вақт бо Русия дар ҳайатияк давлати абарқудрат будем, дигар буду имрӯз тамоман дигаргуна аст. Сарвазири Федератсияи Русия Д.А. Медведев соли 2016 аз он изҳори норизогӣ кард, ки соли 2015дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя шудааст. Биёед андеша кунем, охир ташхису баҳодиҳии ҳамин 80 диссертатсияро магар “ВАК”-и Русия накарда буд?! Мутаассифона,то ҷое, ки мо медонем дар дар байни ин 80 нафар на ҳама сазовор ва лоиқи дарёфти дипломидараҷаи илмии номзад ё доктори илм буданд. Бояд фаромуш накунем, ки ҳамин “ҳоло барвақт”-ҳо, “назорат аз берун”-ҳо, “саводамон намерасад”-ҳо буд, ки мо, тоҷикон, бисёр чизҳоро аз даст додем. Аз донишманди азизамон даъват ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба мо ҳамкорӣ намояд, маслиҳату машваратӣ худро надоранд, зеро алҳол Комиссия ба ҳамкории олимони пуртаҷриба ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ аст ва ҳар шахсе ҳуқуқ дорад, фикру муҳолизаи худро сари ин ё он масъаламатраҳ кунад. Аммо, вақте сухан дар бораи илм ва маориф меравад, хеле бояд эҳтиёткор буд,зеро илму маориф нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Бинобар ин, зиёиён ва олимони моро мебояд, ки акнун на дар андешаи ба уҳдаи “ВАК”-и Русиявогузор кардани аттестатсияи кадрҳои илмӣ, илмӣ – омӯзгории тахасуси олии тоҷикон, балки дар пайи пешбурди илми кишвар ва тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ бошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати аттестатсияи кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахассуси олиро бар зиммаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудааст. Хушбахтона, Комиссия аз муҳити илмии кишвар, бурду бохти он бохабар буда, барои босифат омода гаштани кадрҳои илмӣ, илмӣ–омӯзгорӣ муваззаф буда, манфиати миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад Абдулҳаким РОЗИҚЗОДА, Раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.