Вазорати маориф ва илм: Ташкил намудани намоишгоҳ аз тарафи Ташкилоти «Мултикид» ғайриқонунӣ буд6-04-2017, 08:42
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази таълимии «Мултикид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 апрел намоишгоҳи таҳсил дар хориҷаро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, ки он аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷилавгирӣ ва баргузории он манъ карда шуд. Барои манъ намудани намоишгоҳ Манзура Ҷӯраева, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии Маркази таълимии «Мултикид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро айбдор намуд. Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» бо Эҳсони Хушбахт, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хамсуҳбат гардид. Тавре Э.Хушбахт иттилоъ дод, «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эътирози Манзура Ҷӯраева, ки дар шабакаи иҷтимоӣ нашр шудааст, иттилоъ медиҳад, ки тибқи таҳлилҳо имрӯзҳо дар самти тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва дар ин замина, барои фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ба хориҷи кишвар, баъзе аз муассисаву ташкилотҳо ғайриқонунӣ, бе иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти мақомоти дахлдор амал мекунанд ва ё бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд. Ба қатори ин гуна муассисаҳо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази таълимии «Мултикид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешавад». Эҳсони Хушбахт инчунин иброз намуд, ки «ташкилоти номбурда, новобаста аз он ки аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф огоҳонида шудааст, хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан моддаи 33 ва 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» амал намуда, барои ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар саъю талош дошта, дар ин самт бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Бояд зикр намоем, ки чунин ҷамъияту марказҳо бе мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти дахлдор наметавонанд бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дар ин самт ҳамкории байналмилалӣ ба роҳ монанд». мулбтикид-В.МаорифБа гуфти Э.Хушбахт, «фаъолияти ташкилоти «Мултикид» дар самти фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар хориҷи кишвар ва вобаста ба он ташкил намудани намоишгоҳ ғайриқонунӣ буда, ин амал сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт сарфи назар мекунад. Пас, суоле ба миён меояд, ки оё ташкилоте, ки ягон намуди иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолият надорад, метавонад барои баргузории намоишгоҳ ва ё фиристодани донишҷўён ба хориҷи кишвар саҳм бигирад?». Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории амалкунанда раванди таълимро дар дохил ва хориҷи кишвар мақоми ваколатдори давлатӣ назорат менамояд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи тиб Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соҳаи фарҳанг Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи кишоварзӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва монанди инҳо. Аз ин рӯ, ҳуқуқи фиристодани донишҷӯёнро ба хориҷи кишвар танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ доранд. Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки бо мақсади зери назорат қарор додани раванди таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис дода шудааст ва таҳсили шаҳрвандони кишвар дар хориҷи кишвар тавассути ин марказ ба роҳ монда мешавад. Инчунин бо мақсади интихоби ҷавонони лаёқатманд ва таъмини шаффофияти қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст. «Айни замон дар хориҷи кишвар ҳазорҳо донишҷӯёни тоҷик дар 30 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд, ки онҳо тавассути маркази мазкур ва стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои таҳсил фиристода шудаанд. Дар ин ин самт Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар ҳаматарафа тадбирҳо меандешад ва дар доираи созишномаҳои баимзорасидаи байниҳукуматӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар чораҷӯӣ менамояд. Дар доираи ин созишномаҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар бештар аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ фиристода мешаванд. Ба ибораи дигар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мушкилоти тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар мустақиман ҳал намояд ва дар ин самт ба фаъолияти чунин муассисаву ташкилотҳо, аз ҷумла «Мултикид» эҳтиёҷ надорад»- баён дошт ҳамсуҳбат. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.