
6 – уми апрели соли 2018 бо мақсади иҷрои банди 14 – уми супориши протоколии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз 12 марти соли 2018 ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар толори илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар зери мавзӯи “Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир:арзёбии вазъияти ҷаҳон ва мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд.
Зимни баргузории мизи мудаввар муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Мирзоев Носирҷон, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Маҳмуродзода Муҳаррам, номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода – Ишонов Абдуғаффор, муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ – Қобилов Муҳаббатшо, номзади илмҳои таърих,дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода – Икромов Ғайбулло, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар рафти баргузории чорабинӣ намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ ва рӯзноманигорон аз нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” фаъолона иштирок намуданд.
Аз рӯи барномаи мизи мудаввар мавзуъҳои зерин: “Густариши робитаҳо ва шинохти фарҳангу адаби миллӣ дар замони истиқлолият” (маърӯзачӣ – Ишонов Абдуғаффор), “Манфиатҳои геопалитикии Тоҷикистон ва таъсири тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба он” (маърӯзачӣ– Қобилов Муҳаббатшо) ва “Роҳандозии дипломатияи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об” (маърӯзачӣ– Икромов Ғайбулло) шунида шуд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар оид ба мавзуъҳои матраҳ гардида, миёни аҳли нишаст ва маърузачиён баҳсу мунозираҳои судманд, доир гардид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе