
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир гардида истодааст.
Бахшида ба ин санаи муҳим, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, мизи мудаввар дар ташкилоти ибтидоии «Дилсӯз»-и Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, бахшида ба таҷлили рӯзи забони Модарӣ, зери унвонии «Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳангӣ миллист» баргузор намуд.
Чорабиниро сарвари муассиса, раиси ташкилоти ибтидоии «Дилсӯз» Мавлуда Саидахмедовна оғоз карда, аз зарурати забони миллӣ-давлатӣ дар идоракунии мамлакат ибрози ақида намуда, ба пост ва нигаҳдории забони модарӣ даъват менамоянд. Дар радифи ин, Шукуров М, омӯзгори литсей, ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, маърӯза зери унвонии «Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳангӣ миллист» ба иштирокчиён баён медорад. Дар хотимаи мизи мудаввар бо ибтикори хонандагон ва дастаҳои ҳунарии литсей чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардад. Ҳамчунин, дар қисмати фарҳангии мизи мудаввар базми шеърхонӣ дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон доир гардида, дар хотимаи он ба ғолибони озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
©hamsafon.tj