
Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи чорабиниҳои худ вобаста ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дирӯз дар толори Кумиҷроияи вилоятии ҳизб дар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он» мизи мудаввар баргузор намуданд. Дар мизи мудаввар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорону коршиносон, уламои дин ва хадамоти муҳоҷират иштирок карданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандўстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ, сафарбар намудани қувваи созандаи онҳо ба корҳои хайри ҷамъиятӣ ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба рўҳияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад.