КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанб12-10-2017, 09:32
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 10 октябри соли равон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид. Дар кори маҷлис Муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Саидмуминзода Аббос, мудири шуъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Қурбонмамадова Қ., ректорони Донишкадаҳо, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Сино – Рауфӣ Абдуғаффор, аъзоёни Кумитаи иҷроия ва раисони баъзе Кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Заррина Файзуллозода, маҷлисро ифтитоҳ намуд ва ҳозиринро ба рӯзномаи ҷамомад ошно намуд. Дар рафти баргузории Маҷлис ҳар як масъала мавриди муҳокимаи аъзоёни Кумитаи иҷроия қарор гирифт ва бо пешниҳоду таклифҳо аз рӯи ҳар як масъала дар алоҳидаги қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳамзамон мутобиқи Қарори маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Конференсияи XXXVI ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 13-уми октябри соли 2017 соати 16:00 даъват ба меъёри намояндагии вакилон ба Конференсия як вакил аз 86 нафар аъзои ҳизб муайян карда шуд. Мутахасси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷ. Нарзиқулов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.