Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “ҲАДАФИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИДОЯТГАРИ БА СӮИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН”

“ҲАДАФИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИДОЯТГАРИ БА СӮИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН”

13-02-2018, 15:11
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
“ҲАДАФИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  - ҲИДОЯТГАРИ БА СӮИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИН”
12 феврали соли 2018 дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” зери мавзӯи “Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳидоятгари ба сӯи ҷомеаи мутамаддин” соати сиёсӣ доир гардид.
Зимни баргузории соати сиёсӣ муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Маҳмуродзода Муҳаррам, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Камолов Тавакал, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино – Носирзода Муқаддас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Рамазонов Эраҷ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистони ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Носирзода Муқаддас дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” дар давоми соли 2017 андешаронӣ намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар ин давра Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ва дар доираи талаботҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб роҳандозӣ намуд.
Ҳамчунин мавсуф зимни суханронии хеш дар бораи риояи бечунучарои талаботҳои Оиннома, Барнома ва Низомномаҳои ҲХДТ, нигарони аз таълиму тарбияи фарзандон, пурзур намудани кор дар самти пешгирии наварасону ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, шомил будани онҳо ба ҳаргуна равияву гурӯҳҳои номатлуб ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеа ва ҳизб андешарониҳо кард.
Дар фарҷом аз ҳамагон даъват карда шуд, ки беш аз пештар дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва баҳри ободии ҳар як гӯшаи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош намоем.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: